Яке аз масъалаҳои мубрами замони муосир  ин масъалаи терроризм ва экстремизм  мебошад, ки ҳамарӯза Президенти кишварамон бо ин падидаи номатлуби масъалаи ҷаҳонӣ имрӯза муқовимат иброз мекунанд. Мо ҳам ҳамчун шахси инсондӯсту меҳанпарвар бояд бо ин муаммои ногуфтанӣ ҳамавақт вокуниш нишон диҳем. Бо ҳама шаклҳои зуҳурии мавҷудбудаи худ имрӯз - терроризм ба яке аз хатарҳои ҷомеаи тамоми ҷаҳон табдил ёфтааст.  Аз ҷумла, барои Ватани азизи мо - Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, яке аз  вазифаҳои муҳимтарини таъмини амнияти миллӣ ва тамоми ҷаҳон  ин мубориза бар зидди терроризм буда, давлати мо ҷонибдори таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар ин самт мебошад. Хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир, ки давраи пешравии техникаю технологияҳо мебошад то ба имрӯз вуҷуд дорад ва ҳар як давлат кушиш ба харҷ медиҳад, ки амалиётҳои террористию экстремистиро решакан намояд.

Борҳо аз сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълум карда мешавад, ки таваҷҷуҳи асосӣ ба пешгирии  терроризм ва экстремизм, ки дар натиҷаи  пешгирии ҳолатҳои дохилшавии шаҳрвандон ба созмонҳо ва ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ, инчунин баргардонидан аз роҳи хатогӣ ба ватани худ, таъмин карда мешавад, нигаронида шудааст. Вазъи ҷаҳонӣ дар солҳои оянда боз ҳам мураккабтар гашта, Тоҷикистон бояд натанҳо амнияти худро, балки амнияти минтақаро низ таъмин карда тавонад.

Мубориза бар зидди терроризм дар Тоҷикистон ба ошкор, пешгирӣ ва рафъи амалҳои ғайриқонунӣ, ногузирии ҷазо барои ҳама гуна ҷиноят ва ҳифзи ҳуқуқҳои ҳар як шаҳрванд, амнияти шахсӣ, сарфи назар аз миллат, шаҳрвандӣ, дин, ақида ва эътиқодҳо равона карда шудааст.

 Ҷомеаи муосир бо бисёр намудҳои терроризм дучор мешавад ва ин истилоҳ бори вазнини семантикиро аз даст додааст. Зиёда аз сад таърифи терроризм ва террор мавҷуд аст, аммо ҳеҷ яке аз онҳо ба андозаи кофӣ муайян карда нашудааст. Ин вазъият ҳам ба мушкилии худи зуҳурот, ҳам терроризм ва ҳам омилҳои субъективии сатҳи дохилӣ ва байналмилалӣ вобастагӣ дорад.

Таърих дуруст ва саривақтӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ворид намудани тағйиру иловаҳоро нишон дод. Имрӯзҳо мушоҳида карда мешавад, ки дар давлатҳои Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон ин ҳолат то ҳол мураккаб боқӣ мондааст. Аз ин ҷмҳат, зарурати ба таври даврӣ таҳрири қонун дар бораи мубориза бо зуҳуроти экстремистӣ ва террористӣ хеле ҷолиби диққат аст. Ҳамин тавр, барои ҳама намудҳои гуногуни терроризм, ихтилофи назар дар бораи гурӯҳбандии намудҳои терроризм, зарурати фаврии таҳқиқи минбаъдаи илми ҳуқуқшиносии ин мушкилотро нишон медиҳад, зеро таҳияи онҳо низ ба эҳтиёҷоти фаврии амалӣ асос ёфтааст.

Ҳукумати Тоҷикистон дарк намуд, ки бо мавҷудияти ҳама душвориҳо, роҳи барҳам додани терроризм дар ҳолате таъмин карда мешавад, ки дар кишвар субот ва ризоияти мутақобилаи байни тамоми қишрҳои аҳолӣ мавҷуд бошад. Дар баробари муборизаи муштарак бо террористон оид ба ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли муноқишаҳо тавассути муколамаи сиёсӣ кори зиёде анҷом дода шудааст.

Саидхоҷаева Д.М. , устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд