Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мутобиқи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятҳои рушди кишвар, ки дар Паёмҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2014 ва 2015 баён шудаанд, таҳия гардидааст.

Тоҷикистон дар соли 2030 кишвари дорои рушди устувор ва рақобатпазир аст, ки аҳолии он аз сатҳу сифати арзандаи зиндагӣ бо имкониятҳои баробар барои татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиромгузорӣ ба шаъну шарафи инсон баҳра мебаранд.

Ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳсуб меёбад. Барои ноилшавӣ ба ин ҳадафи олӣ ҳадафҳои зерини стратегии рушд барои 15 соли оянда муайян шудаанд:

  1. таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ;
  2. раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ва табдил ба кишвари транзитӣ;
  3. таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат;
  4. вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ, ки санаи 26 декабри соли 2018 баргузор гардид, ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд: “Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 фоиз афзоиш ёфт. Дар робита ба ин ва бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.” Бо ин Пешвои миллат қайд карданд, ки ҳадафи чоруим стратегияи миллӣ, яъне вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул ба саноатикунонии босуръати кишвар иваз карда шавад. Дар айни замон миқдори зиёди молу маҳсулоти ниёзи мардум аз кишварҳои берун воридот (импорт) карда мешаванд ва дар ҳолати амали намудани ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамаи молу маҳсулот аҳолии худашро таъмин карда метавонад ва ин пешниҳоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат айни муддаост.

Сатторов Шарифҷон, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд