Ҳодисаҳои охири ҳамсоякишвари мо Афғонистон, ки дар сархати расонаҳои иттилоотӣ қарор дорад, касеро бетараф гузошта наметавонад. Ишқоли пайи ҳами минтақаҳои гуногуни ин кишвар аз сӯи ҳаракати террористии “Толибон”, ки бидуни ҳеҷ як муқовимати низомиёни ҳукумати анҷом ёфт, нишон дод, ки ин амали тарҳрезишуда аз ҷониби баъзе абарқудратҳост. Баъзе аз роҳбарони ин кишвар низ ба чунин нақшаҳо шарик буда, хиёнати онҳо дар назди халқ нобахшиданист.

Бархе аз кишварҳои абарқудрат, ки то дирӯз гӯё дастгиру пуштибони мардуми афғон буданд, мавқеи худро хеле ба зуддӣ иваз карданд ва аз террористони ғосибон ҳимоят намуданд. Дар ин миён халқ бечора монд. Онҳое, ки ғурбатро аз зулму ситами Толибон беҳтар донистанд, аз кишвар фирор карданд (як қисми хеле ками аҳолӣ). Онҳое, ки дар Ватананд, ҷуз таҳаммулу сабр дигар чорае надоранд.

Дар Афғонистон вазъият даҳсолаҳост, ки ноором, вале чунин ранг гирифтани аҳволро касе интизор набуд. Ин ҳаводис бори дигар собит кард, ки дар паси ин ҳама баъзе кишварҳо меистанд, ки манфиату қудрат асли мақсадашон аст. Вагарна бо ин осонӣ имкон надошт ҳукумати қонуниро сарнагун ва ҳаракате, ки террористӣ шинохта шудааст, ҷойгузини он гардад. Ва бо ин ҳама кишварҳои абарқудрат, ки пайваста аз суботи Афғонистон мегуфтанд, “Толибон”-ро эътироф кунанд. Ин ҳолат бозиҳои пасипардагии кишварҳои абарқудрати манфиатхоҳро мемонад.

“Толибон ” тасмим доранд, Афғонистонро ба хилофат табдил диҳанд. Бе он ҳам Афғонистон кишвари исломист ва кулли қонуну тартибот дар асоси шариати ислом амалӣ карда мешавад. Пас, хилофати Толибон чи гуна кишваре хоҳад буд? Ин моҷаро мантиқ надорад ва ё баҳона ё нақшаи ахмақона аст.

 Аслан, ҷангу хунрезиро қариб ҳама кишварҳо паси сар кардаанд. Вале вақте гап дар сари Афғонистон мервад, ин барои мо, Тоҷикистониён масъалаи ҷиддӣ аст, зеро Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1300 км марзи муштарак дорад. Гузашта аз ин, қисми бештари сокинони онро тоҷикон -  ҳамзабонони мо ташкил медиҳанд.ю Бинобар ин бетарафӣ нисбат ба ҳолу тақдири ҳаммиллатон аз оини мо нест.

Ёддорем, ки оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қариб як миллион нафар ҳамдиёрони мо ҳамчун гуреза дар қаламрави Афғонистон паноҳ ёфтанд. Баъди барқарор шудани сулҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин кишвари дӯсту ҳамзабону ҳамфарҳанг робитаҳои ҳамкориро зич намуда, якчанд пулҳо ду диёрро ба ҳам пайвастанд. Сарнавишти ҳамсоякишвар, ҳалли ҳарчи зудтари низоъҳои он дар баромаду суханрониҳои Сарвари давлати мо пайваста садо дода, имрӯз низ роҳбарияти кишвар ва мардуми он ғамшарики бародарони афғонанд.

Ба андешаи коршиносон ҳодисаҳои охири Афғонистон натиҷаи набудани тафоҳум ва якдигарфаҳмӣ миёни роҳбарон ва аҳзобу гурӯҳҳои сиёсӣ мебошад. Дар лаҳзаҳои мушкил “пӯст” иваз намудани баъзе аз амалдорону шахсиятҳои шинохтаи ин кишвар дурӯягии онҳоро собит кард.

Айнан ба мисоли ҳодисаҳои соли 2013-уми Тоҷикистон, ки Ҳоҷӣ Ҳалими хиёнаткор бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ нақшаи табаддулотро кашида, фурсатталабона мехостанд амалӣ намоянд. Хушбахтона, мақомоти қудратии кишвар аз аз ин бесарусомонӣ пешгирӣ кард. Ба назар чунин мерсад, ки баъзе нафарон аз гузашта ибрат намегиранд. Омилони аслии ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон роҳбарони ҳизби наҳзат бовуҷуди бахшиши гуноҳони сершумор аз ҷониби роҳбарияти давлат бо гузашти солҳо ба хулосаи дуруст нарасиданд.

Дирӯз роҳбари террористии наҳзат, ки акнун Паймони миллӣ ном гирифтааст, дар як баромадаш ошкоро аз мавқеи “Толибон” пуштибонӣ кард. Яъне, вай бори дигар чеҳраи ҳақиқии худро намоиш дод. Оҷилият ва ҳушдёри мақомоти қудратии кишвар буд, ки нақшаҳои хиёнаткоронаи ин ватанфурӯшро ошкор кард, вагарна, ин тоифа чи балоҳое ба сари миллат меоварданд.

Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ гурӯҳу ҳаракатҳои моҷароҷӯву манфиатбин гирдиҳамоиву намоишҳои эътирозӣ ташкил карда, миёни халқ фитна ва маҳалгариро аҷ доданд. Ҳамчуноне, ки дар Афғонистон яке аз омилҳои асосии ҷангу ҷидол маҳалгароист, дар Тоҷикистон низ ин шеваи кори мухолифин низоъ, эҳсоси бадбинӣ нисбат ба намояндагони маҳалҳоро ба вуҷуд овард. Чихеле, ки дар паси воқеаҳои Афғонистон кишварҳои сеюми манфиатхоҳ меистанд, мухолифини тоҷикро низ даррав фурсатталабони беруна дастгириву сарпарастӣ намуданд. Ҳадафи аслии дастандаркорони ҳодисаҳои Афғонистон қудрат аст. Дар мо низ ҳамин шева коргир буд. Мухолифин мансаб мехостанду сарпарастони хориҷӣ дар фикри бароварда кардани нақшаҳои хеш. Ҳамингуна ҳодисаҳои аввали солҳои наваддуми Тоҷикистон ва имрӯзи Афғонистон умумиятҳое доранд. Тафовут дар он аст, ки дар Тоҷикистон роҳбари дурбину кордон Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба даст гирифта, сулҳро пойдор кард, гурезагонро ба ватан баргардонид, кишварро аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ пеш бурд.

Имрӯз мо дар фазои орому осуда зиндагии ободу пурсаодатро соҳибем. Ҳадаф аз бо ҳам овардани воқеаҳои ҳамсони Афғонистону Тоҷикистон он буд, ки аз онҳо хулоса барорем, аз таърих сабақ гирем ва ҳеҷ гоҳ хатогиҳои гузаштаро такрор накунем.

Дар шароити кунунӣ муҳимтарин неъмат ин сулҳу осоиштагист. Бояд ба қадри ин неъмат бирасем ва пайваста дар ҳифзу таҳкими он кӯшиш ба харҷ диҳем.

Имрнӯзҳо иддае аз ҷавонон дастовард, ободӣ ва сулҳу оромии диёрро нодида гирифта, ба гурӯҳу ҳаракатҳои тундрав шомил мешванд. Онҳо оқибати рафтору кирдори худро намедонанд. Намедонанд, ки ҷаҳолат ба ҷомеаву давлат хатар эҷод карда, ҳаёти худ ва наздиконашнро низ тира месозанд. Аз ҳаводиси имрӯзи Афғонистон ибрат гирифта, бо Ватани ободу осудаи хеш шукргузорӣ бояд кард.

Муҳайё Абдусаломова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд