Ҳоло, ки Тоҷикистон марҳилаи гузариш дар самти пешрафту тараққиëтро аз сар мегузаронад, мардумони бо фарҳангу бо маданиятро водор месозад, ки беш аз ҳарвақта баҳри амалигардонии ҳадафҳои стратегии кишварамон кӯшиш намоем, то миллати мо ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта бошад. Бо тамоми қувваю нерӯи зеҳниву ақли баҳри гиромидошти арзишҳои олии Ватани азизамон Тоҷикистон бояд талош варзем, зеро моро дар тамоми олам ҳамчун миллати пешрафтаву ташаббускор дар самти муаммоҳои халталаби замони нав мешиносанд ва эътироф мекунанд.

Бояд қайд кард, ки ҳар фарди баору номуси миллати тоҷдори тоҷик аз ҳифзу Ватани худ саркашӣ накарда, баракс ба хотири пояндагии сулҳу субот дар Тоҷикистон агар лозим шавад, ҷоннисори кунанд.

Зеро имрӯзи ободи моро низ гузаштагони мо бо нархи ҷони хеш харида, тавонистанд фазои Истиқлолиятро дар Тоҷикистон танинандоз кунанд. Чунин буд нишони ватандӯстии гузаштагони мо, ки ҳатто барои Ватан аз баҳри ҷони ширини хеш мегузаштанд. Аммо бубинем, ки имрӯз бар мо оид ба баланд бардоштани ҳисси меҳанпарастӣ чи гуна тарғиботҳои бегонаро дар зеҳни мо ҷой кардани мешавад. Дар ҳамин асно мехоҳам нуқтаеро дарҷ намоям, ки дигар осон нест, фирефтани марудмони огоҳи тоҷик. Зеро муқаддас будани Ватанро ҳар кадоми онҳо хуб медонанду онро ҳифз менамоянд.

Тоҷикистон ягона давлате, ки ҳамеша аз ҳимояи озодии халқ талош мекунанд. Пас моро мебояд, ки ҳамдилу ҳамзабон ва ҳамрадифи амалҳои ватандӯстонаи эшон бошем.

Дидани чеҳраҳои хандони модарон ва шукуфтанҳои рухсори кӯдакон худ зиндагии шоистаи мардумони тоҷикро инъикос менамояд.

Маҳз ба хамин хотир шукргузорӣ як нишони одилист ва хирадмандии Тоҷикони тоҷдор аст. Зеро рӯзҳоеро ҳам ин мардумони азиятдида аз сар гузаронида буданд, ки танҳо ғаму андӯҳу кулфатро мемонд. Шукри Худо, ки ба Истиқлолу озодӣ расида, он рӯзҳоро паси сар намуданд.

 

Маҳмудова Фароғат Мирзонасриевна, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд