Таҷрибаи чандинҳазорсолаи таърихӣ бозгӯи онро дорад, ки агар дар байни қавму миллатҳо ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва сарҷамъӣ мавҷуд набошад, он миллат зудфаношаванда хоҳад буд. Тоҷикон дар оғози солҳои навадум қарни гузашта ин зарфиятро дар рагу пайи худ эҳсос кардааст. Мо таҷрибаи талхи нофаҳмиҳоро паси сар намуда, имрӯз як миллати воҳид, пешрафта ва дорои эҳсоси баланди худшиносоӣ мебошем. Мо ифтихори ватандориро пеш аз ҳама аз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ омӯхтаем. Сарвари давлат борҳо дар баромадҳои хеш таъкид медоранд, ки тифоқ бошем, саҷамъ бошем, ватанамонро сидқан дӯст дорем. Пушти ин ҳафҳои меҳрбор як ҷаҳон ифтихор ва ҳуввияти миллӣ қарор дорад. Дӯстдории Ватан аз ҳифзи амният сарчашма мегирад. и Ватани азизамон ва суботу оромии халқамон ҳамешагӣ ҳушёру

        Барои ин илму савод омӯхтан, маърифати худро баланд намудан, содиқона хизмати Ватанро дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адо намудани ҷавонони бонангу номус ниҳоят зарур аст.

        Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз аз ҳар як фаъоли ҷомеа тақозо дорад, ки барои гирифтани пеши роҳи падидаҳои номатлуб дар мисоли бегонапарастию тақлидкорӣ, исрофкориву хурофотпарастӣ ва таассубу шуҳратталабӣ дар байни мардум бошанд.

                 Ба фарзандон, насли наврас фаҳмонем, ки омӯхтани илму дониш, забономӯзӣ, касбу ҳунар ҳар як инсонро ба баланд гардидани меҳраш ба Ватан, оила, падару модар, арзишҳои миллӣ ва дур шудан аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуб оварда мерасонад. Аз ин рӯ, ин аст, ки Пешвои миллат таъкид намуда, гуфтаанд: "Мо бояд ба қадри давлати соҳибистиқлоламон, Ватани соҳибихтиёрамон, сулҳу субот, оромии давлати маҳбубамон, ваҳдати мардумамон расем, онҳоро эҳтиёт ва ҳифз намоем. Шукрона кунем, ки соҳиби Ватани озод, давлати соҳибистиқлол, узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳастем".

        Бале имрӯз дар шароити ҷаҳони пуртазоди яроқнокшавии бошитоб, шурӯи ҷангҳои сард, тағйирёбии иқлим, хушксоливу камобӣ, обхезиҳои пайдарпай ва дигар раванду омилҳо, ки зиндагии сокинони сайёраро халалдор месозад, ба қадру қимати ҳидоятҳои Пешвои миллат бирасем, барои зиндагии шоиста ҳушёриву зиракиро аз даст надода, баҳри суботу оромии Ватан кӯшиш бар харҷ диҳем ва масъалаи таъмини суботи ҷомеаро дар меҳвари ҳамарӯзаи фаъоляти худ қарор диҳем.  

Аминҷонова. Р, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд