Хабари дар  шаҳри Дортмунди Ҷумҳурии Федоролии Олмон баргузор шудани ҳамоиш бо иштироки   як гуруҳ аз мухолифин тоҷик бо сарварии ТЭТ ҲНИ-ро шунида, тавассути шабакаи байналмилалӣ аз рафти он бохабар шудам. Рости пас аз суханронии беш аз 47 дақиқаи роҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ як чиз айён шуд, ки ӯву ҷамъи ёронаш худ намедонанд, ки аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар чӣ мехоҳанд. Ин нафарон ҳамоиши худро бахшида ба 21- солагии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ унвон карда, ҳудуди беш аз 3 соат фақат ғайбату бӯҳтонро бар сари давлат бор намуданд.  Гӯё бо ин маҷлиси худ онҳо исбот карданӣ шуданд, ки  дар сулҳи тоҷикон онҳо саҳми беандоза доштанд.

Аммо чашми воқеъбини мардум ва таърих исбот намудааст, ки дар ҳамбастагии гурӯҳи мухолифин нақши комиссияи оштии миллӣ бо сарварии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон калон аст. Маҳз ин фарзонафарзанд буд, ки давлату миллатро аз вартаи маҳвшавӣ наҷот дод. Ваҳдат моро якҷову дӯсту бародар кард. Ваҳдат ба мо сулҳу оромиш овард. Бе ваҳдату якдилӣ, бе якдигарфаҳмию бе дӯстию рафоқат чизе поянда нахоҳад монд. Имрӯз мо истиқлолу ваҳдат дорем. Имрӯз моро мешиносанду эътирофамон мекунанд.

Пас, баъди ин ҳама Кабирӣ боз мехоҳад мисли солҳои 90 – ум ИНОТ-ро таъсис диҳаду худро роҳбари мухолифин вонамуд кунад. Лек ба ӯ ин дафъ ҳам муяссар намешавад. Зеро ҳама мухолифин ва шахсони ҷудогона нисбати ҳизби наҳзат ва роҳбарияти он фаҳмиш доранд. Онҳо пеш аз ба ягон иттиҳоду созиш омадан, каме фикр мекунанд ва баъд ҷавоб мегардонанд.

Аслан ТЭТ ҲНИ аз замони таъсис ва пайдошавиаш дар саҳна ва фазои сиёсии кишвар чун ҳизби моҷароҷӯ, тақрибкор, ниқорталаб, фитнаангез, ҷудоиандоз, ҳизби мансабталошону вакилшавандагон, ҳизби бегонапарастон, маҳалгароёну миллатгароён ва дур аз манфиатҳо ва арзишҳои миллии мо «шӯҳрат» пайдо намуд.

 Дар муддати начандон тӯлонии даврони Истиқлолият мардуми тоҷик баробари дастовардҳои чашмрас бо азияту кулфат, афтоданҳо, шикастанҳо, сӯхтану нобуд кардан, қатлу ғорат, ғаму ғусса ва фироқу ҷудоиҳо рӯ ба рӯ шуд.

Гарчанде мо дар аксар маврид ҷанги бародаркушро дар Точикистон (1992-1997) ҷанги таҳмилӣ мегӯем, айбро ба гардани дигарон бор кардан мехоҳем, вале ташкилкунандагону оташдиҳандагон, душманони дохилии миллати моро зуд бахшидем ва фаромӯш кардем.

Муттассифона баъзе тоифаҳо ва шахсон таърихро зуд фаромӯш мекунанд, панду ҳушдори таърихро нодида мегиранд.

  ҲНИ  аз замоне ки таъсис ёфт ва ба фаъолият шурӯъ намуд, ба ҷузъ ташкил намоишу майдоннишинӣ, моҷароҷӯӣ, ниқорталабӣ, қонуншиканӣ, фишороварӣ, таҳдиду зӯроварӣ дигар кори хайру савобе накардааст. Оқибати майдоннишинӣ, қонуншиканӣ, муқовимати сиёсӣ ба чи овард, ҳама медонанд. Вале муассисону сарварон, аъзои ин ҳизб, фаъолони он таърихро зуд фаромӯш намуда худро мусичаи бегуноҳ, ҳатто «ҷабрдида», «бечораву»  «оҷиз» мешуморанд.

Абдушукур Назаров, профессори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд