Реша рондани падидаҳои номатлуб аз қабили ифротгароиву терроризм, экстремизми динӣ, терроризми байналхалқӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир (норкобизнес) ва дигар амалҳои ношоиста, дар замони муосир доман фарох намуда, тамоми ҷаҳонро ба ташвиш андохтааст. Мутаассифона, аз ин амалҳои номатлуб Тоҷикистон низ бе баҳра набуда, чунин падидаҳо, рушди давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд, демокративу дунявиро халалдор мекунад.

Дар воқеъ таассуб ва ифротгароӣ яке аз падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, хатари умумиинсониро дар сайёра ба бор овардааст. Мусаллам аст, ки аҳдофи ҳар гуна гурўх ё ташкилоти ифротгаро бо роҳи зўриву истибдод ва ғайриқонунӣ бесуботу ноором намудани ҷомеа ва сарнагунсозии ҳокимияту давлат мебошад. Заминаҳои зуҳури тассубу ифротгароӣ мухталиф буда, бар ҷаҳолату авомфиребӣ, баҳрамандиҳои молиявӣ, дастрасӣ ба сармоягузориҳои ғайриқонунии манфиатҷўёни хориҷӣ асос меёбад. Чунин падидаи номатлуб ҳамчун василаи фишор ва амалисозии манофеъ ва хоҳиши давлатҳои абарқудрат дар ҷомеаҳои ҳассосияти баланди дини дошта, ки аксари бошандагон мусалмонон мебошанд, бештар ба назар расида истодааст. Мисоли равшани онро метавон дар ҳодисаҳои ҳузнангези Ироқ, Либия, Сурия, Афғонистон ва Покистон ба осонӣ мушоҳида намуд.

Аммо мутаассифона назар ба иттилои расонаҳои хабарӣ то ҳанўз будаанд он нафароне, ки дучори таассуботу нодонӣ гашта, ба файзу нусрати гулафшони Ватани маҳбубамон Тоҷикистон назари бад зоҳир менамоянд. Дар ин раванд яке аз масъалаҳои доғи рўз шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои ифротгарову тундрав ва ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ буда, боиси ташвиш ва таассуфи аҳли ҷомеа гардидааст.

Онҳо нафаҳмида истодаанд, ки дар воқеъ илм аз махсусиятҳои муҳими ҳаёти башарӣ буда, омили рушду тараққиёт ва камолот ба ҳисоб меравад ва миёни олами дину адаби ҷаҳон мавриди таваҷҷўҳ ва таблиғу руҷуи хос қарор гирифтааст. Бо ин дар назардошт, дар яке аз ҳадисҳои Паёмбари ислом Муҳаммад (с)  омадааст, ки «талабу лил мифа ризатун – ъалокулли муслиминва-л муслиматин», -яъне талаби илм бар тамоми мусалмонон, аз ҷумла, ҳам барои мардон ва ҳам барои занон фарз мебошад.

Иддае дигар бар сари онанд, ки фарзандон бояд аз муҳимоти илму техника ва тараққиёти ҷаҳони муосир бархурдору огоҳманд гардида, аз идеологияи динӣ барканор бошанд. Тавре воқеияти ҳаёти имрўза собит менамояд, чунин ақидарониву тасаввуроти афроди ҷомеа яктарафа ва ихтилофомез ба ҳисоб меравад. Зеро, ин ҷудоинадозиҳои фикрӣ ба тафриқаи дину мазоҳиб, бегонапарастии наслҳо, ихтилофоти идеализму марксизим ва исломситезӣ оварда мерасонад.

Дар ин маврид гуфтаҳои барҷастаи адиб ва мутафаккири рус Л.Н.Толстой ифодагари воқеияту ҳақиқати раднопазири ҳаёт буда метавонад, ки дар он омадааст:

«Ҳарки мехоҳад ба инсоният ва пешрафти он хизмат намояд, бояд он динеро, ки дар он тавлид ёфтааст, яклухт ин кор накарда, балки баръакс асосҳои ҳақиқати куллиро, ки дар исломаст, дарк намояд ва кўшиш кунад, ки онро пўшидадошта, покнамояд».

Мисоли возеҳи ин гуфтаҳо ҷавонони ба дину мазохиби бегона гироишёфтае, ки  аз аслу насаби аҷдодиашон рўгардонидаанд буда метавонад.

Муаттар Раҳматова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд