Вазъи  дар Қазоқистон рӯйдода  аз он дарак медиҳад, ки дар тамоми манотиқи кишварҳои пасошӯравӣ душманон камин гирифтаанд ва аз паи ноором сохтани  ин минтақаҳо мебошанд. Ҳангоми сар задани нооромиҳо дар кишвари ба Тоҷикстони  стратегӣ ва дӯсту бародар, ки аксарияти маводи ғизоӣ аз ин мамлакат оварда мешавад,  эҳсос карда шуд, ки мо бояд бетараф набошем ва барои ором сохтан андешаҳои худро оид ба ин ҳодисаҳои номатлуб баён намоем, то ҷомеаи ҷаҳонӣ бидонад, ки шаҳрвандони манотиқи кишварҳои ҳамсоя аз вазъи ба вуҷуд омада худро ноором эҳсос мекунанд ва барои ҳарчи зудтар ба анҷом расидани он кумаки ҳамаҷонибаи худро дареғ намедоранд. Чуноне, ки Саъдии Шерозӣ мефармояд:

Чу узве ба дард оварад рӯзгор ,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

 Гурӯҳҳои ифротие ҳастанд, ки барои ноором сохтани кишвари мо низ чашм ало кардаанд ва мехоҳанд, ки ҳамон саҳнаҳои дар кишвари ҳамсоя ба вуҷуд омада дар мамлакати мо низ ба вуҷуд оянд. Ин гурӯҳҳои муғриз ва ифротӣ ба монанди Паймони миллӣ дар аврупо бо роҳбарону зердастони худ  Муҳиддин Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин мисли шағоли даштӣ  баромад намуда мехоҳанд, ки бо дасисаҳои бардурӯғи худ мардуми тоҷик ба бесариҳо даст зада вазъи ороми кишварамонро нотинҷ сохта андешаҳои нопоки хешро амалӣ созанд. Аммо мардуми кишвари мо зиракиии сиёсии хешро аз даст надода барои якдиливу оромии он тамоми кушишҳои хешро сарфа месозанд. Имрӯзҳо тамоми мардуми кишварамон барои сулҳу суботи кишвар саҳми худро гузошта истодаанд ва аз пайи ободкорӣ мебошанд.  Ин далели оромӣ ва ваҳдати пояндаи кишвари мо мебошад.

Исматулло Норов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд