Мусаллам аст, ки бо баробари пешрафти илму техника дар ҷаҳон ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ низ зиёд гардида истодааст. Зеро муассисони онҳо хуб медонанд, ки имрӯз аслиҳаи пурқудрати идеологӣ маҳз шабакаҳои иҷтимоӣ маҳсуб мешавад. Тавре аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, айни ҳол дар ҷаҳон зиёда аз 12 ҳазор сомонаҳои иғвоангезу характери ифротӣ дошта амал мекунанд, ки аксарашон бо истифода аз эҳсоси динии мардум кор мебаранд. Мутаассифона баъзе аз  ҷавонони ноогоҳ,  сатҳи пасти маърифатнокӣ ва надоштани донишҳои сиёсӣ ба доми гурӯҳҳои экстремистию террористӣ меафтанд, ки оилаву деҳа ва Ватану миллати худро доғдор месозанд. Баромади баъзе ҷавононро, ки дар пахши мустақими  ТТЭ ҲНИ М. Садриддин islohTV -”Минбари муҳоҷир” ва дигар гурӯҳҳои хусусияти экстремистию террористидошта пайвастаанд, дида ба хулосае омадан мумкин, ки тамоми кишри ҷомеа бояд алайҳи ин падидаи хатарзо муборизаи ҷиддӣ баранд. Ин гумроҳон худ намедонанд, ки чи кор карда истодаанд, гоҳе лоф аз дасти бекорӣ мезананд ва гоҳе ғурбати ғарибӣ.

Сулҳу оромии давлати Тоҷикистонро, ки бо вазнинӣ ҳатто баҳои ҷони яксаду ҳаштод ҳазор нафар қурбонӣ дар солҳои 90-ум ба даст омадааст, халалдор созанд. Дар пайравӣ ба наҳзатиёни солҳои 90-ум, ки “Ҷанги бародаркуш”-ро таҳрезӣ намуда буданд, ин наҳзатиёни бадҳоҳ имрӯзҳо низ, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, айнан бо ҳамин ақидаҳои ифротияшон, бар сари халқи тоҷик мехоҳанд нооромиро мисли солҳои 90-ум биёранд.

Аз тамоми халқи тоҷик, ҷавонони худогоҳ даъват ба амал меорам, ки ба сафсатаҳои чунин гурӯҳҳои ифротию террористӣ гӯш надиҳанд. Ягон ҳарфи онҳо дуруст нест ва онҳо пайи ободии давлат ва миллат нестанд. Агар ҷиддитар мушоҳида ва таҳлил карда бошед, тамоми ақидаҳои онҳо бар зидди нест кардани фарҳанг, илм, тамаддуни халқи тоҷик ва аз байн бурдани давлати тоҷикон равона шудааст. Дар ин росто, ҳар як ҷавони хештаншиносу ватандӯст бо ҷасорату мардонагӣ, далерию ҳушёрӣ, зиракии сиёсӣ, илму дониши баланд, маърифату ҷаҳонбинӣ ва бо одобу ахлоқи намунавӣ мусаллаҳ гардида, мубориза бояд бурд. То ин мухолифон натавонанд байни халқи тоҷик нооромию фитна андозанд.

Наргис Ҳомидова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд