Воқеан, ҳама хуб дарк карда истодааст, ки дар айни замон бо тариқи шабакаҳои интернетӣ душманону хоинони миллати тоҷик амалҳои нопоку бевиҷдонаи худро давом дода истодааст. Аксарият шахсон ба шабакаҳои интернетӣ нафаҳмида ворид шуда, аз шомил шудан ба гуруҳҳои экстремистию террористӣ худ нафаҳмида бехабар мемонанд. Онҳо ба ваъдаҳою гапҳои ифротгароёна бовар карда, оқибат ба доми фиребу найранг меғалтанд ва роҳгумзада мешаванд. Бинобар ин ҷавонон бояд аз ворид шудан ба ҳар гуна сайтҳои беасосу бардуруғ эҳтиёт бошанд ва ба ҳар гуна ваъдаҳои ифротгароёна бовар накунанд. Терроризм ва экстремизм дар давраҳои пешина бо иҷрои супоришоти хоинони Ватан ва гуруҳҳои номатлуб бо роҳи тарсонидан ва куштори одамони намоёни миллат амалӣ карда шуда, имрузҳо бошад, он пурра хусусияти гуруҳҳиро касб намуда, бо ҳизбҳои манфиатҷу ба муқобили давлат баромад намуда, хавфу хатари таҳдиди зуровариро нисбати аҳолӣ нишон медиҳад. Имрузҳо барои ҳама маълум аст, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо ҳолати бисёрии давлатҳои дунё куллан дигар шуда, бисёр ҷангу ҷадалҳо ва хунрезиҳо мушоҳида мешаванд. Сабаби бисёрии чунин ҳолатҳо ин андохтани иғво аз тарафи гуруҳҳои нохалаф байни кишварҳои дунё мебошад. Нисбати Тоҷикистони азизи мо ҳам хоинони миллат дар паси хоҷагони хориҷӣ паноҳҷуӣ карда, сангандозӣ менамоянд. Онҳо дар манотиқи кишвари мо набошанд ҳам, аз дур истода зарарӣ худро расониданӣ, сулҳу суботи моро ноором карданӣ. Ҳамагон медонанд, ки баъди пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ аз тарафи ҳизбҳои террористӣ чӣ қадар ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ, гаравгонгирӣ, одамрабоӣ амалӣ карда шудааст. Имруз мардуми сарбаланди Тоҷик чеҳраҳои аслии ин хоинонро ба хубӣ мешиносад ва намегузорад, ки осмони софу беғубори кишвар сиёҳ шавад. Мардуми бошарафу меҳнатдусти тоҷик, ки бо заҳмати зиёд сулҳ ба даст овардааст, намегузорад, ки ба якпорчагии миллат иғво андохта шавад. Мо бояд, зиракии сиёсии худро ҳеҷ гоҳ аз даст надиҳем. То ҷон дорем, сулҳу суботро амонӣ нигоҳ дорем. 

 Саидхоҷаева Д.М., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд