Таърих исбот намудааст, ки истиқлолияти комил ва рушди ҳамаҷонибаи ҳар як давлат пеш аз ҳама ба таъмини вазъи мӯътадили сиёсӣ ва амнияти иҷтимоии ҷомеа решапайванд аст. Аз ин нуқтаи назар, соҳибдавлатӣ ва ягонагии он ҷомеа ҷовидон хоҳад буд, ки Ваҳдати миллӣ дар он торафт густариш ёфта, бо иттиҳодии ҷомеа ҳадафҳои созандаи давлативу миллӣ татбиқ мешаванд ва ин раванд ба рушду таҳкими тамоми соҳаҳо мусоидат мекунад. Чунонки гузашти солҳо нишон медиҳад, дар заминаи татбиқи босамари раванди сулҳ, вусъати фазои боварӣ ба ҳамдигар Тоҷикистон дар чанд соли охир ба самти нави рушд бо суботи комил қадам ниҳода, сол то сол дар тамоми соҳаҳо-сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ дастовардҳои арзишманд ба чашм мерасанд, ки албатта, ин раванд ба нуфузи байналмилалии Тоҷикистон низ таъсири мусбат расонид. Дар як давраи кӯтоҳ Тоҷикистон аз кишвари ҷангдида ба кишвари сулҳофар табдил ёфта, бо кишварҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ робитаҳои дипломатию корӣ барқарор намуд, ки ба рушди соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла таъмини шароитҳои ҷалби сармоя, бунёди корхонаву коргоҳҳои нав ва ба ин васила таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи кор, бунёди роҳҳову нақбҳо ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амсоли инҳо заминаҳои устувор гузошт. 

Омили асосии расидан ба сулҳ аз замири халқи озодидӯсту фарҳангии тоҷик бархоста, бо тафаккури созанда ва иродаи шикастнопазири мардуми мо робитаи мустақим дорад. Аз баракати ваҳдат боғу бӯстонҳои хушкида аз сари нав сабзу хуррам гардида, ҳазорҳо манзилу муассисоти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобу валангоршуда аз нав қомат афрохта, ба худ шукӯҳу шаҳомати тоза касб намуданд.  Баъди имзои Созишномаи мазкур ваҳдати миллӣ дар ҷомеаи мо ҳамчун мафҳуми муқаддас нуфузи хоса касб намуд ва дар қалби мардуми кишвар ҷойгоҳи сазовори худро пайдо кард.

Сабақҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ чун зангӯлаи таърих моро ба ҳушёрӣ даъват менамоянд ва моро водор месозанд, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро дар саросари кишвар ҳамеша ҳифз ва чун гавҳари қиматбаҳо эхтиёт намоем.

Мардуми мо, хусусан ҷавонони мо бояд бо тамоми ҳастӣ дарк намоянд, ки тундравию худхоҳӣ, мансабталошӣ, ҷангу хунрезӣ, бо зӯри силоҳ ғасб кардани ҳокимият ва муҳимтар аз ҳама, нодида гирифтани майлу хоҳиш ва иродаи халқ ва сарфи назар намудани қонуну тартибот метавонад оқибатҳои фоҷиаборе ба бор оварад.

Барои расидан ба ҳадафхои миллӣ мо ҳамаи имкониятҳо ва иқтидорҳои заруриро дорем ва қувваи асосии татбиқкунундаи ин ҳадафи нек нерӯи созанда ва офарандаи халқи меҳнаткашу ободкори тоҷик мебошад.

Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон дар бобати ҳалли мусолиматомези низоъ, ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ ба сарвати илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ мубаддал гардидааст. Дар ин ҷо баёни гуфтаҳои Сарвари давлат хеле ба маврид мебошад:

         «Таҷрибаи сулҳи мо ғайр аз ин ки роҳи моро барои пешрафти минбаъдаамон равшан мекунад, аҳамияти байналхалқӣ низ дорад ва метавонад ҷиҳати ҳалли мушкилоти кишварҳои гуногун мавриди истифода қарор гирад».

         Бо ифтихори баланд бояд зикр кард, ки воқеияти имрӯзаи ҷомеа бозгӯи ҳамфикрӣ ва хиради баланди тамоми нерӯҳои ҷомеа мебошад, ки дар атрофи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат бо мақсади ободониву ояндаи дурахшони диёри азизамон фаъолият мекунанд. Ва саҳифагардонии авроқи рангини таърихи мо низ нишон медиҳад, ки дар ҳама давру замон танҳо ваҳдату ҳамдилии мардуми тоҷик бисёр мушкилот ва низоъҳоро аз миён бардошта, тантанаи офтоби саодатро дар фарози осмони кишварамон таъмин намудааст. Ба даст овардани оштии миллӣ ва ризояти ҳамаи табақаҳои мардуми кишвар бори дигар собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари хирадманд – меъмори Кохи Ваҳдати миллӣ ва халқи бурдбори мо дуруст ва бебозгашт аст.

Бале, сарнавишт ба халқи тоҷик лутфи беандоза кард. Чунин бахту барор на ба ҳар халқ даст медиҳад. Ба арсаи сиёсат омадани Эмомалӣ Раҳмон ногаҳонӣ ва ғайричашмдошт набуд. Ҳақиқатан ҳам ба сари давлат касе омад, ки ба маънои томаш асилу меҳанпараст ва ваҳдатэҷод аст.

Таҷрибаи оштӣ ва фарҳанги сулҳе, ки Президенти Тоҷикистон амалӣ карданд, дар олам назир ва собиқа надорад ва имрӯз мактаби омӯзиши оламиён аст. Президенте, ки тавонист фарзандони парокандаву ҳиҷратнамудаву гурезаи худро бозгардонад, сазовори ҳамду саноҳо мебошад.

Аз ҷониби дигар, маҳз бо шарофати фаро расидани ваҳдату якдилии халқ имрӯз дар Тоҷикистон барномаҳои азими азнавсозиҳо амалӣ мегардад ва сарзамини маҳбуби мо ба корзори бузурги бунёдкориҳо табдил ёфтааст. Дар баробари ин туфайли сулҳу осоиштагӣ болоравии некӯаҳволии халқ ва комёбиҳои меҳнатӣ дар ҳама равандҳои иқтисодиву фарҳангӣ мавқеи давлати моро дар миқёси байналхалқӣ низ хеле мустаҳкам намудааст. Эътирофи сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои ҷаҳони муосир, дастгирии ташаббусҳои байналхалқии мамлакати мо ва торафт афзудани ҳаҷми инвеститсияҳои берунӣ ба иқтисодиёти кишвар далели равшани ин гуфтаҳо мебошад.

Имрӯз мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки Тоҷикистони азизи мо рӯз то рӯз дар тамоми ҷодаҳо рушд карда, ободу зебо мегардад ва миллати тоҷик шоистаи зиндагии арзанда ва комёбиҳои нав ба нав мешавад.

Бигзор, ваҳдати миллӣ ва сулҳу амният дар Ватани маҳбуби мо ҳамеша пойдор бошад ва аз хонадони ҳар тоҷикистонӣ файзу баракат кам нагардад!

Бигзор, кохи бузурги сулҳу ваҳдати тоҷикон мисли ободкориҳои дар масири таърих бунёднамудаи аҷдоди некномамон асрҳои аср бегазанду пойдор бошад!

 

Нодира Хоҷаева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд