Дар таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ, дар ҷамъбасти ҳар сол ва дар остонаи соли нави милодӣ ба Парлумони мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи кишвари худ паём ироа намудани Роҳбари давлат, яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва яке аз рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд мебошад. Ин таҷриба дар кишвари мо шурӯъ аз соли 2000-ум оғоз ёфт. Зеро тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид доштанд,  Ҳукумати кишвар аз замони соҳибистиқлолиаш то соли 2000-ум танҳо барои ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ кӯшиш варзид. Минбаъд Тоҷикистон аз давлатсозӣ ба давлатдорӣ шурӯъ намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин марҳилаи созанда Паёми худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа дошта, дар замони муосир пеш аз ҳама таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро аз ҳадафҳои асосии давлат арзёбӣ карданд.

Паёми навбатии Сарвари давлат ҳама паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи имрӯзаро фаро гирифта, масъулияти ҳар яки моро ҷиҳати устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ боло мебардорад. Паём ҳар фарди бонангу номусро вазифадор месозад, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ кӯшишу талоши пайваста дошта бошад.    

Пешвои миллат дар Паёмашон диққати ҳозиринро ба куллан тағйир додани сатҳу сифати донишомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҷалб карда, хеле бамаврид таъкид карданд, ки агар мо ба рушди илму маориф эътибори ҷиддӣ надиҳем, сатҳи дониши мутахассисонамонро ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ нагардонем, ба ягон хел натиҷаҳои ниҳоии хуб ноил шуда наметавонем.

Дар ҳақиқат, равандҳои ҷаҳонишавӣ ва ихтироъ гардидани технологияҳои муосир дар ҳама ҷабҳаҳо дониши мукаммали мутахассисону сармоягузориро ба рушди инсон талаб мекунад ва чуноне, ки Президенти кишвар бамаврид эрод гирифтанд, бо тарзу услуби кӯҳна, дониши ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ набуда, надонистани забонҳои хориҷию одоби муошират бо намояндагони дигар давлатҳои дуру наздик, мо наметавонем мамлакати худро дар арсаи байналмилалӣ нек муаррифӣ кунем.

Аз ин лиҳоз, талаботи Сардори давлат бобати андешидани тадбирҳои фаврӣ ҷиҳати куллан тағйир додани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, сармоягузориро ба рушди инсон вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи сатҳҳои ҳокимият шуморидану баланд бардоштани масъулияти омӯзгорон баҳри омӯзиши на кам аз ду забони хориҷӣ (русию англисӣ) аз тарафи толибилмон, хеле бамавриду саривақтӣ мебошад.

Ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат, ки гуфтанд: «Бе рушди илму маориф ягон қадам ҳам пеш рафта наметавонем ва бунёди миллат аз маориф оғоз мегардад!». Сарвари давлат дар мавриди омӯхтани донишҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ ва инкишофи неруи зеҳнии ҷавонон, омода намудани кадрҳои соҳибтахассуси соҳа, ҷиҳати саҳм гузоштан дар чор ҳадафи стратегии мамлакат, хосса саноатикунонии босуръати мамлакат махсус истода гузаштанд.

Сарвари давлат соҳаи маорифро ояндаи обод, шукуфоӣ ва шинохти башарӣ унвон карда, таъкид намудаанд: “Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад. Бо ин мақсад дар панҷ соли минбаъда бояд беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сохта, ба истифода супорида шавад.”

Дар радифи ин ҳама таваҷҷуҳу эътибор ин ҷо овардани суханони Пешвои миллат ба маврид аст, ки гуфтанд: “Дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳоло шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст.”  

Паём аз ҳар яки мо тақозо мекунад, ки ба фаъолияти кориамон аз нуқтаи назари танқидӣ баҳо диҳем. Дар иртибот ба ҳидоятҳое, ки аз Паём бармеоянд, ба ислоҳи камбудиҳои соҳа ҳама муташаккилона камар банданд. Дар навбати аввал баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, равона намудани эътибори бештар ба ташкили озмоишгоҳҳо ва кабинетҳои фаннӣ тавааҷуҳ бояд зоҳир кард.  Зеро дар шароити бӯҳрони молиявиву сиёсӣ танҳо он миллат зафарёб мегардад, ки сокинонаш дорои баланди мафкураи сиёсӣ ва донандаи ягон ҳунар бошад. Ва роҳнамои миллат дуруст дарк карданд, ки соҳибкасб будан инсонро ягон вақт хору залил намегардонад.

  Хуллас, Паёми Сарвари давлат ба парлумони кишвар барои пешбурди  ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ ба ҳайси барномаи амал  хизмат  мекунад. Самтҳои  дар ин санад муайянгашта барои маорифчиён на танҳо  барои як сол, балки ҳамчун дастурамали  доимии фаъолият хизмат хоҳанд кард.

  Барои мо - масъулини таълиму тарбияи насли ояндасози  миллат мӯҷиби сарбаландию ифтихор аст, ки  дар роҳи иҷрои  вазифаҳои муҳиме, ки  аз ҷониби Пешвои миллат бароямон муқаррар  гардидаанд, саъю талош варзида, онро дар амал татбиқ намоем.

Албатта, таъкидҳои бунёдии Пешвои миллатамон масъулияти ҳар яки мо, хусусан кормандони соҳаи маориф, муаллимон ва омӯзгоронро даҳчанд боло мебардорад. Паём ҳамчун барномаи амал барои имсолу солҳои минбаъда хизмат хоҳад кард.

Набӣ Боқиҷонов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд