Аз ваҳдату ҳамгироии тоҷикон соли равон 27 сол пур шуд. Тӯли ин солҳо Ватани мо тинҷу ором ва зиндагии босаодат насиби халқ гардида истодааст. Самараи сулҳ аст, ки нишондодҳои иқтисодиву иҷтимоиии мамлакат сол то сол беҳтар гардида, зиндагӣ бо маром пеш меравад. Муваффақ шудан ба ризоияти миллӣ ва сулҳу ваҳдат ин пеш аз ҳама аз хиради мардум ва талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст. Роҳбари дурнигар ва боадл аввалин коре, ки ба сомон расиниданд, ин пеш аз ҳама бахшидани гуноҳҳои онҳое, ки сабабкори аслии ҷанги шаҳрвандӣ буданд. Пешвои муаззами миллат бо самимияти беназири инсонӣ, рӯҳи қавии ватанпарастӣ дар такя ба эътиқоди мардуми диёр ба ин дастоварди таърихӣдастёб шуданд. Кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат, ҳамчунин хираду заковати мардуми бонангу бофарҳанги мо дар ин роҳ натиҷаҳои матлуб ба бор оварданд ва ниҳоят 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Имрӯз таҷриба ва амалияи сулҳи тоҷикон на танҳо аҳамияти миллӣ, балки арзиши ҷаҳонӣ низ дорад. Зеро он роҳ ва намунаи хуби ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ дар давлатҳои минтақаҳои гуногун шуда метавонад. Беҳуда нест, ки таҷрибаи мо дар ҷодаи таъмини сулҳ, ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани қариб як миллион гуреза ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуд ва ҳамчун намуна ё модели нодири сулҳофарӣ эътироф гардид. Омӯзиши ҳамаҷонибаи ин таҷриба имконият медиҳад, ки пеши роҳи сар задани чунин низоъҳо ва моҷароҳо гирифта шавад ва дар сурати ба вуқӯъ омадани ҳар гуна муноқишаҳо роҳи ҳалли онҳо ҳарчи зудтар пайдо карда шавад.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон нишон дод, ки дар ҳалли чунин низоъҳо омилҳои дигар низ метавонанд таъсири худро расонанд. Аз ҷумла нақши Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, дигар сохторҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, ки дар ин Шӯро ба ҳам омаданд, дар роҳи муттаҳид намудани нерӯҳои солими ҷомеа назаррас мебошад. Таъсири Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон, ки 9 марти соли 1996 аз ҷониби 30 ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо ширкати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид ва дар заминаи он Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон таъсис ёфт, дар пешрафти музокирот ва сулҳи тоҷикон бузург мебошад.

Ҳадафи асосии Аҳднома ва таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ муваффақ шудан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ буд, ки хушбахтона, халқи тоҷик ба ин мақсади олии хеш ноил шуд. Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз низ нерӯи бузурги сиёсие мебошад, ки ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, эҷодӣ, касбӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятии бонуфузи кишварро муттаҳид намудааст. Ин қудрати бузург ва умедбахшест барои ноил гаштан ба ҳадафҳои олӣ, яъне таҳкими сулҳу ваҳдат, устувории давлатдорӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон. Бо дарназардошти ин аз ҷониби аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон санад доир ба тамдиди бемӯҳлати Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон ба имзо расид.

Маҳз ҳаллу фасли масъалаҳои дар Созишнома баёншуда таъмини сулҳи бебозгаштро дар кишвар таҳким бахшид. Мо имрӯз аз он ифтихор дорем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон барои дигарон намуна буда, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф гардидааст. Таърих кам ёд дорад, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар чунин як мӯҳлати кӯтоҳ хотима ёбад ва ҷонибҳои даргир ба ҳам дасти дӯстиву бародарӣ дода, ба хотири Ватан, сарзамин, амнияти халқу миллат ва арзишҳои миллӣ муттаҳид гарданд.

Наргис Хамидова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд