Ҷаҳон да ҳоли хеле муташшаниҷ қарор дорад. Мо шоҳиди содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико ва Русия гардида истодаем ва қариб рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гӯшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд. Бо вуҷуди чунин вазъ, дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст.

Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест, баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад.

Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад.

Хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус, вазъи Афғонистони ҳамсоя моро водор месозанд, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем. Хоса, дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани террористони ба ном “Толибон” ва «Давлати исломӣ», ки баъзе шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ба он шомиланд, вазъро боз ҳам ноором намуда, боиси ташвиши давлатҳои ҳамсоя гардидааст. Тоҷикистон, ки бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад, ба ин масъала бетафовут буда наметавонад. Вазъи имрӯзаи сарҳад бо Афғонистон низ моро водор менамояд, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.

Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вазъи ҳасоси сиёсии ҷаҳонӣ дар мулоқот бо ҷомеаи фаъоли кишвар ва ходимони дин таъкид доштанд, ки дар замони бархурди тамаддунҳо ва муборизаҳои  геополитикӣ ҳифзи манфиатҳои миллӣ, муаррифи таъриху фарҳанги ниёгон  дар раванди таъмини ваҳдату суботи сиёсӣ нақши бориз мегузорад. Фаъолони ҷомеа ва ходимони дин, ки  тарғибгарони фаъоли сиёсати созандаи  давлату ҳукумат ва муаррифгарони таъриху фарҳанг  мебошанд, масъул гаштанд то ба мардум ҳарчи бештар дар мулоқот бошанд, руҳияи миллию хештаншиносии сокинонро баланд бардоранд, дастовардҳои шоистаи давлатдориро фаҳмонад. Ҳамчунин  таъкид гардид, ки истиқлолу ваҳдат неъмати бебаҳо буда, ҳифзи он бар души ҳар сокини мамлакат мебошад. Танзими расму оин, роҳ надодан ба унсурҳои бегонапарастӣ ба мардум фаҳмонидани роҳи дурусти диёнат, тарбияи фарзанд аз таъкидҳое буд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли толор   дастур доданд. 

Масъулияти бузурге, ки имрӯзӣ Сарвари давлат дар назди мо, аҳли маориф гузоштаанд, дар он аст, ки ин дастурҳоро сармашқи фаъолияти ҳамарӯза қарор дода,    бо баргузор намудани мулоқоту вохуриҳо бо донишҷӯён то муҳимияти масъаларо расонем.  Онҳоро ба он ҳидоят намоем, ки бештар аз ҳама худогоҳу хештаншинос бошанд, ба қадри ин сарзамин бирасанд.

Тоҳирҷон Тоҳиров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд