Захираҳои об на танҳо неъмати беҳамто, балки меҳвари асосии рушди устувори ҳар як давлат маҳсуб меёбад.

Ғамшарик будан ба дарди аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бетараф набудан ба тақдири мардуми олам аз сифатҳои олии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мебошад. Зеро проблемаи об ин масъалаи ҷаҳонӣ буда, он ба кишвари мо камтар тааллуқ дорад. Тоҷикистон дар мавриди  захираҳои бузурги об дар ҷаҳон ҷои 3-юм, дар миқёси Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҷои дуюм ва дар Осиёи Марказӣ  дар ҷои аввал меистад.  Дар ҳудуди ҷумҳурӣ 947 дарё, 14509 пирях, 1300 кӯл ва бештар аз 200 чашмаи шифобахш маълум аст

Ҳалли мушкилоти алоқаманд ба об ва дастрасии аҳолӣ ба он барои рушди устувори иқтисодӣ ва ҳалли даҳҳо проблемаҳои умумиҷаҳонӣ, аз ҷумла, ҳифзи саломатӣ нақши калидӣ дорад.

Роҳбари давлати тоҷикон дар вохӯриҳои сатҳи баланд дар пешбурди масъалаҳои об ва иқлим дар ҳамаи сатҳҳо, махсусан дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид омодагии кишвари моро иброз менамоянд.

Дар баромадҳои худ Пешвои миллат ҷиҳати мусоидат ба рушди инсоният, татбиқи идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои об, таъсири манфии тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо, пешгирии офатҳои табиӣ, истифодаи судманди захираҳои гидроэнергетикӣ, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва механизмҳои институтсионалӣ, таҳияи инфрасохтор ва бунёди заминаи дахлдори воситаҳои амалисозӣ, аз ҷумла системаҳои иттилоотӣ, корҳои илмию тадқиқотӣ, рушди тавонмандӣ ва дигар воситаҳои идоракунии об ва беҳтар кардани дастрасӣ ба санитария таъкид мекунанд.

Маврид ба зикр аст, ки оид ба масъалаҳои марбут ба об ва иқлим дар Рӯзномаи ҷаҳонии рушд ва пешниҳоди қатъномаҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускору пешсаф эътироф шуда, саҳми босазои худро дар ин раванд мегузорад.

То имрӯз бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашт қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаҳои об қабул шудааст, ки аз муҳиму сарвақтӣ будани ин мавзӯъ шаҳодат медиҳанд.

Имрӯз бо итминони комил метавон гуфт, ки иқдомҳои Тоҷикистон дар соҳаи об дар тақвият ва суръат бахшидан ба амалҳои мушаххас дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла ҳадафҳои марбут ба захираҳои об саҳми назаррас мегузоранд.

Ҳоло мо дар ҳошияи даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028”, ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон шудааст, қарор дорем ва мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба бознигарии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” мебошем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори қатъномаҳои муҳими обии Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид масъалаҳои вобаста ба обро дар сатҳи глобалӣ мегузорад ва масоили баробарии гендерӣ ва иштироки занонро дар ин раванд муҳиму зарурӣ арзёбӣ менамояд.

Кишвари мо дорои захираи фаровони об буда, дар миқёси ИДМ баъд  аз Федератсияи Руссия дар ҷойи дуюм меистад. Ба ҳисоби миёна 60 дар сади обҳои Осиёи Марказӣ аз дарёи мо сарчашма мегиранд, ки дар як сол  64 километри мураббаъро ташкил медиҳанд. Алабтта, фаровонии об маънии онро надорад, ки мо ба исрофкориҳо роҳ дода, ба қадри ин неъмати бебҳои табиат нарасем. Мо масъул ҳастем, ки насли наврасро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намоем ва дар дарсҳои тарбиявии худ ба масъалаи покиза нигоҳ доштани об ва ба қадри он расиданро талқин карда, ба ин васила онҳоро водор намоем, ки ҳеҷ гоҳ ба исрофи об ва олуда кардани он роҳ надиҳанд.

Наргис Ҳамидова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд