Сухане чанд оид ба дастоварҳои кафедраи меъморӣ

Ҳанӯз соли 2004 бо ибтикори собиқ Раиси вилояти Суғд, Қосимов Қ.Р., дар филиали Хуҷандии ДТТ ба номи ак. М.С.Осимӣ таълими ихтисоси меъморӣ, бо ташкили кафедраи «Меъморӣ ва графикаи муҳандисӣ» оғоз гардидааст. Поягузори ин самт номзади меъморӣ, рӯҳашон шод бод Ҳакимов Ҳамид (1932-2011) вобаста мебошад.

Баъдан ихтисоси меъморӣ дар ҳайъати кафедраҳои сохтмон (2012-2016), дизайн ва меъморӣ (2016-2021) ва мустақил аз соли 2022 инҷониб амал карда истодааст. Тӯли солҳои фаъолияти худ кафедра дар тарбияи лоиҳакашони биноҳои шаҳрвандӣ ва муҳити шаҳрсозӣ саҳими бориз гузошта, беш аз 300 нафар меъморон-дастпарварони кафедра дар истеҳсолот бомуваффақият фаъолият намуда истодаанд.

Аз ҷумла, Бобоҷонов Шаҳриёр (сармеъмори ноҳияи Б.Ғафуров), Амонов Муқим (сармеъмори ноҳияи Мастчоҳ), Нодиров Феҳраст (сармеъмори шаҳри Бӯстон), Сангинов Мақсудҷон (мушовири раиси вилоят оид ба масъалаҳои сохтмон ва меъморӣ), Ҳикматов Абдураҳим (сармеъмори шаҳри Хуҷанд), Набиев Валиҷон (сармеъмори ноҳияи Ғончӣ), Раҳимова Дилноза (сармеъмори ноҳияи Шаҳристон), Бобоева Нодира (Директори ҶДММ «Бунёдгари Суғдзамин», Қозиев Муҳаммадносир-сармеъмори ҳамин муассиса, берун аз қаламрави вилоят Маҳмудов Мирзодаврон (сармеъмори ҶДММ «Сомон», ш. Душанбе), Ҳайдаров Умар (сармеъмори ҶС «Афшин», ш. Бохтар) ва даҳҳо нафари дигарро метавон ном бурд, ки дар муаллифӣ ва татбиқи лоиҳаҳои созандагию ободкории ҳар гӯшаи Ватан саҳми худро гузошта истодаанд.

Пас мо устодон чаро ифтихор аз дастпарварони худ накунем? Бо мақсади дар сатҳи байналмиллалӣ омода сохтани меъморони ба талаботи лоиҳакашии рақамӣ рақобатпазир бо донишгоҳҳо ва донишкадаҳои хориҷи кишвар (Самарқанд, Тошкент, Бишкек, Москва ва монанди онҳо) ва ҷумҳуриявӣ алоқаи зич дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ-меъморӣ,  гузаронидани конфронсҳои илмӣ дар мавзӯҳои рузмарра ва ҳамҷоя навиштани монографияҳои илмӣ ҷараён дорад.

Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани машғулиятҳои назариявию амалии меъморӣ солҳои охир таҳия намудани адабиётҳои таълимӣ бо забони давлатӣ анъана гардидааст. Ин иқдом албатта дар сатҳу сифати савияи касбии хатмкунандагони ихтисоси меъморӣ хело мусоидат менамояд.

Юсуфов Ф.Ғ., устоди кафедраи меъморӣ,  аъзои Иттифоқи меъморони собиқ ИҶШС, Ҷумҳурии Тоҷтикистон