Тавре аз расонаҳои хабариву иттилоотӣ бармеояд, бо иқдоми раиси  ҲНИ Мухиддин Кабирӣ  барои таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти худ ҷалб намуданд, ин ҳизб бо ташкили Кумитаи наҷоти маҳбусони сиёсӣ роҷеъ ба мавҷи нави шиканҷа таъсис дода,  кӯшиш карда истодааст, ки худ ва аъзоёни ифротгарашро бо баҳонаҳои гуногун сафед намуда, амалҳои характери терористӣ доштаашро ба гардани худи давлати мо партояд.  Яке аз чунин амали зишти ў гумроҳ намудани ҷавонони мост.

Кабирӣ, ки худ афроди ҷангҷӯ ва ифротгарост, инро пўшида нигоҳ дошта, тавре вонамуд карда истодааст, ки ў ва намояндагонаш ҳамчун як миллати шарики стратегии Тоҷикистон буда, барои нумўи кишвар фаъолият доранд, вале дар асл онҳо, душманони Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд, фоҷиаҳои охире, ки дар Тоҷикистон рӯй дод, бо ташаббуси бевоситаи худи Кабирӣ сар зад, хотири тамоми мардумро аламзада намуда, модарони зиёдеро ба вартаи доғи фарзанд андохт. Бо мутаҳамми беш идао намуда, ки ба ин фоҷиаи даҳшатовар ҳеҷ дахолате надорад. Ин худсафедкунии Кабирӣ ягон асосе надорад ва   онҳое, ки дар он  ҳизб намояндагӣ мекарданд, аллакай медонанд, ки дар доми фиреб афтодаанд. Ва дар натиҷаи амалҳои бадхонаашон тибқи қонунҳои амалкунанда ба ҳабс гирифта шудаанд, бевосита дар асоси далелҳои раднопазир гуноҳашон исбот гардида, дар ҳодисаҳои рӯй дода, исён ва ё табадуллотӣ даст доранд.

Суханоне, ки барои худсафедкунии хеш бо хама роҳу усул истифода менамояд, аз як тараф баҳона бошад, аз тарафи дигар сифати ҳақиқии фаъолияти ҳизби мазкурро барои аҳли ҷомеъа равшан сохта истодааст. Баъди воқеъаҳое, ки бо ташаббуси ҲНИ  дар кишвар ба вуқўъ пайваст, мардум аз ин ҳизб воқеан дилсард гардиданд ва қисми зиёди аъзоёни он ҳизбро тарк намуданд. Ҳатто роҳбарони калидии он ба мисли Қиёмиддини Ғозӣ ва Аёмиддин Сатторов дар навори видеоӣ иқрор шуданд, ки он роҳи интихобкардаашон дар зиндагӣ хатои маҳз буд. Зеро онҳо ба нафароне хизмат карданд, ки барояшон манфиатҳои худӣ аз манфиатҳои давлату миллат болотар меистад. Онҳо дер бошад ҳам дарк карданд, ки ҲНИ на барои рушду нумӯи давлати тоҷикон, балки ба ҳадди нестӣ расидани миллат ҳамчун як кишвари воҳид саъю талош варзиданд. Маҳз ин кӯрдилон буд, ки ҷавонон ба ҷои таълимоти замонавӣ гирифтан, исломи фундаменталиро аз охундҳои эронӣ омӯхтанд ва ба сари миллати худ яроқ бардоштанд. Маҳз Кабирӣ ва ёрони “боҳиммати” ӯ сабаб шуданд, ки имомҳои чанде аз масҷидҳои кишвар ба дунболи “роҳбарияти оли”-и худ ба чанд пулаки пурчаки шиамазҳабони эронӣ тағйири мазхаб намуда, мардумро ба кӯи навмедӣ бурданд. Маҳз мубаллиғони ҳамин ҳизб буд, ки мусулмонро аз мусулмонон тафриқа гузошта. Маҳз ҳамин нафарон буданд, ки ба ҷавонон риши безебмониву ба бонувон фаранҷипӯширо талқин намуданд. Зери шоири “Тоҷикистон аз мост” онҳо ахиран чанд амалҳои террористиро ба амал расонида, ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор доданд, ки Тоҷикистон кишвари ноамн аст. Худ қазоват намоед, ки ҳама ҳаёти орому осоишта ва дар фазои сулҳу субот зиндагӣ карданро мепазиранд. Пас касе дигар ба ин ҳизб эътимод намекунад, ба ҷуз ононе, ки саводи дурусти исломи надоранду зуд шефтаи фиребу фасоди ифротиён мегарданд.

 Дар ин раванд изҳороти иддае намояндагон ва худи Кабирӣ, дар ин бора ки гўё «ҳизб фаъолияти худро мисли пешин танҳо бо роҳҳои мусолиматомез ва дар чорчўбаи қонунҳои байналмилалӣ ва кишварҳои мавҷуд идома хоҳад дошт ва то ҳадди имкон сади роҳи пайвастани ҷавонон ба созмонҳои ифротӣ хоҳад гашт», касро дар ҳайрат мегузорад. Чӣ гунна ин ҳизби фаъолияташ манъ гардида дар чорчўбаи қонунҳо амал намуда, пеши роҳ пайваст шудани ҷавононро ба созмонҳои ифротӣ мегирифта бошад. Ин изҳорот танҳо воситаи аз вартаи заволёби халоси асту бас.

Бояд қайд намуда, ки мардуми босавод ва соҳибмиллате, ки зарраи хоки ватанро ҳифз мекунад ин изҳоротро маҳкум менамояд. Умаман то кай он бадтинатони мардумфиреб бо дурӯғи худ ба боварии мардум медарояд. Итминонам комил аст, ки мардуми ватанпарасти мо нерўҳои солимро ба майдон оварда, албатта, ба умқи ҳақиқат мерасанд ва ба худсафедкуниҳои Муҳиддин Кабирӣ эътимод нахоҳанд кард.

Маърифат Мавлонова,

котиби масъули нашрияи “Меҳвари дониш”-и ДПДТТ

дар шаҳри Хуҷанд