Яке аз калимаҳое, ки барои фарзанди инсон ошною муқаддас ин - муаллим, омӯзгор мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид медоранд:

 Зери ин калимаҳои бузург омӯзандаи илму дониш, фарҳангу адаб ва тарбиятгари миллат таҷассум меёбад. Муаллим шахси барӯмандест, ки аз хурди инсонро илму адаб омӯхта, ӯро ба воя мерасонад. Ӯ бузургшахсест, ки дар баробари волидони мунису ғамхор касро олами маънӣ меомӯзонад. Тавре гуфтаанд: “тамоми фикру андешаи ман ҳамчун Сарвари давлат дар баробари таъмин намудани сулҳу оромии мамлакат ба ҳалли масъалаҳои маориф ва дастгирии ин соҳаи барои ҷомеа ва давлат ниҳоят муҳим банд буд. Ва чунонки мушоҳида мекунед, ман ҳамаи имконоту василаҳоро ба хотири таҳким бахшидани пояҳои илму маориф равона карда, ба рушди ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ диққати махсус медиҳам ва ин масъаларо ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати Давлат ва Ҳукумат бо истифода аз тамоми захираву имконот дастгирӣ менамоям».

Воқеан ҳам, дар давраи Истиқлолият аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва мавриди иҷро қарор дода шудани нақшаи ислоҳоти соҳаи маориф, Барномаҳои давлатии компютеркунонии мактабҳои таҳсилоти умумӣ, такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, рушди соҳаи тарбияи томактабӣ, гузаштани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба шакли нави идора ва маблағгузории сарикасӣ натиҷаҳои хуб доданд.

Дар ин фосила нақш ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа хеле боло рафт. Мисли солҳои пешин омӯзгоре, ки дониш дорад, малака дорад, миёни ҷомеа ҳарфу суханаш вазн дорад, боз ҳамон мартабаи пешинаро дарёфтааст.  Муҳим он аст, ки устодро аҳли ҷомеа мисли падар эътироф ва ҳурмат мекунанд

 Ҳаққи устод аз падар беш аст,

В-аз падар устод дар пеш аст 

    Муаллимро имрӯз метавон ба равшангари шоми шогирдон ташбеҳ дод. Ӯ нуре аст, ки чашмони шогирдонро равшанӣ мебахшад, оламро мунаввар ва мушкилии роҳи ҳаётро осон мегардонад.

 Ҳар киро устод набвад кор бар бунёд нест,

Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.

 

   Сарчашмаи хамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани шогирдони баркамол маҳз ба маҳорати омӯзгорон вобастагӣ дорад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзанд, ки чандон кори осон нест.

   Муаллим ба қавли бузургон муҳандиси руҳии инсон аст. Тавре, ки муҳандис нақша ё созмони ягон кореро ташкил медиҳад, муаллим низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адаб меомӯзад ва онҳоро ба ҳаёти ояндаи солим омода месозад. Муаллимро оинаи халқ мегӯянд. Оинае, ки ба он нигариста камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Яъне, омӯзгор ибратомӯзест, ки ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамаш саропо ибрати соҳибдилон аст.

Хуррам онест, ки сазовори номи бузургу ин касби пуршараф аст. Омӯзгори касби нихоят пуршараф аст ва омӯзгор касест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварист. Аммо донистану аз худ кардани навоварию ҷамъи рафтору гуфтори нек ба кас ба осонӣ муяссар намешавад. Чандон осон нест, ки аз тифле, ки аз олами маънӣ хабаре надорад, олиме сохт.

Расад ҷон бар лаби бечора устод.

Ки ҳарферо ба шогирде дихад ёд.

   Даме ки устод шогирди ба ҷон парвардаашро руйи коре мебинад, беихтиёр мефахрад, ки нахли парвардааш самаре додааст. Меболад, ки маҳсули заҳмати беандоза ва дастранҷи заҳматталабаш имрӯз руйи об аст.

 

 

 

Рашидова Ф.М омӯзгори ДПДТТХ