Тоҷикистони соҳибистиқлол қадамҳои хешро дар арсаи байналхалқӣ устуворона гузошта, кўшиш ба харҷ медиҳад, ки баҳри ободонӣ ва суботи ҷумҳурӣ  ҳар чӣ бештар камари ҳиммат бандад. Халқи тоҷик дар атрофи Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гардида, дар осмони софу беғубори кишвар бо меҳнати софдилона арзи ҳастӣ менамояд, ки аз ваҳдату якдилии тоҷику тоҷикистониён дарак медиҳад.

Сулҳу Ваҳдат барои мо тоҷикону тоҷикистониён бо мушкилоти зиёде муяссар гардид ва он қабл аз ҳама натиҷаи талошҳои пайгиронаи хирадмандонаи пешвои тоҷикон, Сарвари давлат маҳсуб меёбад.

 Маҳз иродаи қавӣ ва шикастнопазирии сокинони тамоми манотиқи кишвар аз сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакатамон, ки фарогири тамоми ҷабҳаҳои хоҷагии халқ буд, санаи 27 июни соли 1997 ба имзо расидани «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба таври қатъӣ ба ин ҷанги бародаркуш хотима бахшид.

Ҳимоятгари  ваҳдату ягонагӣ, ҳамдиливу ҳамдастии мардуми сарсабзу сарфарози тоҷик, пойдории сулҳу салоҳи миллат ва рушду тараққиёти давлат ва зиндагии шоистаи халқ моем, мардуми ин сарзамин, сарзамине, ки як порчаи он ватан ном дораду як каф хоки он бароямон арзиши воло дошта, муқаддастарин неъмати рӯи дунёст. Аммо таассуфовар он аст, ки бархе аз нафарони нотавонбин  ин қадар арзишу муқаддасоти миллиро, ки барои ба даст оварданаш ҳазорҳо нафарони бошахсият дар роҳи ба озодиву демократия баровардани миллати тоҷик ҷони худро фидои сарзамини биҳиштосо намуда, имрӯзи босаодати моро хостанд, пушти по зада, ҳамаи ин арзишҳои миллиро нодида мегиранд ва то қадаре, ки метавонанд ба осоиштагии халқи мо халал ворид менамоянд.

   Хуб дар хотир дорам, ки сарвари дават дар яке аз баромадҳояшон такя ба неруи созандаи ҷавонони саодатманди диёр намуда, иброз доштанд, ки: “Ватан дар сари шонаҳои Шумо ҷавонон меистад, мабодо онро ба замин нагузоред.” Мо пиру барно бояд сазовори ин боварию ғамхори ва дастгириҳо бошем. Маҳз ҳамон замон миллати тоҷик метавонад тавоно бошад, ки ҳар як шаҳрванди баору номусаш дар атрофи роҳбарияти дават муттаҳид гардида, арзишҳои олии онро ҳифзу ҳимоя намояд.

Мусаллам аст, ки дар ҷавоби ғамхориҳои сидқидилонаи сарвари давлатамон ҷавонони бонангу ор ва бошарафи миллати мо ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сазовори номи бузурги ҳимоятгари Ватан бошанд. Аз ин хотир оиди бетараф набудани кулли ҷавонон ва зиёи кишвар нисбат ба вазъи муташанниҷи сиёсии ҷаҳон ва гаравидани ҷавонони кишвар ба ҳар гуна ҳаракатҳои носолим ва ҳар гуна хусусиятҳои ифротгароиву ҳодисаҳои террористӣ дошта баён созам. Бетараф ва бетафовут будани мардумон  ин даҳшатноктарин амал аз ҷониби эшон  аст, зеро дар ҷомеа пайдо гаштани ҳаргуна ҳаракатҳо ва гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ аз бетаваҷҷӯҳӣ  ва беандешагии зиёиёни дар умум мардумони кишвар  сарчашма мегирад.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки  агар дар ҳар як маҳалла, деҳа, ҷамоат, ноҳия, шаҳр зиёиён тафаккури ҷавонон ва зеҳни онҳоро ба ғояҳои баланди  дӯст доштани ватан ва устувор будан ба мазҳабу  суннати аҷдодӣ пур гардонанд ва мудом дар мулоқоту сӯҳбатҳо аз дастовардҳои ватанамон нақл намоянду аз оқибатҳои хеле бад доштани хизмат кардан  ба хоҷагони халқҳои беруна, ки ҳадафашон бештар кардани беимону бемазҳаб ва террористу ватанфурӯш  аст, огоҳ созанд аминам, ки ҳеҷ гоҳ сафи чунин ҷавонони роҳгумзада зиёд намегардад.

Дар шароити кунунӣ, ки тамаддунҳои олам мақоми ҷаҳонишавиро ғасб менамоянд, пеш аз ҳама ақидаҳои гумроҳкунӣ дар зеҳнӣ ҷавонон зуд мавқеъ мегирад. Агар аз тарафи дигар низ назар намоем, қувваи ҷавононро бо таъсир расонидан дар баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва бедории сиёсӣ мо бурд мекунем. Яъне ҷавононро аз имрӯз тарбияи ватанпарастӣ диҳем, ояндагон низ меросбари ватандӯстону ҳимоятгарон хоҳанд буд.

Мо зиёиёни кишвар бояд хело хуб дарк намоем, ки  алангаи оташро пешгирӣ насозем, хонаи худамон ҳам дар ин алангаи оташ месӯзад. Барои ин ки хонаатро наҷот диҳӣ қаблан бояд, давлату ватанро аз коми оташ бояд барорӣ, зеро ин марзу бум порае аз ҷисму ҷони мост. Гарчанде, ки як шаҳрванди кӯчаки  тоҷикистониям аз бисёри ҳолатҳои сипарӣ гаштаи кишварам аминам, онҳо дар он замон то чи андоза сарсону саргардон паи як бурдаи нон мегаштанд. Аз гуруснагӣ кам буд нафароне зиёдеро аз даст медодем. Яқин аст, ки дарки масъулияти волои меҳанпарастии мардумон метавонад омили пешрафти диёр бошад, инчунин барои маърифатнокии наслҳои имрӯза ҷомеа ба таҷрибаҳои бойи бузургсолон ҷавонон ниёз доранд. Мутмаинам, ки агар сулҳофару сулҳхоҳ чун сарвари оқили давлат бошем, дигар барои ташвиш асосе боқӣ намемонад.

Ба хотири оромиву субот, ваҳдати миллӣ бунёди давлати ягонаву иҷтимоӣ ва таҳкими асосҳои он дар ҷомеаи мо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Агар ташкилотҳои динӣ дар доираи қонун барои озодӣ ва ҳуқуқҳои динӣ фаъолият баранд, ҳаргиз монеа эҷод намешавад. Вале, мутаассифона, баъзан қувваҳое рўи кор меоянд, ки зери ниқоби ҳомии дини мубини Ислом, ғаразҳои сиёсию идеологии худро амалӣ кардани мешаванд, ҷавонон, занонро раҳгум занонидан мехоханд ва ба ҳамин сабаби нооромии ҷомеа, халалдоршудани амнияти ҷамъиятӣ ва миллӣ мегарданд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту баромад ҳояшон ба мардум таъкид менамояд, ки: «Ба ҳар як фарди бонангу номус, аҳли ҷомеа, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳоддияҳои ҷамъиятӣ зарур аст, ки манфиатҳои миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро аз манфиатҳои ҳизбиву гурӯҳи ва диниву мазҳаби болотар гузошта, аҳамияти ҳаётӣ ва зарурати таърихии ваҳдати миллиро барои рушди давлату давлатдорӣ, рӯзгори осоиштаи халқ ва ободии Ватани азизамон амиқан дарк намоянд». Моро мебояд, ки дар ҷавоби ҳамин суханони дурбинонаи Пешвои муаззамамон манфиатҳои халқу миллатро дар мадди аввал гузошта, барои якпорчагии диёрамон якдилона хидмат намоем. Зеро ҷаҳони имрӯза бо талотумҳои сиёсиву динбозиҳои ифротиён кам мондааст, ки олуда гардад. Ягона амалеро, ки зидди ин нобакорон мо анҷом дода метавонем, қабл аз ҳама ба суханони инсонфиребонаи эшон гӯш надиҳем ва худро аз ҳар гуна хатари шомилшаваи ба чунин гурӯҳҳои тундгаро эмин нигоҳ дорем. Аз сабақҳо ва дастовардҳои нодири сулҳу ваҳдати миллӣ тамоми қишрҳои ҷомеаро огоҳ созем ва онро ба унсури асосии устувори фарҳанги ҷомеа табдил диҳем. Агар мо имрӯз тавонем ин рисолати миллиамонро иҷро намоем, бузургтарин сабақе хоҳад буд, ки аз раванди сулҳу ваҳдати миллӣ бардоштаем. Мо сарбаландӣ аз он хоҳем дошт, ки дар ин ҷодаи сарнавиштсоз ҷумлаи тоҷикони ҷаҳон ва ҳамаи дӯстонамон ҳамеша ҳамроҳу ҳамдам ва дастгиру ёвари тоҷикистониён хоҳанд буд. 

Мо бо шукргузорӣ аз кишвари биҳиштосо ва соҳибистиқлоламон бояд ба ояндагон ганҷе аз меҳанпарастиву худогоҳии миллӣ мерос гузорем, ки ҷавонон танҳо аз гузаштаи бою пурғановати худ ифтихорманд нашуда имрўзро низ ба як фазои ифтихорӣ мубаддал кунанд. Вазифаи қарзии ҳар як падару модар аст, ки фарзандонро барои сохибмаълумоту донишманд, соҳибватану соҳибфарҳанг намудан шароити маънавӣ муҳайё созанд. Ҳамаи онҳоро қабл аз ҳама ба  руҳияи ватандӯстӣ тарбият намуда, ба хотири рӯй бар мактаб ниҳоданашон мусоидат намоем, ки мактаб макони маҳзани илму маърифат ва тамаддуни гузаштаву фарҳанг ва умуман ҷойи муқаддас аст.

Тоҳирова Муҳайё, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд