Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 сол муқаддам бо кӯшишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз музокироти тӯлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми Ватан, таъмини сулҳу субот ба имзо расида буд, ҳамчун санади сарнавиштсозу саодатбахши миллӣ мақоми хосса  пайдо намудааст.  

Табиист, ки раванди сулҳсозӣ амали саҳлу осон набуд ва сарсупурдагиҳову талошҳои Пешвои муаззами миллат буд, ки халқи мо аз вартаи ҳалокату фоҷиа раҳо ёфт. Президенти мамлакат тавонистанд, дар арсаи байналхалқӣ роҳи ҳалли мусолиҳатомези дохилиро ба ҷаҳониён нишон диҳанд. Ин таҷриба ва дастовард  барои дигарон намуна ва барои миллати тоҷик роҳнамо гардид.

Баъд аз  ба тасвиб расидани ин санади таърихӣ дар кишвари соҳибистиқлоли мо марҳилаи созандагӣ оғоз гардида, Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат ба шоҳроҳи тараққиёт ворид шуда, дар арсаи байналмилалӣ нуфузу эътибори баланд пайдо намуд.

Тоҷикистони соҳибистиқлол бо рушди иқтисодию иҷтимоӣ мавқеашро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам намуд ва нуфузу ҷойгоҳи он дар равандҳои муосири ҷаҳонӣ баланд гашт, ки ҳамаи ин аз файзу баракати Ваҳдати миллист.

Тӯли 27 соли Ваҳдати миллӣ барои миллати сарбаланду фарҳангпарвари мо марҳалаи бобарор ва пурифтихор буда, дар заминаи боэътимоди сулҳу оштии миллӣ ва заҳмату фаъолияти пурсамари сокинони мамлакат ҳазорҳо иншооти таъйиноти иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангию варзишӣ, дар ин ҷараён садҳо муассисаҳои замонавии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ сохта ба истифода дода шуданд. Бунёди дигар иншоотҳои гуногун идома доранд, ки ин ҳама неъмати соҳибистиқлолӣ ва файзи Ваҳдати миллӣ мебошанд.

                Шукри замони соҳибистиқлолии Ватани маҳбуб, Пешвои муаззами кишвар, сулҳу амонӣ, ки имрӯз халқи азизи ман ба ин  ободиву шукуфоӣ расидааст. Ҳамаи ин пешравию ободиҳо муъҷизаи табиат не, балки маҳсули ақлу хиради воло,  арақи ҷабину ҷидду ҷаҳд ва талошҳои созандаи мардуми соҳибтамаддуни тоҷик аст.

                Ҳамватанони ман муъҷизакоранд. Онҳо роҳҳои васеъ, бо тарҳи дилчаспу замонавӣ иморатҳои нав месозанду шаҳрҳо обод мекунанд, заминҳои нав мекушоянд, маҷрои дарёҳоро баста, неругоҳҳои бемисл бунёд намуда, ба зиндагии шоиста мерасанд. Бахту саодат ва иқболи баланд худ аз худ насиб намешавад, онро худи кас бояд ҷустуҷӯ намуда ёбад.

                Тоҷикистони азиз, эй Ватани маҳбуб! Ту бароям беҳтарин бахту давлат, сарвату саодат ҳастӣ. Аз тамошои сабзаву боғҳои дилкушоят чашмонам нур мегиранду чаҳ – чаҳи булбулону мурғони хушнавоят сафои ботинамро мефизоянд. Ба атроф менигарам, кӯҳҳои сарбаландатро дида, ифтихорам дучандон мегардад, онҳо рамзи устуворию сарбаландии халқи бузургворам ҳастанд. 

         Мо бояд дастҷамъона арзишҳои бузурги миллиро ҳифз намуда, дар пойдорию таҳкими суботи сиёсӣ, сулҳу Ваҳдати миллӣ саҳми муносиби хешро гузорем ва ба наслҳои ояндаи ин миллат кишвари ободу пуриқтидорро мерос гузорем.

Фирӯза Рашидова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд