Вақтҳои охир амалҳои террористиву экстремистӣ дар ҷаҳон доман паҳн намуда, хатари бузурги иҷтимоӣ ба миён овардааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии гуруҳҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои сарпарасти онон зиёд гашта, бештари онҳо бо номи поки дини ислом баромад менамоянд, байни мусалмонони олам ва дигар дину мазҳабҳо фитна бармеангезанд. Аз тарафи ин гуруҳ зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон мушоҳида мегардад.

Кишвари Афғонистон низ доимо ба “шарофат“-и онҳо доимо дар ҳолати ташвишовар қарор дошта, вазъи имрӯзаи он тамоми мамолики Осиёи Марказиро ба таҳлука андохтааст. Пӯшида нест, ки гурӯҳи “Толибон”, ки дар Тоҷикистон ва аксар давлатҳо мамнуъ ва террористӣ эълон шудааст, имрӯз аксар шаҳру вилоятҳои Афғонистонро зери тасарруфи худ дароварда, тамоми мамолики минтақаро зери хатар мегирад. Гарчанде давлатҳои абарқудрат ба мисли Русия бо онҳо гуфтушунид ба амал оварда, толибон ваъда доданд, ки ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя зарар намерасонанд, дар ҳама ҳолат моро ҳушёрӣ мебояд.

Давлати мо бо сарварии Пешвои кордону тадбиркораш Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи марзу буми кишвар ҳамаи чораҳоро меандешад. Артиши мо, ки тўли 30 соли Истиқлолият мукаммал гашта, ҷавонони баору номуси миллат дар он хизмат мекунанд, қодир аст сипари кишвар бошад. Ватан модари мост ва ҳифзи он ору номуси мост.

Хатамова Сабоҳат Мирзоазамовна - омӯзгори калони ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд