Ватан меҳрат ба дил дар сина ҷо шуд ,

Ба гулзори чаманҳо  чу ғунча во шуд .

Ватан бурборию фирузии мост ,

Ватан хушнудию пирузии мост. 

        Ваҳдат ин  якдилӣ ва ягонагӣ буда яке аз омилҳои осоиш, пешрафти ҷомеа ба ҳисоб  меравад . Ин омил орзую омоли кулли халқҳои олам аст. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард. Истиқрори сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ , дастоварди бузург дар таърихӣ мардуми Тоҷикистон  мебошад.

    Баъди гуфтушунидҳои тулонӣ 27-уми июни соли 1997 “Созишномаи  умумии истиқрори сулҳ “ дар шаҳри Маскав ба имзо расид, гарчанде ин ба осонӣ ба даст наомадааст. Ин сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кудакон пиронсолону ҷавонон ки маҷбур тарки Ватан карда буданд  бори дигар ба зиндаги и шарафманд умедвор сохт . Сулҳ ба даст омад ин натиҷаи заҳматҳои зиёди шабонарузии сулҳофарини миллати тоҷик ва иродаи неки фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Беҳуда нагуфтаанд, ки :

 Аз ноумедиҳо басо умед аст ,

Поёни шаби сиёҳ сафед аст.

    Бинобар ин моро лозим аст , ки ин неъматҳои бебаҳо ва муққадас –ваҳдати миллиро пос нигоҳ дорем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандусту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин муқаддасотро ҳифзу эҳтиром  намоянд.

   Мо бояд ба қадри сулҳу суботи кишварамон бирасем  ва ҳамчунин дар ҳифзи истиқлолият саҳми муносибе гузошта, арзишҳои сулҳу ваҳдати миллиро ҳифз  намоем.

Мафтуна Қудузова