Имрӯзҳо ба ҷаҳон таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти шаҳрвандон афзуда истодааст, ки яке аз чунин хатарҳо ин терроризму экстремизм ба ҳисоб меравад. Хатари омезиши дину мазҳабҳо ба василаи мубориза мубаддал гаштааст, ки ягон мамлакатро бетараф монда наметавонад. Дар ҳақиқат ба ҳам тавъам донистани терроризм бо дину мазҳаби мушаххас ба манфиати террористон аст ва дурустии ин суханро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ чандин маротиба зикр менамоянд, ки “терроризм ватан, миллат ва мазҳаб надорад”, тасдиқи худро ёфтааст.

Ба фикри уламои дин набояд динро бо хурофот омехта кард. Онҳое, ки динро манбаи даромади худ ва ҳадафи ниятҳои носолимашон сохтаанд, бештар аз номи дин, Худо ва китоби муқаддаси Қуръон баромад мекунанд ва симои аслии хешро дар паси дини мубини ислом панаҳ менамоянд. Мақсади асосии ташкилоту гурӯҳҳои террористӣ барҳам додани сарҳадҳои мамлакатҳо мебошад. Онҳо мехоҳанд, давлатҳоро бо воситаи яроқу идеология ғасб намуда, ба сари қудрат оянд. Вазъияти имрӯзаи Сурия, Ироқ, Бағдод, Афғонистону Эрон ба ҳама маълум аст ва ҳоҷати баён нест. Аз кирдору амалҳои раҳбарони ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ имрӯзҳо ҷаҳониён хеле хуб огоҳанд ва аз тарафи Суди Олии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизби террористию ифротгароро дар вақташ баррасӣ намуда, фаъолияташро манъ намуд.

Шахсоне, ки воқеаҳои нангину хунини солҳои ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд мегӯянд, ки ҳамаи он бадбахтиҳо, кушторҳо ва сӯхторҳои солҳои 90уми асри гузашта аз тарафи як шахси бенангу ифротгаро Муҳиддин Кабирӣ буд, ки ин санадро Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мушаххас баррасӣ намудааст. Чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, Муҳиддин Кабирӣ моҳи сентябри соли 2015 мехост дар Тоҷикистон табаддулоти давлатӣ барпо намояд, ки дар он задухӯрдҳо даҳҳо нафар шаҳрвандону сарбозон ҷон супориданд. Роҳбарони ин ҳизб ҳоло ҳам талош карда истодаанд, ки ба ҳадафҳои нопоки худ расанд ва барои ҳамин бо воситаи худсафедкунӣ, дасисабозӣ, хоинию ватанфурӯшии худ шиддат бахшида, дар сомонаи интернетӣ сару садоҳо баланд карданд.

Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст дар солҳои охир истифодагони шабакаҳои иҷтимоӣ хеле афзуда истодааст, ки аксаран истифодабарандагон ҷавонон ба ҳисоб мераванд. Бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Одноклассники ҷавонон аз ҳар гуна воқеаҳои дохилӣ ва берунмарзӣ огоҳ мешаванд, ки ҳам хусусияти мусбӣ дараду аз манфӣ холӣ нест. Ҷиҳати мусбӣ ба ҳамагон маълум аст, ки бо истифода аз сомонаҳои интернетӣ ба муаммоҳои мавҷудбуда бо тезӣ ҷавоб ёфтан мумкин аст ва аз ҳаргуна  ахборотҳои сиёсиву иқтисодӣ огоҳ шуда ба хулосаи амиқ овардан имконият медиҳад. Аммо ҷиҳати манфии он аз он иборат аст, ки маводи зиёди иттилоотии дорои хусусияти ифротӣ ва таблиғкунандаи терроризму экстремизм низ паҳн шуда истодааст, ки бо хабарҳои бардурӯғ, танқид ва иттилои беасос ҷомеаро ба таҳлука, тарсу ваҳм меандозанд, ки яке аз чунин ташкилотҳо ташкилоти Муҳиддин Кабирӣ  дохил кардан мумкин аст.   

Ташкилоти Муҳиддин Кабирӣ аз се ташкилот иборат буда бо номи “Ҷунбиши ислоҳот ва рушд”, “Анҷумани озодандешони тоҷик” ва “Муҳоҷирони Осиёи Марказӣ” ба ном “Паймони миллӣ” фаъолият мебарад, ки вазифаи асосии онҳо ин таънаю маломат ба намояндагони давлат аст. Шукри беандоза, ки бо ҷаҳду талош, ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ҷанги бародаркушро гирифт ва имрӯз мо дар фазои сулҳу салоҳ шоистаи зиндагии хуб умр ба сар бурда истодаем. Миллати тамаддунофари мо фирефтаи суханҳои фиребонаи наҳзатиён нахоҳад гашт ва таърихи пешина нахоҳад такрор ёфт.

 

Набиева Ҳ.Н., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд