Ба ҳамагон маълум аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конгреси 10-уми Созмони миллали муттаҳид 14 апрели соли 2000 баромад карда гуфта буданд: “Терроризм яке аз зуҳуроти асосии ҷинояткории муташакилона аст. Ҳоло, ки Тоҷикистон  ба истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ комёб шудааст ва бо роҳи эъмори давлати демократии дорои иқтисоди бозоргонӣ пеш меравад, амалиёти террористӣ содир намудани қувваҳои муайяни душман ба сулҳу оромми ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, ки ин ҷараёни бонизоми ислоҳотро халалдор месозад”.

Ҷоиз ба зикр аст, ки гуфтаҳои Пешвои миллат то имрўз ҳам аҳамияти худро гум накардааст. Ва беш аз пеш моҳияти асосии худро дарёфта истодааст. Ҳодисаи нангине, ки 4 сентябри соли  2015 дар шаҳри Душанбе ва Ваҳдат рўй дод, шаҳодат медиҳад, ки душманони сиёсӣ намехоҳанд, ки Тоҷикистон бо роҳи демократию дунявӣ инкишоф ёбад.  Пайравони собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода хостанд, ки сулҳу оромӣ ва амнияти Тоҷикистонро вайрон карда, ба пешрафти давлат ва миллат зарба зананд.

Ин амалҳои “Ҳоҷи Ҳалим” ва муридҳои ў, ки боиси марги шаҳрвандони бегуноҳ гардид, нишон дод, ки душманони давлат ва сохтори сиёсии Тоҷикистон мехоҳанд нооромиро ба вуҷуд оваранд. Ба назари мо ғараз аз чунин амалиёт ноором сохтани авзои ҷамъиятию сиёсӣ ва халалдор гардонидани ҷараёни ислоҳот аст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боварӣ карда ба Абдуҳалим Назарзода чунин вазифаи масъулро супорид. Лекин ў аз мансабаш истифода бурда, хост, ки  дар арафаи ҷашни истиқлолият ба ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷик зарба занад. Ин ҳодиса нишон дод, ки таъмини амнияти Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо яке аз масъалаҳои мубрами замони муосир қарор гирифта буд.

Ҳамин тариқ бобати мусоҳибаи Кабирии бесавод бо хабарнигорони «Тасмим » ва даъвои «қудато»- Абдуҳалим Назарзода, гуфтаниам, ки ин нобакорону нохалафон боз паи ҳамон мутаҳҳамкунии пеш ҳастанд ва чун ҳарвақта аз нотавонии хеш гуноҳҳоро сари мақомотҳои давлатӣ ва кормандони ниҳодҳои давлатӣ бор карда истодаанд. «Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода» яке аз он «сарсупурдагонест», ки манфиатҳои вазифа, давлат ва миллати хешро паст зад ва фармонбардору муттакои роҳбарияти ТЭТ ҲНИ, Кабирӣ ва хоҷагони хориҷӣ гашт. Пас чӣ ин қадар воҳимаю муболиғот, ки гӯиё бошахсиятон боиси тарси Эмомалӣ Раҳмон мегардад. Агар бошахсиятиатон ҳамин бошад аз нафрату бешахсиятиатон Худо аавал худатонро нигоҳ дорад.  Кабирӣ дар баёнияи худ иброз доштааст, ки «Раиси ҲНИТ ҳамчунин изҳор кард барои Раҳмон меъёрҳои қонун ва ахлоқ арзише надоранд ва бештари тасмимоти ӯ бастагӣ ба тарсаш аз зуҳури шахсиятҳост.» вале дар ҳамин маврид ба Кабирӣ гуфтаниам, ки агар донӣ сухан гӯй, то ибрат бигиранд ва агарчи надонистӣ пас хомӯш ист, то ба қадре инсонат шуморанду марҳаматат кунанд.

Хосса ин изҳоротеро, ки аз ҷониби Раиси ТЭТ ҲНИ ба мо расидааст, ҳатто гӯшношунид аст, зеро имрӯз мардуми бофарҳангу бомаърифати тоҷик медонад, кик адом роҳ росту кадомаш килеб дорад. Дигар ягон ҳоҷат ба тавзеҳот ва хуннолидани наҳзатиҳо нест, чун ҳама медонад, ки тарафдорони ин аҳзоб ба чи кор машғуланд ва ҳадафҳои нопокашон дар кадом ҷанба пешбинӣ гардидааст.

 

 

Неъматуллоев Азамат,

ассистенти кафедра А ва ИН ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд