“Гӯётарин узви инсон даст мебошад, ки тавассути он ақл, идрок, андеша, ҷаҳонбинӣ ва тасаввурот ба воситаи ҳунар рӯи кор меоянд”, — қайд кардааст бузурге. Дурустӣ ва воқеияти ин нуктаро намунаҳои маҳсули дастони муъҷизаофари ҳунармандон тасдиқ мекунад.

Ҳанӯз ду-се даҳсоли гузашта ҳунарҳои миллии тоҷикӣ, ки имрӯз шуҳрати ҷаҳониро касб намудаву миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ мекунанд, дар гӯшаи фаромӯшӣ буданд. Ин аст, ки муаррихон эҳё ва шуҳрати кунунии ҳунарҳои мардумии тоҷикро дастоварди замони истиқлол унвон мекунанд.

Ин ки имрӯз намунаҳои ҳунарҳои миллии тоҷикӣ подиумҳои ҷаҳониро оро медиҳанду дар фестивалу чорабиниҳои сатҳи байналмилал ба намоиш гузошта мешаванд, чанд сол муқаддам афсонаро мемонд. Ҳамакнун ҳунармандони тоҷик либоси миллии тоҷиконаро бо навгониҳои муосир аз нав эҳё мекунанду арзишҳои миллиро муаррифӣ.

Ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил шудани чакан – навъе аз либосии милли тоҷикона, шуҳрати ҷаҳонии ҳунарҳои миллии тоҷиконаро бозгӯ мекунад.

Дар урфият мегӯянд, ки ҳунарманд ҳар куҷо бувад сарфароз. Ҳикмати амалии ин нуктаро дар зиндагӣ борҳо шоҳид мешавем. Зиндагӣ собит намуд, ки ҳунар инсонро аз мӯҳтоҷ будан нигоҳ медорад, ҳунарманд ҳеҷ гоҳ дастнигар намемонад. Ҳунар аст, ки инсонро соҳиби обрӯву нуфуз ва эҳтиром мегардонад.

Вақте маҳсули дастони инсон ба нафаре шодӣ мебахшад, маъракаеро обод мекунад ва маҳфилеро оро медиҳад, барои ҳунарманд аз ин дида сарфарозии баландтар мавҷуд буда наметавонад. Ҳунарманд дар ҳар гӯшаи дунё метавонад бо меҳнати худ ва муъҷизаи дастонаш қути лоямут ёбад ва зиндагиашро пеш барад. Ҳамин аст, ки ҳунар инсонро сарфароз месозад.

Ҳунар сармояест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз кардан номумкин аст. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида, болидарӯҳ мегардонад. Аз қадим тоҷикон бо ҳунарҳои миллӣ ва ҳунармандон шуҳрат доштанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти аҳамият ва нақши эҳёи ҳунарҳои мардумӣ солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд.

Ин иқдом замина гузошт, ки дар тамоми манотиқи мамлакат таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои мардумӣ зиёд шуда, нуфузи ҳунармандон боз ҳам боло равад. Пеш аз ҳама, эълон шудани сесолаи рушди ҳунарҳои мардумӣ ин нишон аз таваҷҷуҳ ба намояндагони соҳаи ҳунар аст. Аслан ҳама гуна таваҷҷуҳ ба инсон фараҳ мебахшад. Ва агар таваҷҷуҳ боз дар пай имтиёзу имконоти бештар дунбол орад, шоистаи таҳсинҳост. Эълон шудани соли 2019 – 2021  солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ барои ҳунармандон як қатор имтиёз овард. Аз андоз озод шудани ҳунармандон дар ҳама гуна ҳунарҳои миллӣ ташаббуси арзандаи Пешвои муаззами миллат буд, ки  дари имкониятҳои зиёдеро барои онҳо боз намуд.

Маврид ба зикр аст, ки муаррихон наздик 50 навъи ҳунарҳои миллиии тоҷикиро номбар мекунанд. Чакан як навъ гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст. Маъмулан ҳунармандон болои шоҳии сафед, сурх, зард, сабз, сатини сурх ва сафед бо риштаҳои рангин гулдӯзӣ мекарданд. Махсусияти чакан дар он аст, ки нақшу нигори ин гулдӯзӣ таърихи ҳазорсолаи мардуми тоҷикро таҷассум мекунад. Ҳар як нақшу нигори болои чакан ба худ маъние дорад ва анъанаҳои неки ниёконро мунъакис месозад.

Воқеан маълум аст, ки тобиш додан ба рангҳо ва ба ҷилва овардани онҳо кори нозукест, ки на ба ҳар ҳунарманд даст медиҳад. Маълум аст, ки олами мӯд пешгӯинашаванда аст ва раванди ҷаҳонишавӣ ба он бетаъсир намемонад.

Бо назардошти он ки либоси миллии чакан либоси рӯзмарра ва корӣ нест, дар либосҳои аврупоӣ низ, ки бонувони мо ба он таваҷҷуҳи бештар доранд, аз гулдӯзиҳои чакан истифода менамоянд. Имрӯз дар мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳои иҷтимоӣ ва сохторҳои гуногун бонувони тоҷик либоси расмӣ — коргузориро бо ороиши намунаҳои чакан ба бар доранд ва барои рушди кишвар фаъолият мебаранд.

Ҳунармандон дар давоми қарн­ҳои зиёд матоъ, зарф, асбоби мусиқӣ, қолин, чакан, маснуоти заргарӣ ва дигар намуд маҳсулоти ҳунармандиро тайёр мекарданд. Ҳунарҳои қадимаи ниёгон, хушбахтона, тавассути сулолаҳои ҳунармандон аз насл ба насл гузашта, то замони мо расидааст.

Тоҷиконе, ки дар шаҳрҳо сукунат доштанд, ҳунармандиро касби асосӣ қарор дода, дар ташаккули шаҳрҳо нақши муҳим бозиданд. Тибқи маълумоти шарқшиноси маъруфи рус  А. А. Семёнов, дар охири асри XIX барои мақоми шаҳрро гирифтани маҳалли аҳолинишин мавҷудияти зиёда аз 32 намуди ҳунарҳои мухталиф зарур буд. Дар гузашта намояндагони ҳар як намуди ҳунар одатан дар маҳаллаҳои алоҳида сукунат доштанд.

Дар байни тоҷикон маъмултарин ҳунарҳои бадеӣ бофандагӣ, коркарди фулузот (оҳангарӣ), кулолгарӣ, кандакорӣ, заргарӣ  маҳсуб меёфт. Ин ҳунарҳо хусусияти меросӣ — оилавӣ доштанд. Сирру асрор ва нозукиҳои ҳунар аз устод ба шогирд, аксар маврид ба писари калонии ҳунарманд омӯзонида мешуданд.

Дар Тоҷикистони соҳибис­тиқлол ба рушди ҳунарҳои бадеӣ дар сатҳи давлатӣ таваҷҷуҳ хос буда, мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» (аз 1 августи соли 2003, №43), қабул гаштани Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 (аз 31 октябри соли 2008, № 513), эълон гардидани сесолаи рушди ҳунарҳои мардумӣ дар ин самт такони ҷиддӣ гардид.

Ҳунарҳои мардумӣ шомили фаъолияти ҳамаи қишрҳои ҷомеа буда, як рукни фарҳанги миллӣ мебошанд. Бинобар ин мебояд нисбати ин пеша таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир кард. Бояд қайд намуд, ки ҳунарҳои мардумии тоҷикон бешумор буда, омӯхтан ва тарғибу ташвиқ намудани моҳияти онҳо дар байни омма ва оламиён омили муҳими муаррифии миллат мебошад. Зеро ҳунарҳои мардумӣ бемуболиға инъикосгари миллати тоҷик дар байни миллатҳои дигар маҳсуб меёбанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои моддию маънавии мардуми шарифамонро ба саҳми аҳли олам расонем ва тавонем нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ идома диҳем.

Носири Хусрав гуфтааст: тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол. Лиҳозо, аз сокинони сарбаланди кишвар даъват менамоям, ки ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои мардумии тоҷикӣ саҳмгузор бошанду ба анъанаҳои неки тоҷикона арҷгузор.

Мунзифа Раҳимова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд