Шоистаи таъкид аст, ки арзёбии дастовардҳои илмии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд неруи тақвиятбахшандаи фаъолияти илмии он ва воситаи баланд бардоштани сифати таҳсилот ба ҳисоб меравад.

Вобаста ба ин, бо ташаббуси доктори илмҳои иқтисодӣ профессори кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент, академики Академияи муҳандисии байналхалқӣ - Авезов Азизулло Ҳабибович, шуъбаи илм ва инноватсияи бо мақсади рушди ҳаракати иҷрои рисолаҳои илмӣ барои дарёфти дараҷаҳои илмии номзадии илм, доктори илм ва доктори фалсафа (Phd) – доктор аз рӯйи ихтисос таҳти унвони “Методологияи кори илмӣ-тадқиқотӣ” барои омӯзгорон семинарҳои омӯзишӣ баргузор гардид.

У.Х. Ахмедов – н.и.и., муовини директор оид ба илм ва инноватсия семинарро оғоз карда, иброз дошт, ки такмили ихтисоси омӯзгорон дар шароити кунунии пешрафти илму техника ва талаботи нави иқтисодиву иҷтимоӣ омили муҳим дар баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо маҳсуб меёбад. Бинобар ин, баргузории чунин семинарҳо барои мо бениҳоят мубрам ба ҳисоб рафта, имкон медиҳад, ки малакаи иҷрои корҳои илмӣ тадқиқотии омӯзгорон такмил ёбад. Дар идома декани факултет н.и.и., омӯзгори калони кафедра Акрамова З.Б. қайд карданд, ки мавсуф бо роҳбарии д.и.и., профессор устод Авезов А.Х. бисёрии омӯзгорон, аспирантону магистрантони Донишкада рисолаҳои илмиро бомуввафақият ҳимоя намуда, ба натиҷаҳои назарраси илмӣ ноил шудаанд ва гузаронидани чунин семинарҳо барои таҳким ва густариши фаъолияти илмии донишкада, ки яке аз самтҳои муҳими он ба шумор меравад, бениҳоят пурсамар мебошад.    

Сипас гузоришҳои омодашудаи д.и.и., профессори кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент, академики Академияи муҳандисии байналхалқӣ Авезов А.Х. оид ба таҳияи номи мавзӯи тадқиқот, таъриф, талаботҳо барои таҳияи номи мавзуъҳои рисола ва навъи номгузориҳои он, робитаи мавзуъ байни муаммо ва навгонии илмии тадқиқот, фарқиятҳо байни рисола, монография ва мақолаи илмӣ, марҳилаҳои асосии тадқиқоти илмӣ, ки аз 9 марҳила иборат аст, таҳияи объект, предмет, навъ, муаммо, мубрамӣ, мақсад, фарзия, вазифа,усулҳо, натиҷаҳои интизорӣ, навгонии илмии тадқиқот баррасӣ карда шуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои зиёде, аз қабили мафҳуми объект ва предмети тадқиқот ва робитаи байни онҳо, қоидаҳои таҳияи мавзуъ ва тартибнамоии мундариҷаи рисолаҳои илмӣ, намунаҳо барои ҳар як навъҳои номгузориҳои мавзуйи тадқиқот муҳокима ва баррасӣ карда шуд. Дар раванди семинар, омӯзгорон ба шумораи зиёди саволҳое, ки барои пайдо кардани ҷавобҳо равшанӣ андохтан лозим буд, аз д.и.и., профессори кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент, академики Академияи муҳандисии байналхалқӣ Авезов А.Х. посухҳои муфассал гирифтанд. Инчунин ба хотири тақвияти малакаи омӯзгорон бо воситаи муайян намудан аз якчанд вариантҳои номгузориҳои корҳои илмӣ бо намудҳои нашрияҳои гуногун, ки самтҳои иқтисодӣ, технологияи информатсионӣ, электроэнергетика дар бар гирифта аст, аз ҷониби устод санҷиш гузаронида шуд.

Дар қисмати хотимавии ҷаласа Ахмедов У.Х. – н.и.и., муовини директор оид ба илм ва инноватсия суханронӣ намуда, баргузории чунин семинар омӯзишҳоро амри зарурӣ маънидод карданд.

  Мафтуна Мансурова, номзади илмҳои иқтисодӣ, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд