Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нақшаи дурбинонаи рушди миллат буда, мақсади асосии он баланд бардоштани саҳти зиндагии аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Бо ин мақсад дар стратегияи мазкур чор самти рушд муайян карда шудааст: ба онҳо таъмини амнияти энергетикӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои самарабахш истифода бурдани нерӯи барқ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, вусъатдиҳии шущли пурмаҳсул дохил мешаванд. Стратегияи миллии рушд аз шаш боб иборат буда, ҳар як боб ҳадафҳои муайяни худро дорад. Масъалаи рушди илм ва маориф дар боби чаҳорум дида баромада шудааст. Боби мазкур «Рушди сармояи инсонӣ» ном дошта дар он масъалаҳои рушди илм, маориф, фарҳанг, ҳифзи иқтимоӣ, муҳиҳи зист ва солимӣ дида баромада шудаанд. Дар таъмини рушди сармояи инсонӣ пеш аз ҳама масъалаҳои ислоҳоти низоми маориф ва илм, таъмини солимии аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, таҳкими арзишҳои фарҳангӣ, баланд бардоштани сифати зиндагӣ, ба инобат гирифта шудаанд.

Яке аз шартҳои муҳим дар пешрафти илм ва маориф ин ташаккули салоҳиятҳои устувор ва пешниҳоди навовариҳо мебошад. Ғайр аз ин баланд бардоштани сифати таҳсилот ва самаранокии корҳои илмӣ низ ба шартҳои таъминкунандаи рушди илм ва маориф дохил мешаванд. Дурнамои рушди низоми маориф дар асоси принсипҳо ва талаботҳои муайян асос ёфтааст. Пеш аз ҳама ба онҳо ҷавобгӯ будани ҳамаи сатҳҳои таҳсилот ба стандартҳои сифат дохил мешавад. Ҳамчунин дар самти таҳсилот бояд раванди ташаккул додани дониш, салоҳиятҳо, малакаҳо, тафаккури инноватсионӣ, тарбияи хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ таъмин карда шавад. Сатҳ ва сифати таҳсилот бояд ба омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ ва рақобатпазир мусоидат намояд. Бояд алоқамандии корҳои илмию тадқиқотӣ ва иқтидори инноватсионӣ бо истеҳсолот таъмин карда шавад. Бо мақсади иҷроиши талаботҳои мазкур дар консепсия заминаҳои институсионалии амалигардонии онҳо оварда шудаанд. Ба ин заминаҳо пеш аз ҳама ташкили муассисаҳо ва марказҳои гуногуни таълимӣ дар самти такмил ва ташаккули дониш, эъҷодиёт ва малакаҳои кӯдакон, наврасон ва ҷавонон дохил мешаванд. Ҳамчунин ба ин заминаҳо ташкили низоми таҳсилоти фарогир ва кластерҳои илмию таълимӣ ва истеҳсолӣ дохил мешаванд. Бевосита масъалаи дастгирии наврасон ва ҷавонони лаёқатманд ва хонаводаҳои камбизоат дар самти ҳавасмандгардонии таҳсилоти кӯдакон низ ба инобат гирифта шудааст.  

Барои амалӣ намудани ҳадафҳои дар Стратегия муайянгардида бояд пеш аз ҳама муаммоҳое, ки дар соҳаи илм ва маориф ба мушоҳида мерасанд ҳалли худро ёбанд. Ба муаммоҳои мазкур пеш аз ҳама маҳдудияти имкониятҳо барои дар сатҳи лозима амалӣ намудани мақсадҳои гузошташуда ва маҳдудиятҳо дар ҷалби наврасон ба таҳсилоти минбаъда бахусус дар синфҳои болоӣ ва духтарони деҳот  дохил мешаванд. Махсусан дар масъалаи норасогии кадрӣ мушкилоти зиёд дида мешавад. Ҳоло теъдоди устодони собиқадор, ки таҷрибаи кории калон доранд кам гардида бо ин дар омода намудани кадрҳои баландихтисос монеаҳо пайдо шуда истодааст. Аз ин лиҳоз бояд барои нигоҳ доштани кадрҳои пуртаҷриба дар муассисаҳои таълимӣ ҷораҷӯиҳои мушаххас андешида шавад. Ҳамасола Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалии Раҳмон дар пайёмҳои худ муҳимияти дастгирии соҳаи маориф ва пешбурди илмро қайд менамоянд. Махсусан дар ин баромадҳо ба масъалаи омода намудани мутахассисони лаёқатманд эътибори ҷиддӣ дода мешавад.

Бо баробари муайян намудани муаммоҳои мавҷуда дар самти рушди соҳаи маориф ва илм дар Стратегия тадбирҳои мушаххас оид ба бартараф намудани онҳо пешниҳод гардидаанд. Тадбирҳои мазкур дар шаш самт, бевосита дар самти таъмини баробарӣ ва дастрасии таҳсилот, дар соҳаи таҳсилоти умумӣ, касбӣ ва олӣ, дар самти афзун намудани устувории молиявӣ ва самаранокии соҳаи маориф, дар самти рушди марказҳои миллии корҳои илмию тадқиқотӣ, дар самти таҳкимдиҳӣ ва татбиқи самарабахши нерӯи илмии кишвар амалӣ карда мешаванд.

Ба самти якум - таъмини баробарӣ ва дастрасии таҳсилот, пеш аз ҳама тадбирҳо оид ба сохтмон ва барқароркунии босифати муассисаҳои таълимии давлатӣ, таҷҳизонидани технологии раванди таҳсил, ҳавасмандгардонӣ дар самти рушди низоми фарогир ва имкониятҳои ҳифзи иҷтимоӣ, ташкили раванди баланд бардоштани тахассуснокии устодон ва коргарони соҳаи маориф, дохил мешаванд. Тадбирҳое, ки дар самти дуюм яъне дар соҳаи таҳсилоти касбӣ ва олӣ андешида шудаанд бевосита ба масъалаҳои баланд бардоштани тахассуснокии устодон ва усулҳои таълим, ҳамоҳангсозии стандартҳои таълимӣ ва касбӣ бо талаботҳои иқтисоди муосир, бунёди потенсиали баланди илмӣ, таъмини дастрасии маъюбон ба таҳсилоти касбӣ ва ҳамгироии байналмилалии таҳсилоти касбӣ бахшида шудаанд.  Дар самти афзун намудани устувории молиявӣ ва самаранокии соҳаи маориф чораҷӯиҳои зерин ба монанди вусъат додани шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи маориф, таъмини ҳавасмандгардонии сармоягузориҳо дар таҳсилот, баланд бардоштани самаранокии барномаҳои рушди таҳсилот, ва таъмини шаффофияти фаъолияти молиявию хоҷагидории муассисаҳои таълимӣ, ба нақша гирифта шудаанд. Бо мақсади баланд бардоштани нерӯи илмӣ ва вусъат додани корҳои илмию тадқиқотӣ тадбирҳои зерин ба нақша гирифта шуданд: пеш аз ҳама якҷоясозӣ ва ҳамоҳангсозии сохторҳои мавҷудаи соҳаи илм ва маориф, таъмини рушди инфрасохтори инноватсионӣ, вусъат додани ҳамкориҳои байналмиллалӣ дар самти илм ва маориф, тиҷоратикунонии фаъолияти илмию тадқиқотӣ, ташаккули тадқиқотҳои заминавӣ ва мутамарказонидани нерӯи илмӣ, ҷалби мутахассисони ҷавон ба илм ва дастггирии олимони собиқадор. Ҳамаи тадбирҳои дар Стратегия пешниҳодшуда барои пешрафти соҳаи маориф ва илм хеле саривақта ва муҳим буда, бо баробари амалӣ намудани тадбирҳои мазкур муаммоҳои зиёде, ки дар раванди таълим ва пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ дида мешаванд, бартараф карда хоҳанд шуд.

Хулоса Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти илм ва маориф тамоми масъалаҳо ва муаммоҳои дар ин соҳаҳо ҷойдоштаро дар бар гирифта, дар назди муассисаҳо ва ташкилотҳои таълимию илмӣ ва мақомотҳои дахлдор ҳадафҳои стратегӣ ва саривақта гузоштааст. Бо баробари амалӣ намудани ҳадафҳои дар Стратегия муқараргардида сатҳ ва сифати таълим ва тарбияи насли наврас ва ҷавонон беҳтар гардида, барои пешрафти илм, техника ва технологияҳои муосир шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Ахмедова М.М., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд