Ҳар яки мо шоҳиди онем, ки бо шарофати баҳои Истиқлолияти давлатӣ ва устувории Ваҳдати миллӣ Ватани азизамон Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафтаи дунё табдил ёфтааст. Бо саъй уталошҳои пайгиронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои хоксоронаи мардуми шарифи Тоҷикистон ба шарикони стратегии он Ватани мо рӯз аз рӯз ободтар шудаистодааст. Бунёди нақбҳо таҷдиду ободии роҳҳо, бунёди неругоҳҳои бузургу хурд, муассисаҳои таълимию маишӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос, этибори махсус ба соҳаи маориф, рушди иқтисодиёт, бехтар шудани сатҳи зиндагӣ, хизматрасонӣ ва амсоли он моро ба пуррагӣ қонеъ карда метавонад.

       Ҳар яки мо ба тавассути оинаи ҷаҳоннамо ва расонаҳои хабарӣ ваъзи ноороми кишварҳои даргири Шарқи наздик иттилоъ дорем. Рӯзи сиёҳе, ки ба сари мардуми одӣ ва осоиштаи он мамолик омодааст мурғони ҳаво ва моҳиёни дарёро ба гиряву фиғоновардааст.

       Неъмати беҳтарине, ки ҳар як инсон ба он ниёзмандаст, пеш аз ҳама сулҳу оромист. Мо шукр аз он дорем, ки имрӯз дар оромиву осудагӣ умр ба сар мебарем, бо хотири ҷамъу дили беғам машғули кору фаъолият ҳастем. Аммо афсӯс, ки як падидаи номатлуб моро ором намегузорад. Имрӯз дар ҷомеаи шаҳрвандии мо нисбати дину диндорӣ ақоиди мухталиф ба миён омадаанд. Мо ҳамчун омӯзгор шаҳрванди ҳамин кишвар шоҳиди он будем, ки замоне ҳизби наҳзати бо ҷомаи ислом чӣ мусибате ба сари мардум овард.  Мардум дар оғози таъсиси ҲНИ гумон доштанд, ки ҳадафи асосии он танҳо тарғибу ташвишҳои арзишҳои дини мубини ислом аст. Аз ҳамин лиҳоз, сафи аъзои он афзуд.

       Мутаассифона, ҲНИ дар солҳои охир принсипи кори худро дигар карда, ҳадафҳои сиёсӣ ва тундгароии худро пеш гирифт. Мардуми шарифи Тоҷикистон, ки дар солҳои 90-уми қарни гузашта фоҷеаҳо ва мусибатҳои ҷанги бародаркушро дида буданд, талхии заҳри ҷанг ҳанӯз дар комашон боқӣ монда буд, аз аҳдофи муғризонаш роҳбарияти ҲНИ огоҳ шуданд ва дилашон аз ин ҳизб монд. Онҳо ба таври оммавӣ нобоварии худро нисбати ҲНИ дар интихоботи 1 марти соли 2015 иброз доштанд. Ҳамин буд, ки ин ҳизб аз ҷониби мардум дастгирӣ наёфт.

 

       Аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар қатъ намудани фаъолияти ҲНИ тадбири одилона буда, мардуми мусалмон ба фаъолият ва мавҷудияти чунин ҳизби экстремистӣ ва террористӣ ниёзе надоранд.

       Мо нисбати собиқ аъзои қатории ҳизби мавсуф, ки пас аз фаҳмидани хатоҳои худ аз узвияти он даст кашидаанд, эҳтиром дорем ва бо онҳо софдилона меҳнат карда, баҳри шукуфоию пешрафти Тоҷикистони азиз, пояндагии Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи фардои дурахшон қадам мегузорем. Албатта, барои муваффақ шудан ба он ҳар яки моро зарураст, ки аз як гиребон сар бароварда, дар зери як парчам, ки он Парчами Тоҷикистон буда, барои ҳар яки мо муқаддас аст, муттаҳид шавем. Ба ихтилофоту зиддиятҳо роҳ надиҳем ва насли наврасу ҷавонро, ки ояндаи кишвари мо дар дасти онҳост, дар рӯҳияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ватанпарварию меҳнатдӯстӣ, инсондӯстию маърифатпарварӣ тарбия намоем.

       Ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ муаззафаст, ки бо ҳисси масъулият пойдории сулҳу Ваҳдат ва ҷовидонии Истиқлолияти давлатӣ саҳми инсонӣ ва шаҳрвандии худро гузорад. Ҳар яки мо бояд сади роҳи ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва террористӣ шавем. Ба он муваффақ шавем, ки насли имрӯзу фардо сиёсати сулҳпарваронаи Сарвари давлат ва талошҳои пайгиронаи ӯро барои ободии кишвар дуруст ва саҳеҳ дарк кунанд, шукри он кунанд, ки дар замони истиқлолият аз меваи шаҳдбори дарахти Ваҳдат баҳраманданд. 

Фирӯза Рашидова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд