Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста қайд мекунанд, ки «Терроризм ватан, забон, наҷод ва дин надорад. Ин бадбахти оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст».

Ҳаёти осоишта - неъмати бебаҳо аст, зеро он шарт ва тақозои асосии ҳаёти инсон ба ҳисоб меравад. Ҳар нафари соҳибақлу зиндадил кӯшиш ба зиндагии осуда мекунад, зеро тинҷиву оромӣ гарави ҷомаи амал гардидани тамоми орзуву мақсадҳои башарӣ аст. Аммо зиндагӣ собит мекунад, ки дар бештари кишварҳои мутараққӣ ва қафомондаи олам, ин шарти ҳаётан муҳими зиндагӣ ҳанӯз ба таври ҳукмфармо ҷомаи амал нагаштааст. Баҳри пешгирӣ ва рахнаи амалиёти террористӣ ва экстромистӣ олимон, мутахассисони соҳа, сиёсатмадорону тадбирандешон якҷоя дар пайвастагӣ фаъолият мебаранд, то ки ин пешаи номатлубро решакан кунанд. Аз ин ҷиҳат, сарчашмаи ҳамаи нооромиву нокомиҳои миллатро ҳар нафари соҳибақл аз падидаҳои хатрзо ва зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстромизм медонад.

Боиси таассуф аст, ки имрӯз ифротгароӣ ва террористӣ дар тамоми гӯшаву канори олам доман паҳн намудааст.

Аз ин ҷиҳат, ҳар фарде, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад, бояд зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиву халоқиро аз даст надода, нисбати чунин зуҳуроти номатлуб ва падидаҳои хатарзо бетараф набошад. Хусусан, мақомот ва ходимони давлатие, ки амният ва осудагии миллат бар ӯҳдаи эшон мебошад, бояд омода ва ҳушёр бошанд.

Ҳамасола, дар қаламрави ҷумҳурӣ аз тарафи мақомотҳои давлатӣ, Вазорати мудофиа ва раёсатҳои амнияти миллӣ чораву тадбирҳои муҳим андешида мешавад.

Боиси тазаккур аст, ки ҳанӯз аз макотиби таҳсилоти миёна ва махсус, ҳамчунин касбиву олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълимоти дурусти динӣ бояд ба роҳ монда шавад, зеро таълимоти нодуруст, ашхоси зиёдро ба кучаҳои террористиву экстромистӣ ҳидоят хоҳад кард.

Дар баробари ин, бояд қайд намуд, ки дини мубини ислом орӣ аз ҳамаи ин падидаҳои хонумонсӯзу зуҳуроти хатарзо мебошад. Он инсониятро 1400 сол инҷониб ба сӯи сулҳу ваҳдат, инсондӯстиву ҳубби ватан, хештаншиносиву худогоҳӣ даъват ва ҳидоят мекунад. Ҳамчунин, ислом ба терроризм ва экстромизм ягона робита надорад.

Дар робита ба саҳмгузори дар рушду инкишофи давлат, сарвари муаззами давлати тоҷикон, Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» (Душанбе: Контраст, 2017, 464 саҳ.), аз ҷумла ба чунин нукоти омӯзанда  дучор омадам:

«Дар тӯли асрҳои зиёд аҷдоди хирадманди мо дар қаламрави зисти худ ва ҳатто берун аз он, дар саргаҳи инқилобҳои бузурги зеҳниву ақлӣ қарор доштаанд ва эҷодгарони фарҳанги пешрафта, бунёдгузорони давлатҳои соҳибқудрат ва муназзам, муаллифони осори ҷовидонаи илмҳои фалсафа, ҳуқуқ, тиб ва табиатшиносӣ будаанд, ки ин осор садсолаҳои дароз хизмати инсониятро ба ҷо оварда ва имрӯз низ аҳамияти худро аз даст надодааст».

«Тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд».

«Мо - наслҳои имрӯзаи тоҷикон, ки масъулияти тақдири давлат ва миллатро ба дӯши хеш гирифтаем, бояд халқамонро ҳамеша дар муттаҳидӣ нигоҳ дорем ва ба бунёдкориву созандагӣ раҳнамун созем».

Ҳамчунин, соли равон ба ифтихори Рӯзи дониш ва сулҳ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханони зеринро қайд карда буданд: «Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дастоварди таърихии халқи тоҷик мебошад, зеро ба шарофати ин неъматҳо мардуми мо аҳлона заҳмат кашида, то имрӯз садҳо иншооти хурду бузургро бунёд намуданд, фаъолияти корхонаҳои саноатиро аз нав барқарор карданд, ба кишоварзӣ такони ҷиддӣ бахшиданд, роҳу пулҳо бунёд карда, кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшиданд ва Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил доданд, барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ шабонарӯзӣ кор карданд ва дар натиҷа ба пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ муваффақ шуданд.

Бо вуҷуди дастовардҳои то имрӯз ноилшудаамон, мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, то ки камбудиву мушкилоти ҷойдоштаро бартараф созем, Ватани худро обод гардонем ва бо истифодаи самараноки тамоми захираву имкониятҳо рушди босуръати иқтисодиёти Тоҷикистони азизамонро таъмин намоем».

Хулоса, имрўз зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ вабои аср бар амнияти ҷомеаи башарӣ гашта, он хатари на камтар аз яроқи ядроӣ ба миён овардааст. Чунончи дар ин маврид, асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст”.

Ҳамин гуна, аз ҷавонони ҳушманду соҳибақл хоҳиш карда мешавад, ки ҳидоятҳои Сарвари давлатро сардафтари хеш гардонида, ҳамзамон аз падидаҳои нангину номатлуб ва хонумонсӯз худдорӣ карда, аҳли ҷомеаро зери хатар нагузоранд.

Умедҷон Мақсудов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд