Ҷавонӣ давраи шукуфоии умр, аёми азхудкунии донишу малака, ҳунару ҳунармандӣ маҳсуб шуда, ба шарофти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ба ин қишри ояндасози миллат таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад. Эълон гардидани соли 2017 – Соли ҷавонон, арзӣ ҳастӣ намудани чандин ҷоизаҳои давлатӣ барои ҷавонон далолати гуфтаҳои болиянд.

Ба ифтихори 25 – солагии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва 30 - солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи моҳвораи ҷавонон дар асоси нақша – чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд шоми гузашта дар боғи фароғатию фарҳангии ба номи Камоли Хуҷандӣ дастаи ҳаваскорони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо шеъру таронаҳои саршор аз Ватану ватандӯстӣ ва рақси милливу аврупоӣ хотири аҳли нишастро шод намуданд.  

Аз чеҳраҳои сокинони шаҳр ва меҳмонон аён буд, ки онҳо бо хушнудии том ин шоми пурфараҳро интизор буданд ва ба маҳорати суханварӣ, сарояндагҳ ва раққосагии донишҷӯён баҳои баланд доданд.