Одами солимақл ҳам медонад, ки зиндагӣ дар Аврупо бе меҳнати машаққати сангин амрест маҳол. Муҳиддин Кабирӣ ва ҷамъи ёронаш натанҳо он ҷо кор мекунанд, балки фаъолияташон барангехтани кинаву адоват, паҳн кардани фитнаву надомат ва ниҳоят бар гардани кишвар бор кардани тӯҳмату бӯҳтонҳо мебошад.  Худ маълум, ки ӯву ҳизбаш чун зулук молу сарвати хоҷагонашро макида, бар ивази ин “подошҳояшон” ба роҳбарияти олии шиамазҳабон ҳамарӯза гузориш медиҳанд.   Албатта дар ин кор аллакай Кабирӣ таҷрибаи калон дорад. Зеро бо гирифтани кӯмакҳои хоҷагон қисме аз онро барои тарғибу ташвиқи расму ойин, фарҳангу мазҳаб ва андешаҳои ғаразноки хоҷагонаш ба наҳзатиҳои намакзада тақсим намуда, қисми дигарашро барои ҳаёти шахсиаш ва қисмати боқимондаро ба фитнагарон барои барангехтани сару садо ва бофтани найрангу буҳтон тақсим менамояд. Бинобар ин Кабирӣ, ки аз хоҷагонаш маблағҳои муфт ва бедардимиёнро ҳамарӯза соҳиб мешавад, намехоҳад аз чанги хоҷагонаш раҳо шавад. 

Тавре мардуми шарафманди тоҷик бахубӣ огаҳӣ дорем, дар кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол бо талош ва кӯшишҳои пайвастаи фарзанди фарзонаи миллат, Сарвари оқилу маҳбуб, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба орзуву омоли наҷиб ва фароҳам намудани шароити мусоиди зисту зиндагии тамоми сокинон шароитҳои мусоид фароҳам гардида истодааст.  Аз ҷумла вобаста ба масъалаи вусъати корҳои ободониву созандагиҳо ва анҷоми амалҳои неку савоб бо риоя ва суннатҳои писандидаи дини мубини ислом мулоқоти бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоатчигии кишвар баргузор гардид. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар симои аҳли ҷамоатчигии мамлакат аз кулли ҳамвататон ҷиҳати расидан ба қадри сулҳу субот, оромиву тинҷӣ, осудагиву якдилӣ, якмаромиву иттиҳод, ҳамзистиву ҳаморомӣ ва ваҳдати ҷовидонӣ, дасти кӯмак ба ятимону бенавоён, пирону барҷомондагон ва дар маҷмуъ амалҳои хайру саховат ва созандагиву бунёдкорӣ, ки ҷавҳари дини мубини исломро ташкил дода, бахусус яке аз фазлатҳои хуби инсони маҳсуб меёбад даъват намуданд. Махсусан бунёди Донишгоҳи калонтарини исломӣ ва масҷиди калонтарин дар Осиёи Миёна худ далолати онро дорад, ки таваҷҷӯҳи давлат нисбати намозгузорон хеле калон аст. Давлат ва шахсан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳони парастиши исломи воқеӣ ҳастанд. Чун мебнем, ки наздики 100 гурӯҳу созмон ва ҳаракатҳо бо истифода аз вожаи ислом даст ба қатлу куштор мезаннд, ҳаргиз дар тинати инсоният исломи ҳақиқиро ҷо карда намешавад.  Аммо фарзандони нохалафи миллат, ки бо роҳбарии террорист Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷ зери паноҳандагиву пуштибонии хоҷагонашон ҳамчун зархарид умр ба сар мебаранду аз асли воқеа ва рӯзгори мардум огоҳ нестанд, баҳри барангехтани фитнаву найранг ва гумроҳкунии мардум ҳар гуна сару садо ва тафриқаандозиҳо карда истодаанд, ки боиси нафрат ва наълати мардум гардида истодааст. Фошофош эълон кардан оиди даст надоштан ба амали террористӣ, ки санаи 29 июл дар минтақаи Себистони ноҳияи Данғара ин чеҳраи машғуши душмани миллатро боз ҳам хиратар намуд. Зеро тафтишот маълум намуд, ки маҳз бо пуштибонии Кабирӣ қори Носир ва Абу усомаи Норакӣ амали террористӣ сурат гирифта, дар натиҷа 4 сайёҳи хориҷӣ фавтиданд. Ва ин амали нангину сангин барои обрӯ ва манзалати кишвари мо дар миқёси ҷаҳон зарбаи ҷонкоҳе зад.  

Хушбахтона мо ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватан зери раҳнамоиву пуштибонӣ ва ҳидоятҳои падаронаи Пешвои маҳбубу ғамхор ва Сарвари оқилу дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ таълиму тарбия гирифта, ҳамагуна буҳтон ва туҳматҳои беасоси наҳзатро, ки дар маҷмуъ бар зидди арзишҳои милливу мазҳабии мо равона гардидааст маҳкум менамоем ва намегузорем, ки наҳзатиҳои разил бори дигар мисли солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо хоҷагонашон ҳамсолони моро гумроҳ намуда, онҳоро муқобили сулҳу оромӣ ба камол расонанд.

                                                      Рустам Ғуфронов,

донишҷӯи курси 3-и ДПДТТ

дар шаҳри Хуҷанд