Ваҳдат аз вожаи арабии “воҳид” як, аввал, одина гирифта шуда, маънои луғавиаш ягонагӣ, маҷмуъ, дастаҷамъӣ, иттифоқ мебошад. Вақте ки вожаҳои “ваҳдат” ва “миллат” ба ҳам тавъам мегиранд, дар тааммулаш шахс мазмуни амиқи фалсафиро дармеёбад, ки дар он на танҳо як гуруҳи алоҳидаи қавму миллат иттифоқ мегиранд, балки зери ин чатри бузург ва осмони сулҳу субот гӯяндагони мухталифи ҳарфу забон ҷамъ меоянд, ки ҳадафашон таҳти парчами ягона муттаҳид сохтани миллат аст. Воқеан, “ваҳлати миллӣ” дармони миллионҳо ашхос ба шумор мерафт, ки тӯли чанд сол пайваста дар орзуяш буданд.

Ҳашт ҷаласаву вохӯрие, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Кобул, Теҳрон, Маскав ва Тошкант баргузор гардиданд, ниҳоят, даври нӯҳум самараи хешро дод, зеро санаи 27 июни 1997 дар шаҳри Хуҷанди бостон санаде ба имзо расид, ки миллати тоҷикро сарҷамъ сохта, ба ормону орзуҳои деринаи халқ дармон шуд. Ин санади тақдирсоз “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ном дошт, ки ба туфайли он миллати парокандаи тоҷик сарҷамъ шуд ва тахминан 1 милллион мардуми фирорӣ ба Ватан баргардонида шуд. Яъне, ваҳдати миллӣ миллатро аз вартаи фаромӯшӣ, нобудшавӣ ва парокандагӣ наҷот дод.

Ин ҳуҷҷати тақдирсоз маҳз бо кӯшишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад. Воқеан, ҷасорат, далерӣ ва шуҷоати ин фарзанди фарзонаи миллат боис гашт, ки новобаста аз хавфу хатар ба ҷони хеш то даври охирин мубориза бурд, зеро ҳадафаи ягонааш қатъи бародаркушӣ, сарҷамъи миллат ва пойдор сохтани сулҳу субот буд.

Бинобар ин бо мақсади қадрдонӣ ва шукргузорӣ ба ин дастоварди таърихӣ бо фармони Раиси ҷумҳур санаи 27-уми июн тибқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” дар саросари кишвар ба ҳайси иди расмии давлатӣ ҳамасола бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯзи таърихӣ бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, муассисаву ташкилот ва ниҳодҳои ҷузъу томи низомӣ бахшида ба Ваҳдати миллӣ чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ доир мешаванд.

27-уми июн – тибқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзи истироҳат муқаррар шудааст.

Пас аз ба имзо расидани созишномаи сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллӣ аз ҷониби Ҳукукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ то имрӯз ободкориҳои бешумор идома доранд, ки зери таъсири он миллати куҳанбунёди тоҷик бо сулҳу субот умр ба сар мебарад.

Воқеан, бо супориш ва раҳнамоиҳои Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сохторҳову муассисаҳои давлатӣ ва ниҳоду ташкилоти ҷамъиятӣ баҳри ободии Ватан иттифиқан заҳмат мекашанд.

Имрӯз ҳар меҳмоне, ки Ватани азизамонро зиёрат мекунад аз ободиву шукуфоии давлат ба ваҷҳ меояд, зеро кишвари куҳанбунёди тоҷикон ба як давлати мутараққиву зебоманзар табдил ёфтааст.

 

Мақсудов Умедҷон, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд