Амну осоиштагӣ, фазои ободу озод беҳтарин неъматест, ки Тоҷикстони мо тайи беш аз ду даҳсола онро соҳиб аст. Бо вуҷуди мушкилиҳои андаки иқтисодиву иҷтимоӣ сокинон бо шукрона барои пешрафти рӯзгори худ собитқадамона фаъолият мебаранд.

Албатта ин ҳама тифоқию ободӣ, солориву фурӯтании Роҳбари давлат на ба ҳар кас хуш меояд. Нерӯҳои опозитсионии кишвар, ки худро донову оқил метарошанд, имрӯз дар хориҷи кишвар бо кӯшиши ба даст овардани иродаи халқ бо амри хоҷагони худ кӯшиши ғайрат намуда истодаанд. Ин нафарон, ки роҳбариашонро Муҳиддин Кабирӣ бар дӯш дорад, бехабар аз онанд, ки ҳарчи қадар афкори мардумро зидди Ҳукумати кунунӣ метезонанд, ҳамон андоза халқ дар  симои давлат ва Ҳукумат такябон ва нерӯмандии худро мебинанд.

Мутаассифона, дар ин миён чанде аз равшанфикрон, хосса журналистон низ пойбанди идеологияи дӯрӯғини онҳо гардида, имрӯз ин нерӯи бузург бар зидди давлат нигаронида шудааст. Дар як моҳи охир наҳзатиён бо ҳамдастии чанде аз созмонҳо дар Берлин ҳамоиш барпо намуда, масъалаҳои имзои Созишномаи истиқрори сулҳро баррасӣ намуда, гӯиё қарор бароварданд, ки сулҳ сулҳи тоҷикон нест. Дертар қазияи тифлаки маъсум Ҳамзаи бемор дар расонаҳо паҳн шуда, душманони миллат  бо як маҳорати хосса бемори Ҳамзаро бархӯрди давлат ва ҲНИ муаррифӣ намуданд, ки ин хатои маҳз буд.

Чун Ҳамза бо модараш барои муолиҷа ба хориҷ фиристода шуд, онҳо «парчами пирӯзи»-ро боло бароштанд. Ҳол он ки худи мақомоти қудрати хостгори раҳо шудани Ҳамза аз ин бемори буд.

Баъдан куштори бераҳмонаи сайёҳони хориҷӣ аз ҷониби зархаридони Кабирӣ  кинаву адовати мардумро нисбати наҳзатиён болотар намуд. Наҳзатиён дар расонаҳои хориҷӣ  ҷор заданд, ки дар ин амал даст надоранд, аммо сари кафида зери тоқӣ намемонад. Маълум гардид, ки маҳз наҳзатиён бо сарварии Кабирӣ чанд моҳҳои охир тарҳи ин терактро кашида, бо анҷом додани амалашон хостанд ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва имиҷи Сарвари давлат зарбае зананд. Аммо меҳнати шабонарӯзии мақомотҳои интизомии кишвар ҳақиқатро рӯи об баровард. Бо вуҷуди гунаҳкорӣ Кабирӣ ба журналистони зархариди худ амсоли Аркадий Дубнов ва Олег Панфилов, ки бо нағораи Кабирӣ ҷавлон мезананд, рӯирост ҷониби Тоҷикистонро муттаҳам бар он карда истодаанд, ки ноҳақ амали террористиро бар гардани ТЭТ ҲНИ бор мекунанд. Аммо офтобро бо доман магар пӯшида мешавад.   

ТЭТ ҲНИ барои расидан ба мақсадҳои нопоки сиёсии худ ба амалҳои бешарафона даст зада, аз қатли инсонҳои бегуноҳ  рӯй намегардонанд. Дар зери шиорҳои «ҷиҳоду ғазоват» мехоҳанд ин «бемории бедаво»-ро бо кишварҳои дуру ҳамсоя таҳмил созанд. Бо ин кирдорҳои носолим, дунёро дар гирдоби тарсу даҳшатҳои тасаввурнопазир мехоҳанд нигоҳ доранд ва бо ин васила мавқеи сиёсии худро мустаҳкам намуда, соҳиби иқтидори иқтисодӣ гарданд. Муҳимтар аз ҳама иродаву афкори мардумро мехоҳанд ба даст оранд.  Ислом динест барои осудагиву амният ва ҳар як амале, ки дар аснои ибодат сурат мегирад, қалби инсонро ба шафқату муҳаббат ва раҳму адолат водор месозад. Тавре аз сарчашмаҳои аслӣ бармеояд, дар он дуруштиву ситам, таҷовузу ифрот ва дигар аъмоли зиддиинсонӣ вуҷуд надорад.

Муҳаррама Темурова,

мудири шуъбаи тарбияи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд