Дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об таҳти унвони “Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028” чанд рӯз қабл шаҳри Душанбе – пойтахти азизамон мизбони чорабинии сатҳи баланди байналмиллалӣ гардид.  Ҳамаи мо хуб медонем, ки ҳадафи ин даҳсола такон ва суръат бахшидан ба амалҳо дар соҳаи об барои ноил гаштан ба ҳадафҳои рушди устувор мебошад ва итминон дорем, ки ин ташаббус дар роҳандозии талошҳои муштарак барои ҳалли мушкилоти вобаста ба мудирияти захираҳои об то соли 2028 нақши назаррас хоҳад бозид.

Дар доираи иқдомоти ин даҳсола, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз соли 2021 пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад. Вобаста ба ин, Сарвари давлатии Тоҷикистон доир ба эълони соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо ташаббуси навбати баромад намуданд ва хушбахтона аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ якдилона пазируфта шуд.

Ғамшарик будан ба дарди аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бетараф набудан ба тақдири мардуми олам аз сифатҳои олии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мебошад. Зеро проблемаи об ин масъалаи ҷаҳонӣ буда, он ба кишвари мо камтар тааллуқ дорад. Тоҷикистон дар мавриди  захираҳои бузурги об дар ҷаҳон ҷои 3-юм, дар миқёси Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҷои дуюм ва дар Осиёи Марказӣ  дар ҷои аввал меистад.  Дар ҳудуди ҷумҳурӣ 947 дарё, 14509 пирях, 1300 кӯл ва бештар аз 200 чашмаи шифобахш маълум аст

Ҳалли мушкилоти алоқаманд ба об ва дастрасии аҳолӣ ба он барои рушди устувори иқтисодӣ ва ҳалли даҳҳо проблемаҳои умумиҷаҳонӣ, аз ҷумла, ҳифзи саломатӣ нақши калидӣ дорад.

Роҳбари давлати тоҷикон дар вохӯриҳои сатҳи баланд дар пешбурди масъалаҳои об ва иқлим дар ҳамаи сатҳҳо, махсусан дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид омодагии кишвари моро иброз менамоянд.

Дар баромадҳои худ Пешвои миллат ҷиҳати мусоидат ба рушди инсоният, татбиқи идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои об, таъсири манфии тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо, пешгирии офатҳои табиӣ, истифодаи судманди захираҳои гидроэнергетикӣ, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва механизмҳои институтсионалӣ, таҳияи инфрасохтор ва бунёди заминаи дахлдори воситаҳои амалисозӣ, аз ҷумла системаҳои иттилоотӣ, корҳои илмию тадқиқотӣ, рушди тавонмандӣ ва дигар воситаҳои идоракунии об ва беҳтар кардани дастрасӣ ба санитария таъкид мекунанд.

Маврид ба зикр аст, ки оид ба масъалаҳои марбут ба об ва иқлим дар Рӯзномаи ҷаҳонии рушд ва пешниҳоди қатъномаҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускору пешсаф эътироф шуда, саҳми босазои худро дар ин раванд мегузорад.

То имрӯз бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашт қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаҳои об қабул шудааст, ки аз муҳиму сарвақтӣ будани ин мавзӯъ шаҳодат медиҳанд.

Имрӯз бо итминони комил метавон гуфт, ки иқдомҳои Тоҷикистон дар соҳаи об дар тақвият ва суръат бахшидан ба амалҳои мушаххас дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла ҳадафҳои марбут ба захираҳои об саҳми назаррас мегузоранд.

Исмоилҷон Исмоилов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд