Ҳоло мо дар чунин як шароите, умр ба сар мебарем, ки давлат соҳиби истиқлолият асту ба ягон эътиқоди мардум монеа намесозад. Мо бояд шукронаи онро кунем, ки чунин озодии дину виҷдон дар давраи гулгулшукуфои шӯравӣ ҳам набуд.  Аз нақлҳои бобоюбибиҳоямон  бар меомад, ки  дар гузашта волидонамон пинҳонӣ ва бо ҳазор тарсу ваҳм дар хонаҳо адои  намоз мекарданд. Ва агар ин амали эшон ошкор шавад, ҷазои сахт мегирифтанд. Хушбахтона, ба шарофати истиклолияти давлатамон мо аз ин асорат ва дурафтодагиву бедини халос хӯрдем.     

Имрӯз давлат пуштибони дини исломе аст, ки ба маънои томаш ҳақиқист. Ба эътиқодоти мардум, ки онҳо кай намоз мехонанду кай ибодат менамоянд касе ба ин сару кор надорад, шароити мусоиди озодии мутлақро барои тоату ибодат муҳайё кардааст. Пас, ин ҳама иғвову  кинаҷӯи ва  баҳонахоҳиро зарурат чист намефаҳмам? Фаромӯш кардан он қадар кори осон нест, ки дар гузаштаи начандон дури мо чи қадар ҷавонону наврасони мо, ки гирифтори доми гурӯҳҳои ифротгоро гашта буданд онҳоро аз кишварҳои хориҷа бар гардонида, аз чанголи ифроту терроризм халос наҷот дода буданд. Ин миннати кори карда нест, танҳо дар омади сухан гуфта гузаштан хеле рамзист, агар давлат аз ояндаи наврасону ҷавонон пуштибонӣ накунад ва онҳоро амнияти онҳоро таъмин  насозад пас ин вазифаи кист.

Ҳизби мамнӯи ТЭТ ҲНИ, ки сабабгори асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон аст, аз имконияти фарохе, ки давлат ба онҳо додааст, тӯли беш аз 23 соли фаъолияти пас аз истиқлолият ба даст овардани кишвар барои ифроти намудани ҷомеа саъй варзид. Ҳар як узви фаъоли он фаъолияти таҳрибкорона бурда, мехостанд оташи алангаи нафрату надомаоро дар ҷомеа сар зананд. Он нафароне, ки имрӯз маҳбусанду наҳзаьтиён онҳоро “маҳбуси сиёсӣ” мехонанд, худ медонанд, ки барои кадомин амалҳояшон паси панҷара рафтаанд.

Дар изҳороти “Кумитаи наҷоти маҳбусони сиёсӣ”, ки ташкилкунандааш шахсан Муҳиддин Кабирӣ аст, омода аст, ки маҳбусон зери шиканҷа қарор гирифта истодаанд. Ин маълумот аз куҷост. Онҳо чанде пеш Хайрулло Мирсаидов ва Бузургмеҳр Ёровро низ гуфта буданд, ки маҳбусони сиёсианду барои додани маълумоти бардурӯғ мавриди шиканҷа қарор додаанд. Аммо онҳо дар мусоҳибаашон иқрор шуданд, ки ягон зулму истибдодро нисбаташон раво надиданд. Пас онҳо дигар мавзӯи ҳангоматалабӣ наёфтанд. Наҳзатиён аз он ҳиси тарс доранд, ки дар пайравӣ Саид Қиёмиддини Ғозӣ ва Аёмиддин Сатторов дигар маҳбусони ба қавли худашон “сиёсӣ” сирҳои накушодаро мегӯянд. Худи Айёмиддин Сатторов дар мусоҳибаи дуввуми худ қайд намудааст, ягон нафар ӯро маҷбур накардааст, ки бар зидди собиқ ҳамақидаҳои худ барояд. Кабирӣ аз он тарс дорад, ки рӯзи фаношавии ҳизбаш наздик аст, аз ин хотир аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаби дастиёрӣ мекунад.

    Дар муқобили таблиғоти нодурусту тоҷикбадбинии наҳзатиён  давлату Ҳукумати Тоҷикистон падару модарон ва мураббиёну муаллимон  мекӯшанд, ки фарзандонамон дар роҳи рост, бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ, руҳи шикастнопазирии дӯст доштани обу хоки диёр ба камол расанд.  Ҷаҳонбиниву дониш ва ақлу заковати мардуми соҳибназари мо дар қиёс ба 20 соли пешин хеле боло рафтааст. Ягон ангеза ва афкори иғвоангез наметавонад идроку фаҳмиши онҳоро дигар кунад. Барои фароҳам овардани чунин шароити созгор мебояд содиқона барои халқу миллати хеш хизмат намоем ва номи ин миллати тоҷдорро дар арсаҳои байналмилалӣ шинохта гардонем.

Абдуқаҳҳор  Бӯриев,

номзади илмҳои физика ва математика,

дотсент, устоди кафедраи физика ва математикаи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд