Вақте ки барномаи  “Поедем Поедим!”-и шабакаи телевизионии “НТВ”-и Русия  намоиши махсусро ба кишвари мо бахшид, дар лаҳзаи хеле кӯтоҳ чандин ҳазор сокинони сайёра  онро таввассути расонаҳои иҷтимоӣ тамошо карданд ва ба ободию пешрафти тоҷикон аҳсант хонданд. Ин ҳама шарҳҳоро хонда, рости маро эҳсоси аҷибе пахш намуд. Хостам даҳбораву  садбора онро тамошо кунам. Вақте ҷаҳониён тавассути ин барнома аз табиати афсонавӣ, кӯҳҳои сар ба афлоккашида, обоҳои мусаффо, мардуми дидадарою дилёбӣ он огоҳ шудан, қоил гардиданд, ки чи тавр як мулки ҷангзада ба мамлакати ободу зебо табдил ёфтааст. Барои ман он муҳим буд, ки муаллифи барнома  Ҷон Уоррени англис тавонистааст, олими ботиниву зоҳирии шаҳрвандони соҳибиқболи Тоҷикистонро кушода тавонад.  Мо чӣ гуна ифтихор накунем, вақте ки як зани одии савдогар, ки рӯзашро бо фурӯхтани асал рӯз мекунад,  бо лаҳни буррову тоҷикона ба меҳмон асалро нафурӯхт ва бо ифтихори бузург қайд кард: “Дар мо тоҷикон одат чунин, ки ба меҳмон назари хосса дошта бошем. Қадри инсон аз пул баландтар аст. Ин армуғони ман барои Шумо ва ба кормандони «НТВ».   Паси ин гуфтаҳо  ҷаҳони сипосе нухуфтааст, ки решаҳои мо аз гузаштагони соҳибфарҳангу фазилатпешаи мо об хӯрдааст. Пас мо миллати соҳибиқболем.

Аслан кишвари моро камзамин мегӯянд. Аммо бо ин ҳама камзаминӣ, бо ҳамин ҳама сангистону кӯҳсор мо дили бузург дорем. Ба таъбири шоири тавонони миллат Низом Қосим

Зиҳӣ бахту зиҳӣ даврони тоҷик,

Ба кайҳон мерасад айвони тоҷик.

Агарчи ҳалқаи кӯҳҳош танг аст,

Ҷаҳон ғунҷад ба даври хони тоҷик.

Ё ҷое шоири миллат Лоиқ овардааст:

“Замини тоҷикон кам” – гоҳ мегӯянд камбинон…
Замини тоҷикон кам нест, то тоҷик ҳасту Тоҷикистон аст.
Агар бисёр бошад фикрати раҳбар, замин кам нест!
Агар бисёр бошад фитрати раҳбар, замин кам нест!

Бале, бисёр аст фикрату фитрати раҳбари ин сарзамини бузургмардуму қавиирода. Бузург аст меҳраш ба халқи заҳматкашу заҳматдида. Содиқ аст қавлаш ба модару Ватан.

Ҳар субҳ сӯи кор мешитобам ва ободиву озодии диёрро дида, худро инсони хушбахт меҳисобам. Беихтиёр мавзеъҳои хушбоду ҳавои кишварам, дастовардҳои халқи бузургворам, фарзандони қаҳрамони миллатам, симои нуронӣ ва суханони Сарвари давлатам ёдам меоянд. Тоҷикистон кишвари бузургест, ки меҳри ин сарзамин ҳар як инсони асилро дар дилу дар ҷон аст. Сарзамини дилфиребу биҳиштосо, макони бузургони хирад, окилону фарзонагон ва шуҳратмандону шуҳратёр. Сарзаминест, ки бо ҳамаи бузургияш мардуми Суғду Хатлону Бадахшон, Панҷакенту Кӯлоб, Ҳисору Вахшу Варзоб барин мавзеъҳои  бузургу номдорро Ватан аст.

Табиати нотакрори Тоҷикистони азиз мафтункунанда буда, диққати сайёҳони ҷаҳонро муддати дароз ба худ ҷалб намудааст. Рӯдҳову чашмасорони равон бо обҳои мусаффо, кӯҳҳои сарбалаккашида, қалъаву минтақаҳои таърихӣ, иншоотҳои бузурги энергетикӣ ва биноҳои нави муосир ҳама манбаи тамошову сайру сайёҳат аст, ки шоистаи муаррифист.

Табиати нотакрору тамошобоби Тоҷикистон аст, ки маҳз ҳамин нуктаро ба назар гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи сайёҳӣ диққати бештар доданд.

Паёми Президенти кишвар дурнамои рушди устувори кишвар  дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ буда, дар самти амализосии бунёдкориҳо равона гардид. Эълоншавии соли 2018-2021 Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ далели гуфтаҳои болост.

Ин иқдоми дурандешонаю наҷибона тамоми мардуми кишварро руҳбаланд намуд. Дар баробари ин, дар деҳаву ноҳияҳо занони ҳунарманд дар дӯхтани либосҳои атласу адрас, намадрезӣ, қолинбофӣ, корҳои қаннодӣ, сохтани кӯза, танӯри бобоӣ  маҳорати баланд доранд.  Аммо онҳо  имконият надоштанд, ки маҳсули дастранҷи худро ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ ба фурӯш бароранд. Пешвои миллат  роҳи дурахшонро барояшон кушоданд. Ҳар як ҳунарманд бе пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ ҳунарҳои миллии худро ба гардиши бозори дохиливу хориҷӣ бароварда маҳсулотҳои худро муаррифӣ месозанд. Эълон намудани ин тадбир айни муддаост, зеро бо ин восита ҳунармандон маҳсули эҷоди худро бе ягон мамоминат ба фурӯш бароварда, сатҳи зиндагии худро беҳтар месозанд.  Бо ҳидояту дастгирии ин марди созанда, дар шаҳру ноҳияҳо корхонаҳои қолинбофии дастӣ ба кор шуруъ намуд ва занони ҳунарманди хонашинро ба ин соҳа ҷалб кард. Аз он ҷумла, маркази таълимӣ-истеҳсолии қолинбофӣ ва ҳунарҳои мардумии «Куҳсор», Маркази омӯзишии «Гулдаста» ва сехи атласу адрасбофӣ ба фаъолият шуруъ намуд, ки духтарони деҳаҳои дурдасти ноҳияҳоро барои омӯхтани ин ҳунари аҷдодӣ саъю кӯшиш намуда истодаанд.

Агар ба таърих назар афканем, аён аст, ки аҷдоди тоҷикон аз қадимулайём дар сарзамини ҳозираи Тоҷикистон зиндагӣ намуда, маданияти бой доранд ва халқи қадимтарини Осиёи Марказӣ мебошанд.

Боиси ифтихори ҳамаи тоҷикистониён аст, ки аз соли 2012 ёдгории Саразм дар Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид карда шудааст. Ёдгории Саразм исботи бешубҳаи он аст, ки робитаҳои тиҷоративу фарҳангӣ байни кӯчманчиён, чорводорон ва зироаткорони Осиёи Марказӣ вуҷуд дошт. Ин ёдгории бебаҳои таърихӣ дар наздикии шаҳри Панҷакенти бостонӣ, дар соҳили чапи дарёи Зарафшон воқеъ аст. Мавзеи таърихии дигар ин Маданияти Ҳисор маҳсуб меёбад. Зеро мулки Ҳисор таърихи ниҳоят қадим дошта, кохи бегазанд ва намунаи шаҳрсозиву шаҳрдории ҳунармандии халқи тоҷик мебошад.

Соли 2020, новобаста ба мушкилоти паҳншавии пандемияи СOVID-19 мо тавонистем, диққати ҷаҳониёнро ба таҷлили 5500-солагии Саразми бостон, ки ифшогари маданияти шаҳрсозӣ, ҳунармандӣ ва кишоварзӣ аст, инчунин 700-солагии шоири овозадор Камоли Хуҷандӣ ҷалб намуда, аз сатҳи баланди маърифатнокӣ, таърихдорӣ ва миллати қадима будани тоҷикон мужда расонем. Далели ин гуфтаҳои мо аз ҷониби ЮНЕСКО эътироф гардидани ҷашни ҷаҳонии Наврӯз, таҷлили ҳарсолаи идҳои Меҳргон, Тиргон ва Сада мебошад.  Ин идҳои миллӣ бозгӯи саҳифаҳои рангини таърихи мо мебошанд. Маҳз баргузории чунин ҷашнвораҳо ба рушди сайёҳии кишвар мусоидат мекунад. Тавре дар Паём омадааст: Дар соли 2019 аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон омадаанд, 1 миллиону 260 ҳазор нафарашон сайёҳон буданд. Ба хотири боз ҳам рушд бахшидани соҳа бояд шароиту имкони бештар муҳайё карда шавад. 

Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ Ҳисор дар замонҳои қадим бо номҳои Шумон, Ҳисор ва Ҳисори Шодмон ёд шуда, дар осори чинӣ бо унвони “Суман” зикр гардидааст. Ҳисор яке аз марказҳои ҳунармандии Мовароуннаҳр маҳсуб ёфта, дар қаламрави он ҳунарҳои кулолгариву заргарӣ, хиштпазиву коркарди сангу фулузот ривоҷ доштанд. Косибони ҳисорӣ ҳунари кулолгарӣ ва усулҳои онро хуб дониста, намунаи беҳтарини онро дар минтақа ба мерос гузоштаанд.

Хуҷанди бостонӣ, ки таърихи беш аз 2500 - сола дораду “Тирози ҷаҳон”-аш мехонанд, яке аз беҳтарин ҷойҳои тамошобоби сайёҳон аст. Маҷмуъаи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”, Боғи фарҳангию-фароғатии устод Камоли Хуҷандӣ, ки мақбарааш бо кафи хоки Табрез руйпӯш аст, Масҷиди Шайх Маслиҳатдин сазовори муаррифӣ ва шоистаи қабули сайёҳони гӯшаву канори олам аст.

Дигар аз мавзеҳои сайёҳатӣ, ки хориҷиёнро ба ваҷд овардааст. Ин шаҳри гулпӯшу ҳамешабаҳори Гулистон мебошад,ки дар соҳили “Баҳри тоҷик” қарор гирифтааст. Дар соҳили ин баҳри нопайдоканор арзи ҳастӣ намудани осоишгоҳҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ амсоли “Баҳористон”, “Шифо”, “Соҳил” ва даҳҳои дигар аст, ки имрӯз диққати ҳамагонро ҷалб намудааст.

Аз Аврупо то Осиё дар бораи “Искандаркӯл”, “Аловуддин”, “Водии Яғноб”, “Чилучорчашма”  ва дигар ҷойҳои таърихии мо бо хушнудӣ ҳарф мезананд, ки ин ифтихори ҳар яки мо аст.

Кӯҳҳои зарафшонаш кони зар,

Сарвату тиллои он машҳури даҳр.

Пахтаи бишкуфтааш рамзи ҳаёт,

Гандумаш нони ҳама аҳли башар.

Тоҷикистон кишвари пурсарвату бой аз захираҳои табиист. Нерӯгоҳҳои барқии обии машҳури он, ба мисли «Варзоб»-у «Норак» ва Роғун бо иқтидори бузургашон ҳосилкунандаи қувваи бузурги барқианд, ки ҳар бинандаро мафтун мегардонанд.

Иншоотҳои  бузурги  ин  кишвари  азиз дар ҳар гӯшаву   канори   он   тақвиятдиҳандаю   далели   ҳамаи гуфтаҳои болоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали Сарвари давлати тоҷикон шудан ба хиради азалӣ ва бунёдкориву созандагии миллати тоҷик такя намуда, доимо саъю талош меварзанд, то ки сарзамин, таърих ва истиқлолу ваҳдатро дар  Тоҷикистони азиз пойдору қавӣ созанд. Халқи тоҷик сиёсати Пешвои худро дастгирӣ намуда, аҳлона нақшаҳои созандаву ниятҳои неки бунёдкории ватани озоду соҳибихтиёрамонро амалӣ намуда истодааст.  Ҳоло яке аз масъалаҳои асосӣ ва муҳим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ин ба  даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ бо қувваи барқ мебошад.

Ин мисраҳор навишта ба ёдам гуфтаҳои нависанда ва публитсисти маъруфи Россия Александр Проханов расид, ки ӯ менигорад:

«Ман дар тӯли умри худ бисёр чизро дидаам. Зиндагии бардавом ба ман имкон дод, ки офаридаҳои бузурги инсонҳо, аз ҷумла мусаввирону оҳангсозонро бубинам, аз харобиҳо дидан кунам, бист ҷангеро, ки дар рӯи замин рух доданд, бо чашми сар бинам. Ман корномаҳои инсонҳоро дидам, ҳам разолату ҳам хиёнатро. Ман ҳамеша ба ваҷд меоям, вақте дар ҷойи харобаҳо ва фоҷиаҳо гулистонҳо, офаридаҳои мӯҳташами дасти инсонҳо пайдо мешаванд. Дар Роғун ман дидам, ки дар ҷое, ки ҳанӯз дар гузаштаи на он қадар дур ҷанг идома дошт, одамон ҳамдигарро қир мекарданд, мехостанд давлати ҷавонро барбод диҳанд ва ҳисси бадбинӣ ҳукмфармо буд, ногаҳон чунин «зебоии илоҳӣ» эҷод мегардад. Ман «зебоии илоҳӣ» мегӯям, ҳарчанд ҳамаи корҳо дар зери замин амалӣ мешаванд. Ба назар чунин мерасад, ки ин зебоии зеризаминист, вале дар ҳама сурат он «илоҳист»! Ин неругоҳ – як маъбади ба худ хос аст, ки дар он инсоният дар симои Тоҷикистон ва тоҷикон таманнои ояндаи худ мекунад, орзу менамояд, ки дар ин ҷо боғҳо шукуфанд, шаҳрҳо бунёд шаванд, одамон оилаҳо барпо кунанд, то ин ки дигар садои тиру тӯп баланд нагардад. Сохтмони Роғун – ин гули азими кайҳонист. Хушбахтам, ки бӯидани накҳати ин гул ба ман насиб гардид. Ташаккур, Роғун!

Мо мегӯем ташаккур ба Тоҷикистон, ташаккур ба нерӯи бузурги халқи бохирад. Ташаккур ба роҳнамои миллат, ки моро дубора ба оламиён чун кишвари бою фарҳанги шиносонд.

Он ки ҳар дам ҳаваси сӯхтани мо мекард

Кош меомаду ин дам тамошо мекард

 

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд