Наздик ба 32 сол аст, ки Тоҷикистон фазои мустақилиятро ба худ касб намуда, роҳу равишро интихоб намуд, ки танҳо ба пеш қадам задану муввафақу комёб гаштан мароми ҳар яки мост. Албатта дар ин роҳи интихоб кардааш хушбахтона то кунун устуворона ба пеш меравад, мардумонашро аз ҳама гуна хатару тахдидҳои замони нав эмин медорад. Мо ҳама хеле хуб медонем, ки дар ҳар давру замон арзи ҳастӣ кардани мухолифин, агар барои манфиати халқ бошад, қабул аст. Аммо агар бар зиди халқ кор кунанд, нобахшиданист.  Аллакай хурду бузург медонанд, ки дар ҳар пешравии Тоҷикистон саҳми Сарвари давлат хеле калон аст.  Ба ин хотир, ки мо бо якдиливу якзабонӣ теша ба решаи онҳое  занем, ки ин ҳама дастовардҳоро нодида мегиранд.

Бояд гуфт, ки ҳар яки мо барои фардои дурахшони фарзандамон аз имрӯз андеша намуда, замина гузорем, ки фардо миллати мо тӯъмаи нохалафон нагардад. Ба хотире, ки заифтарин ҳолат дар зиндагии мо метавонад, хашмеро барои амалӣ гаштани ҳадафҳои душманон боқӣ мегузорад.

Истиқлолият барои мардуми шарафманди Тоҷикистон хеле дастоварди бузургӣ таърихист. Ба қадри Истиқлолият расидану тавсеа бахшидан ба рушду нумӯи кишвар, қарзи ҳар як ҷавонмарди баору номус аст, зеро ҳифзи мустақилӣ, ҳифзи ҳаёти мардумони Тоҷикистон буда, бетарафӣ нисбати ин арзиши олӣ басо бадбахтист.

Пас ҳамватанони азиз, ҳар кадоми мо баъди ба даст овардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ нав хушбахтӣ ва озодиро дарк кардем ва ҳоло ба он бесарусомониҳое, ки дар қарни гузашта домангирӣ мо гашта буд, ҳанӯз зи хотирҳо зудуда нагаштааст. Зиндагонии хушу хуррам лоиқи ҳар тоҷику Тоҷикистонист, пас моро мебояд дар пайравии ақидаҳои созанда ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат-Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастҷамъонаву якдилона, миллати тоҷикро дар арсаи байналмиллал чун миллати тоҷбарсар муаррифӣ кунем. Зеро ҳифзи ному нишони миллат-ҳифзи зиндагонии баорому шоиста аст.

Алия Раҳимова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд