Тавре, ки огаҳем, воқеаҳои охир нишон дод як гурӯҳ шахсоне, ки ниятҳои ғаразноки худро мехостанд бо андохтани тухми кинаву адоват дар байни мардуми сарбаланди  Бадахшон бо амалҳои ифротгароӣ ба оромиву осоиштагии ин диёри кӯҳанбунёд амалӣ созанд, хуушбахтона онҳоро дастгир намуданд. Ҳамчунин Мамадбоқир Мамадбоқиров саркардаи гурӯҳи муташаккили  ҷиноятӣ бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ кушта шуд.   Аз филми "Шикасти Фитна" маълум шуд, ки  хоинони миллат ба монанди Улфатхонум Мамадшоева, Холбаш Холбашов ва Алим Шерзамонов тарҳрезикунандагони асосии воқеаҳои нангини санаи 18-уми майи соли 2022 будаанд.  Инҳо фирефтагони хоҷагони хориҷӣ ва ҳарисони мансабу вазифа буда, иқрор шудаанд, ки  худашон сабабгори марги чандин фарзандони тоҷик шудаанд. Мамадбоқир Мамадбоқиров бо ҳамроҳи хаммаслаконаш фитнакорона рӯ ба тахминзанӣ ва пешгӯиҳои пайғамбаронаи худ талош намуданд, ки барои манфиатҳои худӣ андешаҳои ғаразнокро дар шуури ҷамъият ҷой кунад. Пешвои миллат муҳтарам,  Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолате сарварии Точикистонро ба ӯҳда гирифтанд, ки ин давлат  аз собиқ  Иттиҳоди Шӯравӣ ҷудо шуда буд ва аз тақсимоти молӣ нисбати дагар давлатҳо дар канор монда, ба муаммоҳои дохилиаш ғарқ буд. Ӯ тавонист, ки тухми кинаю адовати миёни тарафҳои мукобил ҷойдоштаро бо сулҳу субот  иваз карда, миллати ҷониби парокандагӣ тамоюл гаштаро гирдиҳам оварад, асиливу сарфарозӣ ва номуси миллиро дар дили онҳо  бори дигар ҷой карданд ва миллати тоҷикро ба сӯи ободонию созандагӣ равона созад. Дар кӯтоҳтарин муддат тавонистанд, ки Тоҷикистонро яке аз давлати ободу озод мубаддал гардонид, ки танҳо  бадбину нобино метавонад инҳоро инкор кунад.         Дар давоми қариб 31 соли Истиқлолияти давлатӣ бо сарварии оқилонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди бисёр мушкилот ноамниҳо таҳкурсии давлати соҳибиихтиёриамонро гузоштем ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурӯъ намудем, таъмини Истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъминоти амнияти озуқавориро самтҳои асосию  стратегии давлат табдил додем.          Имрӯз бо шарофати Истиқлолият Ватани маҳбуби мо рӯ ба инкишоф овардааст. Мисоли инро  дар  чеҳраҳои пурнури модарону бонувон,  дар хандаи беғубори кӯдакон,  дар шуҷоати ҷавонон, дар дуои пур аз қаноатманиву шукронагузории пиронсолону мӯйсафедони нуронӣ дидан мумкин аст. Ин аз нури хуршеди Истиқлол ва солимии ҷомеа маншаъ мегирад.          Ҷавонони бонангу номуси миллат ҳеҷ гоҳ ба суханҳои фитнакоронаи хоинон гумроҳ намешаванд ва баръакс барои  шукӯфоии Ватани азизамон Тоҷикистони маҳбуб зери раҳнамои Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи ояндаи дурахшон равонаанд. 

 

Шаҳбоз Дадобоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд