Он миллате саодатманд ва пирӯз аст, ки сарвараш оқилу хирадманд ва тӯдакашу соҳибфазилат  бошад. Хушбахтона,  миллати тоҷик дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин хислати олиҳиматӣ ва накӯпешагиро мебинанд.

Пешвои миллат дар сиёсати давлатии худ ободкориву созандагиро дар мадди аввал гузоштаанд. Маҳз ҳамин таваҷҷӯҳ ва диду назари хосса аст, ки имрӯз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ рӯ ба ободиву созандагӣ нигаронида шудаанд. Таҳти роҳнамоӣ ва сиёсати маънавибунёди Роҳбари давлат дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар беш аз 1000 муассисаҳои соҳаи маориф, наздики 500 иншоотҳои соҳаи тандуристиву фарҳангӣ бунёд гардида, сатҳи илму маърифат боло рафта, сокинони тарғиби ҳаёти солимро пешаи худ намуданд. Дар як муддати кӯтоҳ дар марказҳои шаҳру навоҳии Хуҷанд, Паҷакент Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Айнӣ ва Ашт бунёд шудани Қасри боҳашамати фарҳанг далолат бар он медиҳад, ки роҳбари  фарҳангпарастамон моро ба дӯст доштани тамаддуни худ талқин мекунанд.

Бесабаб нест, ки баргузории ин ё он ҷашни милливу таърихӣ дар ин ё он минтақа баргузор мегардад. Бо ин васила ҳамон гӯшаи диёр ободу мардумонаш дилшод мегарданд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Данғара, Истаравшан, Ҳуҷанд, Панҷакент, Ҳисор, Турсунзода, Кӯлоб, Хоруғ макони баргузории тантанаву ҳамоишҳои гуногун гардидаанд.

Арзи ҳастӣ кардани садҳо корхонаҳо, аз кишвари агросаноатӣ ба кишвари саноативу аграрӣ гузаштани кишвар, расидан ба се ҳадафи стратегӣ худ далолати онро дорад, ки мо дар азми худ қатъием.

Яке аз хислатҳои олии роҳбари хирадманди тоҷикон ин зебоипарастӣ ва талқини ин накӯхислат дар тинати шаҳрвандон аст. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар наздики 35 ҳазор боғу токзори нав бунёд гардида, дашту даман куҳу пуштаҳо сабзкориву ба боғоти сабзу хуррам табдил гардиданд. Имрӯз дар кишвар бинобари ислоҳоти хуби соҳаи кишоварзӣ содироти меваи хушк ба 100 хазор тонна расида, парвариши меваҳои ситрусӣ вусъати тоза касб менамояд. Гузашта аз ин бо пешниҳоди Сарвари давлат кучаву хиёбонҳои марказҳои шаҳру навоҳӣ ба гулгаштҳо табдил ёфтаанд. Боғҳои ба номи Садриддин Айнӣ, Камоли Хучандӣ, Сайфи Исфарангӣ азнавсозӣ шуда, макони ободу истироҳати шаҳрвандон табдил ёфтааст. 

Махсусан шаҳри тозаҷавони Душанб ғарқи гулу сабзкорист. Ин ҷо дар фасли баҳору тобистон ҳазорон намуди гулу гулбутаҳҳои сабзоғӯшро дидан мумкин аст. Ҳар он кас, ки имрӯз аз пойтахти кишвари мо дидан мекунанд, ба худ ҳаловати хосро эҳсос мекунанд.

Махсусан ибтикори Сарвари давлат дар мавриди эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои боз ҳам ободу зебо гардидани диёри офтобию зебои кишварамон таккои ҷиддие ҳоҳад бахшид. Имрӯз осоишгоҳҳо, мавзеҳои таърихӣ бо тарҳи  ҷадид азнавсозӣ мешаванд. Дастуру созандаи Сарвари давлат дар мулоқот бо зиёиёни кишвар бобати эҳтиром гузоштан ба фарҳангу тамаддуни қадимаи тоҷикон дубора барои эҳёни мавзеҳои таърихӣ асос шуданд.

Мо бо чунин абармарди покизаназар ва шахсияти баркамол ифтихор дорем.

Насимова Манижа, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд