Ҳар як халқу миллат бо фарзандони барӯмандаш фахр мекунад. Миллати тоҷик низ дорои абармардони бузург мебошад, ки ҳар яки онҳо барои миллати мо нобиғаанд. Яке аз чунин абармарди роҳи илм Бобоҷон Ғафуров мебошад. Дар миллати куҳанбунёди мо бузургон бисёранд, аммо на ҳама мисли Бобоҷон Ғафуров бо халқу миллат қарину ҳамақидаанд, муҳаббати халқро бар ивази меҳнати суботкоронаи худ ва бахусус “Тоҷикон”- аш ба даст овардааст. Ӯ фарзанди барӯманди  миллат буд ва имрӯз халқ бо ифтихор мегӯяд, ки Ғафуров писари миллат пояафзори миллат аст. Офаридани шоҳасаре мисли "Тоҷикон" ва чунин номгузории он дар замони ҳизби яккатози ҲКИШ, ғоя ва мафкураи худкоми камунистӣ, ки дигар ҳеҷ мафкураи ғайрро қабул надорад, худ як ҷасорат, корномаи илмӣ буд. Бобоҷон Ғафуров бо ҷасорат ва фидокории худ ба ин ақидаи ботил зарба зада, исбот намуд, ки тоҷикон яке аз миллатҳои бостонӣ, соҳибфарҳанг ва мутамаддин на танҳо дар қаламрави собиқ ИҶШС, балки  дар тамоми ҷаҳон мебошанд.

         Асари мазкур дар таҳқиқу баррасии таърихи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии тамоми Шарқ саҳми назаррас дорад. Далели аз тарафи аҳли илм эътироф шудани маҳсули меҳнати Бобоҷон Ғафуров дар он аст, ки ба “Тоҷикон” таърихшиносон, бостоншиносон, ховаршиносони номии Иттиҳоди Шӯравӣ аз қабили  академикҳо  Б.Б. Пиотровский,  А.П. Окладников, И.И. Минц, С.Л. Утченко, А.Л. Нарочницкий ва олимони  шинохтаи тоҷик академикҳо Б. Искандаров,  С.А Раҷабов, А. Мухторов, бостоншиносон, В. А. Ранов, Х. Мирзоев, А. Турсунов тақризҳо навишта ба он баҳои баланд доданд.

Таърихшиноси амрикоӣ Ричард Нилсон Фрай дар маҷаллаи “Ахбори муаррихони Амрико” мақолаеро таҳти унвони  “Академик Бобоҷон Ғафуров ва “Тоҷикон”-и ӯ" навишта ба китоб ва муаллифи онро чунин баҳо додааст. “Беназирии академик Б. Ғафуров дар таҳқиқи масъалаҳои илмии марбут ба Осиё на танҳо дар он аст, ки ӯ фарзанди миллати тоҷик аст, балки ӯ инчунин директори Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ ИҶШС - бузургтарин марказӣ ховаршиносие низ мебошад, ки таҳти раёсати ӯ дар кӯтоҳтарин муддат ба муваффақиятҳои беназир ноил гашт. Агар зарурияти тарҷумаи ангилисии ягон асари русии оид ба мавзӯи Осиёи Марказӣ пеш ояд, бешак он “Тоҷикон” аст”.[1]

 Шоҳасари  безаволи академик Бобоҷон Ғафуров" Тоҷикон" дар давоми ним аср беш аз 11 маротиба ба забони тоҷикӣ, русӣ, англисӣ,  дарӣ,  японӣ, Лаҳистон бо теъдоди умумии зиёда аз 400 ҳазор (1600000 дар "нашриёти муосир" соли 2020) нусха ба  табъ расидааст, ки он далели маҳбубтарин ва серхонандатарин  будани ин асари нодир далолат медиҳад.      

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 26-уми декабри соли 2019 баргузор гардид, чунин қайд када буданд. “Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон”-ро аз ҳисоби фонди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп намуда, то ҷашни 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи  кишвар  туҳфа намояд.”[2]  

Пешвои миллат худ ба ин китоб (яъне “Тоҷикон”) пешгуфтор навишта (таҳти унвони Шиносномаи миллат) чунин қайд менамоянд. “шоҳасари безаволи  Б. Ғафуров – “Тоҷикон” шиносномаи миллати мо буда, дар ташаккули худшиносии миллӣ ва рушди тафаккури таърихи  тоҷикон хизмати шоиста кардааст....

Худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ огаҳӣ доштан  аз таърихи гузаштаи халқ ва ошнои бо корномаи фарзандоне, ки дар роҳи расидан ба озодиву истиқлол  ва таҳқиқу пойдории давлатдории миллӣ талош кардаанд, сарчашма мегирад.”[3]

Аҳамияти илмии ин асар дар он аст, ки ҳар нафар хоҳ инсони соҳибхираду дилогоҳ, хоҳ коргару деҳқони оддӣ бо мутолиаи ин шоҳасари безавол як чизи тозае барои худ дарёфт менамояд. Дар вуҷуди шахси мутолиакунанда ҳисси инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ бедор мешавад. "Тоҷикон"- и Бобоҷон Ғафуров саршори пояҳои муҳаббат ба ватан, марзу буми аҷдодӣ, ваҳдат, озодӣ ва истиқлоли миллӣ буда, танҳо чунин шахсоне, мисли Б. Ғафуров, ки замирашон аз далериву матонат, мардиву адолат ва қалбашон аз меҳри Ватан- модар саршор аст, ҷасорат ва қудрату тавони офаридани чунин асарро доранд. Бобоҷон Ғафуров бо кору пайкори худ, ҷонфидоӣ ва ҷасорат, корномаи илмӣ ва тамоми осори пурарзиши илмии худ воқеъан  яке аз бунёдгузорони аслии ваҳдат, худшиносӣ, худогоҳӣ ва истиқлоли миллии мардуми тоҷик мансуб меёбад.

Шаҳзодахон Муъминова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд