Илҳом Ёқубов,  собиқ сарвари ҲНИ дар шаҳри Хуҷанд, ки худро Раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ эълон доштааст, дар ҳар баромадҳои хеш аз он шиква мекунад, ки хостаҳои муҳоҷирин иҷро намешавад. Ба андешаи ӯ танҳо муҳоҷират хосси тоҷикон аст. Суоли нахустин ба ин «некӯхирад» он аст, кӣ ва дар куҷо ӯро роҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ интихоб кард? Ва баъдан аз Осиёи Марказӣ  наздики 10 миллион муҳоҷирон дар хориҷи кишвар иқомат доранд. Миёни онҳо дигар лидер ёфт нашудааст, ки Илҳом Ёқубови кӯрсавод роҳбари ин Анҷуман шавад. Сониян кӣ ба ӯ иҷозат додааст, ки аз номи ҳамин қадар муҳоҷирон фикри шахсии худро ба сари миллати мо таҳмил кунад. Ҳол он ки дар хориҷи кишвар садҳои шахсиятҳои шинохта аз минтақаҳои гуногуни Осиёи Марказӣ дар хориҷи кишвар кор ва зиндагӣ доранд ва нақши онҳо дар тамаддуни башарӣ бағоят калон аст. Ва дар қиёс аз «мушкилие», ки Илҳом Ёқубов дар суханрониаш зикр кардааст, мушкилиҳои азими фаромиллӣ пешорӯи муҳоҷирон қарор дорад. Ин ҳам бошад мушкилии буду бош, фавҷ – фавҷ пайваст шудани ҷавонони муҳоҷир ба сафи ташкилотҳои террористие, ки маҳз Илҳом ва илҳомбаринҳо дар ин кори «хайр» нақши асосӣ мебозанд.

Худи Илҳом Ёқубов кист ва то кадом андоза ба Паймони миллӣ  иртибот дорад? Ба  ин суол посух он аст, ки ӯ тарбиятдидаи як хонаводаи «зиёӣ»-и шаҳри Хуҷанд аст. Аммо мавҷи «исломпарастӣ» ва суҳбату устоду шогирдӣ бо Муҳиддин Кабирӣ он тарбияе, ки мактабу маориф ба ӯ додааст, бо «хушгӯ»-иҳои Кабирӣ ба итмом расиданд. Дар муддати хеле кӯтоҳ ин ҷавони хуҷандӣ, ки шояд зиндагии шоҳонаву лутфу карами беҳудудро дар хоби шабаш медид, аз маблағхои хоҷагони эронии худ ба бизнеси мошин гузашт ва дар муддати хеле кӯтоҳ ҳам карейра намуду ҳам яке аз тоҷирони муваффақ гардид. Ба ном роҳбари ҲНИ дар шаҳри Хуҷанд буду рӯзашро дар кишварҳои Прибалтика мегузаронд. Ҳамчунин бо маслиҳатҳои устодонаш Наим Самиев (роҳбари ҲНИ дар вилояти Суғд) ва Муҳиддин Кабирӣ мунтазам дар шӯрои машваратии дафтари САҲА дар вилояти Суғд ширкат меварзид.

Хушбахтона  баъд аз маҳкум намудани фаъолияти ҳизб, мардуми халқи мо дар фазои тинҷу оромӣ қарор доранду озодона зиндагии шоиста доранд ва идеяи Муҳиддин Кабирӣ комилан дуруст нест, ки сохтори давлат иҷозат намедиҳад, ки мардум тоату ибодат намоянд. Баръакс имрӯз таҳти роҳбарии сарвари хирадманд, пешвои миллати тоҷик ҳамаи шароит ба хотири тоату ибодати мардум фароҳам оварда шудааст ва ё касе онҳоро маҷбур намекунад, ки донандаи ислом набошад, давлати Тоҷикистон дунявӣ аст, ба ҳамин хотир ҳам дин аз давлат ҷудо фаъолият менамуд, аммо ҳамкориҳои масъулини ҳизб бо хоҷагони беруна ва бардоштани иғвову дасиса дар байни мардум ин амали  иштибоҳонаи худи масъулини ҳизб буд, ки хостанд бо ин мафкураи ғаразноки хеш чунин як амали хислати ифротгарои доштаро алайҳи ин давлати мустақилу  соҳибфарҳанг анҷом доданд.

Ҳадафи ин қавму миллат танҳо пояхои истиқлоляитро устувор намудан аст. Илҳом Ёқубов чизеро надониста аз кадом озодандешиаш сухан мекунад, ки барояш  иҷозат надода бошад. Инҳо ҳамон илҳомҳое ҳастанд, ки аз тарбияти Кабирӣ ва ҳоҷагони фармондеҳи хориҷа илҳом гирифта ба сароидан даромадаанду даъво мекунанд, ки дар миллати мо гўиё озодии баён вуҷуд надошта бошад ва ҳар он нафаре, ки озоандешӣ мекунад, сояашро нест мекунанд. Маро хуб гўш кун,  Илҳоми «озодандешу сухандон», ки мақсади давлат пок намудани сояи  ба мисоли ту «озодандешон нест», миллат ягона ахдоф дорад, ки ҳамеша фазои сулҳу субот дар Тоҷикистон ҳукмронӣ кунад.

Илҳом Ёқубовро мебояд пайгирӣ дигар мавзуъ шавад. Вазифаи ҷониву имонии ӯ хизмат кардан ба халқу миллат аст на бозичаи дасти дигарон шудан.