Тоҷикистон ҳарчанд, ки нав ба соҳибистиқлолию озодӣ баромада бошад ҳам, масири худро дар роҳи муаррифӣ намудани халқи худ ҳамчун кишвари ободу озод аниқ карда, барои густариши ин масири интихобкардааш устуворона гом мезанад. Вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар дар ин самт аз он иборат аст, ки пайрави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуда, дар такя ба иқдомҳои давлату Ҳукумати кишвар оид ба пешрафти Ватани маҳбуби худ камари ҳиммат бубанданд.

Эҳёи мафкураи миллӣ имкониятҳои воқеии рушди миллат ва ормонҳои  онро дар роҳи расидан ба қуллаҳои баланди тараққиёт инъикос менамояд. Вале  то ба имрўз тассавуротҳо дар бораи мафкураи миллӣ дар шароити  суратафзоии ҷараёнҳои эҳтимолии рушди ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ аз ҷониби намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ дарк карда шудааст. Яъне замоне шуд, ки дар миллати худ чунин ҳизбҳо фаъолият намуда мехостаанд, ки ба решаи миллати худ теша зананд.

Ин нобакору нохалафон худ саркардаи ҷанги хонумонсӯзи бародаркушӣ буданд. Дар ҳақиқат хоинону ватанфурӯшон майдоннишиҳоро байни мардум ташкил намуда, ҳамон вақт низ мардумро тафриқа андохта, миллатчигиро оғоз карданд. Вале ин мутаҳамони нотавон ин ҳодисаҳоро нақшаи давлату ҳукумат медонанд, ки ин танҳо тӯҳмат асту халос. Ин хислати рафтори бадкирдоронаи онҳо то ба дараҷае омадааст, ки то кунун нияти нопоки худро бо мардуми худ бо миллати худ амалӣ кардани хастанд.

Бадбахтона, ҳамаи ин бозиҳо аз ҷониби кишварҳои манфиатдор, бо дасти гурўху созмонҳои ифротию террористие амалӣ карда мешаванд, ки ошкору ноогоҳ зери парчаму ишораҳои алоқаманд ба дини мубини Ислом фаъолият доранд.  Аммо яқин медонам, ки чунин ноинсофию дурӯғгӯӣ ва муттаҳамии наҳзатиёну дигар мухолифони миллатро мардум намепазирад. Ба хотири он, ки амалҳои онҳоро маҳкум намоянд, ҳамеша ба изҳоротҳои онҳо суханони зарбдор зада, ҷавоби мушахасси худро бо Ватандӯстию қавииродагӣ нишон медиҳанд.

Тавре аз Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, қайд карданд, ки: «…дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ, ки миқёси олам пур аз ҳаводисоти сиёсатбозиҳост, ба мисли ҷавонони солҳои наваддуми садаи гузаштаи фирефтаи афкороти бегонагони ифротгаро нагрдида, ба хотири пос доштани як зарра хоки муқаддаси ватан талош намоянд. Бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ кишвари худро дӯст доранд ва арзишҳори онро қадр кунанд».

Бархе аз иштирокдорони доираҳои баҳсӣ чунин амалҳоро таҳрезишуда, баъзеи дигарашон муқобил ба Ислом, гурўҳи сеюм барои бадном кардани ҲНИ ва ҳамин  тавр, ҳар шахс назари хешро оид ба ин қазияҳо баён менамуданд. Вале, беш аз навад фисади иштирокдорони  чунин баҳсҳо,  ки илму дониш ва китобхонӣ  фарсахҳо дур мондаанд, худро пуштибонии ин омилҳо нишон дода, ба таври худ аз он як навъ дифоъ мекарданд.

 

 

Қаюмова С.А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд