Дар тарбияи одаму одамгарӣ, ватандӯстӣ, муҳаббат ба марзу бум, ба инсонҳои дар макон зиндагӣ кунанда, мисол овардани гуфтаи муттафаккирони гузашта хело ҷолиб ва равишдиҳанда ба самтҳои гуногун мегардад.

Файласуф, муттафакир ва ходими давлатии олмон Бисмарк гуфтааст: «Дар ҷанг устодон, омӯзгорон ва уламоҳо меҷанганд». Ҳама кор, муваффақият дар хондан, дар истеҳсолот, дар фарҳангу маданият, ҷанг, буньёд сохтанӣ оромиву тинҷӣ аз мактаб сар мезанад.  Дараҷаи мусаллаҳии маънавӣ, идеологии муҳассилину истиқоматкунандагон хело муфид, ба бунёдёбии қаҳрамонону ҷонфидоиён дар байни сипоҳиёну роҳбарони онҳо баамал оянда, беандоза вобаст мебошад. Омода сохтани ҷангчиён, дӯстдорандагонӣ ватан  аз партаи синф сар мезанад ва бесабаб Бисмарк сухани болоиро нагуфтааст. Дараҷаи омодасозии ҳарбиён дар ҳақиқат ҳам аз мактабу хона  аз дӯстдории падару модар, додару хоҳар хешу ақрабон, дину мазҳаб  ва умуман инсонҳо сар мезанад. Меҳр ба инсонҳо ва ватан асоси баамалоии қаҳрамониҳо мегардад

Бисту ҳашт нафар қаҳрамононӣ ҷанги дуюми ҷаҳон (1941-1945) бар зидди қӯшунҳои беандоза мусаллаҳ бо  танкҳо  танбатан истода нагузоштан, ки  ба сӯи пойтахти ҳамонвақтаи мамлакатамон Москва танкҳо гузаранд. Онҳо пойтахти мамлакатамон шаҳри Москваро муҳофизат намуда нагузоштан, ки ягон танк ба сӯи пойтахт гузарад. «СССР - Шӯравӣ мамлакати калон аст, лекин дар оқиб пойтахт Москва қарор дорад» гуфта қаҳрамонона мубориза бурда ба фашистони лаин  имкон надоданд, ки онҳоро шикаст  дода ба оқиби онҳо гузарад. Онҳо қавл доданд, ки мемурем, лекин танкҳо моро гузашта наметавонад. Онҳо ба қавли худ вафо намуданд.  Гарчанде давлати советӣ ҷавон 20 – 25 сола бошад, ҳам лекин фашистон давлати ҷавонро шикаст дода натавонистанд. Дӯстиву бародарии халқҳои гуногунмиллати советӣ роли худро бозид ва аз болои германияи гитлерӣ ғалаба намуд. Сеҳри калони халқи сермиллатӣ советӣ дар ана ҳамин муттаҳидиву дӯсти, ҷонфидои баҳри ватан буд. Ана ҳамин хислатҳоро танҳо муаллими советӣ, дар солҳои наонқадар тӯлонӣ, дар шуур ва пайкари ҷавонон ва халқи ғояҳои ҷадидро пайваста инкишоф диҳанда ҷойгир намуд, ки халқӣ зафармандамон аз болои душмани қаттол, фашистони лаин ғалаба карда тавонист.  

Дифо ва бехатарии мамлакат, дар ҳамаи давру замон ҷои  махсус ва асосиро ишғол менамуд, ки бесабаб Фирдавсӣ дар шоҳномаи безаволи худ қайд намудааст:

                      Пароканда лашкар наояд ба кор

                      Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.

Мисраҳои болои шаҳодат медиҳад, ки масъалаи муаммои мухофизати давлат аз аҷнабиён ҳамеша масъалаи муҳимӣ давлатӣ ба ҳисоб мерафт ва дар мадди назарӣ давлатдорон қарор гирифта буд ва ҳамеша барои ҳалли ин муаммо дар китобҳои тарбиявии ниёгон қиссаву ҳикояҳо пеш оварда мешуд.

Мувофиқи нишондоди китобҳои анбиёи ба биҳишт рафтан муяссар мешавад танҳо дар натиҷаи гузоштани намоз, иҷро кардани амалҳои нек, муносибатҳои хуб ба атрофиён, ҳифзи ватан аз аҷнабиён ва ғайра, ки муқаддастарин амалҳои инсонҳо ба ҳисоб меравад, яъне бе иҷро кардани ин амалҳо  рафтан ба ҷаннат имконнопазир мегардад.

Аммо дар китоби Дурат - ул воъизин қисми 4 рафтани саҳобае бидуни нахондани як намоз ҳам ба биҳишт оварда шудааст. Амр ибни собит, ки ӯро Усайрим ҳам мегуфтанд ҳамеша аз ислом канораҷӯи мекард ва ягон маротиба намоз нагузорида буд. Аммо дар ғазваи Уҳуд аз таҳти дил ислом оварда шамшер ба даст гирифта муқобили душманони ислом муборизаи шадид бурда захмин шуда ба рӯи замин афтод. Атрофиён диданд, ки дар замин Амр ибни Собит (Усайрим) хобидааст. Онҳо дар тааъҷуб шуда пурсиданд:  « Эй Амр, чӣ чизе боис шуд, ки дар ин набард ширкат бикунӣ? Оё ба асари шавқи ислом ва ё бар асари миллияту таасуб?  Амр ибни Собит(Усайрим) гуфт:  Ба хотири рағбат ба шавқи ислом, пас Аллоҳ ва Расулаш имон овардам ва мусалмон гардидам ва шамшерро гирифта бо ҳамроҳи Расулулалоҳ бо душманони ислом ҷангидам, то ин ки захмӣ гардидам. Ин суханҳоро бигуфту ҷонро ба ҷонофарин супурд ва яқинан ӯ аз аҳли биҳишт аст.

Ҳазрати Абӯҳурайра мефармуданд:                                  

-Бигӯед он кадом шахс аст, ки ба биҳишт расид ва ҳатто як намоз ҳам нахонд?

Оре, эшон ҳамин саҳобӣ буданд.»

Тавре аз қиссаи оварда маълум мешавад, гарчанде намоз калиди ҷаннат бошад ҳам бе гузоштани ян намоз ҳам ба ҷаннат мерафтааст. Дар он ҷанг Расулуллоҳ барои пойдор гардонидани дини нав, ислом, барои афзун гардонидани умматҳои худ, инсонҳои тарафдори ягонагии худо ва Расулаш Муҳаммади мустафо набард варзида буданд. Шахси дар он ҷанг набард варзида захмин шуда вафот карда, гарчанде як намоз нагузошта бошад, ҳам ба биҳишт ворид мешудааст.

Ин гуфтаҳо шаҳодат аз он медиҳад, ки хизмат намудан ба ватан барои ҳифзи марзу бум, ва халқи дар он маҳал истиқомат кунанда, дар ҳамма давру замон баланд қадрдони карда мешавад ва ҳатто савоби он шахсро вориди биҳишт мегардонад.      

Ҳикояти дигареро мисол меорем: Аммоли шахсеро рӯзи қиёмат дар тарозу баркаш мекарданд ва тарафи гуноҳ аз савобаш вазнинтар буд. Ин шахс тавбакор буд, лекин ба вазнин шудани тарафи гуноҳ, ҳама дар ҳайрат буданд. Дар ҳамин асно ба тарафи савоби палла варақе омада меафтаду он вазнин мегардад. Дар он варақ навишта шуда буд: як шаб то саҳар дар дари қалъа истода оромиву осудагии аҳли қалаъро таъмин намуда буд. Бо ҳамин амали иҷро кардааш, яъне як шаб хоб нарафта осудагиву оромии мардумро таъмин карданаш ба биҳишт рафт.

Дар адабиётҳои анбиёи ана ҳамин намуд ҳикояҳое ҳастанд, ки савоби онҳо аз тоату ибодат ҳам боло меистад ва шахсонро ба амалигардии ниятҳои некашон «биҳишт ки ризои мо дар он аст» мебарад. Ногуфта намонад, ки ин намуд қаҳрамониҳоро танҳо инсонҳои ба маънои томаш мӯъмин номида шаванда нишон медиҳанд.

Аз ин лиҳоз хизмат ба ватан, ҳифзи марзу бум ва инсонҳои дар ин ватан истиқомат кунанда, падарону модарон, бобою бобокалонҳо, модаркалонҳо, хоҳарону додарон амали неке аст, ки инсони ин амалҳоро иҷро кунанда ба биҳишт ворид хоҳад шуд.

Аммо баъзе аз ҷавонони мо аз хизмат ба ватан саркаши намуда роҳи гурезро гирифта аз мукофоти Аллоҳ ва розигии мардум бениёз мемонанд, ки ин онҳоро на ба биҳишт балки ба дӯзах мебарад.

Ҳеҷ кас намехоҳад, ки ба дузахи тафсон андохта шавад. Биёед ба туфайли савобҳои дар хизмат гирифта ва амалҳои неки дар зиндагӣ иҷро кардаамон шояд вориди биҳишт гардем.

Шахси нек ҳеҷ гоҳ аз розигии мардум ва мукофотҳои Аллоҳ бениёз намемонад ва ӯ хизматро аз ҷону дил баҳри ватан иҷро карда ватани маҳбубашро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз менамояд ва сазовори таҳнияти мардум ва мукофоти Аллоҳ мегарданд.

Саидова С.А.

Омӯзгори калони кафедраи меъморӣ