Ҳангоме ки калимаи Ватанро кас ба забон мегирад, онро ҳиссиёти аҷибе фаро мегирад. Зеро Ватан ин модар ва сарзамини зиндагонии мост. Ҳифзи он вазифаи имониву ҷонии ҳар яки мо буда, ин меҳани муқаддасро бояд беш аз ҳарвақта дӯст дорему муҳофизат намоем.

Ватани азизу муқаддаси мо – ин Тоҷикистон мебошад, ки он дар арсаи ҷаҳон ба кӯҳҳои пурганҷу осмонбӯсаш, бо чашмаҳои шифобахшу мусаффояш, бо замини ҳосилхезу тамаддуни оламгираш маъруф гаштааст.

Имрӯз миллати тоҷик дар шукронаи  обу хок ва сарзамини ҳамин Ватан аст, ки зиндагонии орому осоиштаро доро мебошад, ки он бевосита аз Истиқлолияти давлатӣ вобаста аст. Зеро истиқлолият кишвари зебои Тоҷикистонро ободтару зеботар намуд. Барои ҷавонон имкониятҳои васеъ дод, то илм омӯзанду соҳиби касб шаванд. Ватанро обод кунанду ояндаи рахшони насли ин миллатро муҳайё созанд, ки ин боиси ифтихорист.

Айни замон дар тамоми дунё шахсоне вомехӯранд, ки бо падидаҳои номатлуби терроризмӣ тамоми ҷаҳонро ба такон овардааст, ки ин гуна амалҳо на танҳо барои кишварҳои алоҳида ё минтақаҳои муайян, балки барои тамоми сайёра ва ҷомеаи осоишта хатари бузург доранд.

Дар ҷаҳони имрӯза якчанд созмону ҳаракатҳои дорои характери террористӣ фаъолият менамоянд. Ҳадафи онҳо дар ғайриқонунӣ бесубот намудани ҷомеа ва сарнагун кардани давлат ба ҳисоб меравад. Онҳо мехоҳанд,ки сарзамини ободгашта ба харобазориҳо мубаддал гардаду сулҳу суботаз байн равад.  Заминаҳо ва омилҳои ба вуҷудоии терроризм гуногун буда, баъзан онҳо дар дохили як кишвари муайян зуҳур мекунанд ва гоҳе барои ривоҷи онҳо аз хориҷ кӯмаки молиявӣ расонида мешавад.  Барои анҷом додани амалҳои носолими худ онҳо аз нерӯи ҷавонон истифода карда, онҳоро бо ҳар роҳу восита  ба дами худ меафкананд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси таҳдидҳои афзояндаи гурӯҳҳои ифротӣ ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ бо пайгирӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа, муборизаро дар ин самт пурзӯр менамояд.  То ки ин амалҳои номатлуби терроризмӣ аз байн бурда шаванд.

Аслан, омилҳо ва сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба ин равия вобаста аст ба муҳоҷирати меҳнатӣ, хусумати мазҳабӣ ва ё динӣ, коста гардидани вазъи иқтисодӣ, бекорӣ, муҳити носолими оилавӣ, пайдо накардани мавқеи худ дар ҷомеа ва ғайраҳо зоҳир мегардад. Бинобар ин  гурӯҳҳои террористи аз ин омилҳо истифода бурда ғояи ҷавононро дигаргун намуда, онҳоро зидди қонун ва сиёсати мамалкат равон месозанд.

Аз ин лиҳоз бояд ҳар як ҷавонон ва сокинони мамлакат бояд ҳушёриӣ ва зиракии худро аз даст надиҳанд. Ба ҳаргуна суханҳои фирефтаи ифротгарӣ аҳамият надиҳанд. Худ ва аҳли дустонро аз чунин амалҳои  носолим эмин нигоҳ дранд. Барои ободӣ ва сулҳу соботи кишвар меҳру муҳаббати худро равон намоянд. Зеро имрӯз шукрона бояд кард ки Тоҷикистони азизамон осмони софу беғубор, зиндагии орому осоишта дорад. зеро сулҳу Ваҳдат беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву ормони модарон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон ва ҳастии инсон дар замину замон аст.

 Акбарова Н. А., ассистенти кафедраи моли ва қарз