Ҳар қавму миллат дар таърихи давлатдории худ аз санаҳои фаромӯшношуданӣ, ки барои ҳар як сокинонаш азизу муқаддас аст, ёд меоварад ва ба он арҷ мегузорад. Барои миллати куҳанбуёнди тоҷик, ки аз умқи таърихи беш аз 5000 сола об мехӯрад, бузургтарин неъмат ин ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб мешавад.

 Таҷрибаи таърихи ҷаҳон собит месозад, ки Истиқлол  ва озодӣ ба осонӣ  ба даст намеояд. Мо дар таърих халқҳо ва миллатҳои зиёдеро медонем, ки дар гузаштаи на он қадар дур барои расидан ба Истиқлолият даҳсолаҳо пайкор намудаанд ва дар ин роҳ ҳазорон фарзандони асил ва азизи худро аз даст додаанд. Дар таърихи ҷаҳони имрӯз мо низ шоҳиди талоши пайгирона ва озодихоҳонаи халқҳое мебошем, ки даҳҳо миллион аҳолӣ доранду соҳиби замин, забонанд, аммо аз ҳуқуқҳои оддитарини миллӣ ва фарҳангӣ маҳруманд. Аз ин рў, онҳо истиқлолиятро чун василаи ягонаи ҳифзи асолату ҳуввият ва бақои таърихии худ медонанд.

Истиқлолияти дар солҳои нахустин ба осонӣ ба даст овардаи мо бо айби иддае аз мансабталошону хоҷагони бегона даҳсолаҳо иқтисодиёти моро ба ақиб партофт. Ин дар ҳақиқат фоҷиаи миллат буд. Мардум натанҳо руҳан, балки амалан ба шикаст рӯ ба рӯ буданд. Ҳар он нафаре ки он рӯзҳоро бо чашми худ дидааст, андеша мекард, ки зиндагии минбаъдаи мо мисли аҳволи мардуми афғон хоҳад шуд. Зеро дар минтақаҳои ҷануби кишвар ҷангҳои бемаънӣ мерафту бародар ба синаи бародари худ тир мекушод. Хонаводае набуд, ки доғи фарзанд, шавҳарро надида бошад. Хуни ноҳақи ҳазорон – ҳазор ҷавонони бо нангу ор, кӯдакони маъсуму модарони муштипар рехта шуд. Дар бораи иқтисодиёт ҳоҷати гуфтан ҳам набуд. Дар ин рӯзҳои сиёҳ танҳо роҳбаладе, тӯдакаше лозим буд, ки халқи бечораву овораро аз паи худ барад. Ва ҳамин сорбони миллат  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои миллати мо Худованд арзонӣ дошт. Ва ин марди бузург оини ватандориро дар такя ба номусу нанг риоя намуд. Ва оиди хизматҳои бузурги Пешвои миллат бисёр мегӯянду дар оянда низ ҳоҳанд гуфт.

 Тавре ки худ дар яке аз баромадҳояшон таъкид медоранд: «Истиқлолият  рамзи соҳибдавлатӣ ва  ватандории  миллати сарбаланду   мутамаддини  тоҷик  аст, ки  номаи  тақдирашро  бо  дасти  хеш  навишта,  роҳу  равиши  хоса  ва  мақому  мавқеи муносиберо  дар  ҷомеаи       ҷаҳонӣ  пайдо  карда, набзи   давлату миллати  моро ба  набзи  сайёра  ҳамсадо   месозад».

Воқеан ҳам ҳеҷ неъмате беҳтар аз неъмати сулҳу осоиш, озодиву мустақилият нест. Маҳз меваи шаҳдбори Истиқлолият аст, ки ин ҳама неъматро имрӯз мо дорем.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Президент аввалин коре, ки ба он даст заданд, ин ба даст овардани боварию эътимоди худи сокинон ба давлату ҳукумат буд. Зеро бо вуҷуди сулҳу осоиш ва тинҷу оромиро ба даст овардан, наздики як сол гурезагон аз ояндаи худ хавотир мешуданд. Даштҳои лабташнаи мулки афғонро афзалтар аз манзили аҷдодӣ медонистанд. Танҳо суханрониҳои самимӣ, вохӯриву мулоқотҳо бевосита дар ин ҳамсоякишвар ба Сарвари ҷавони тоҷикон даст дод, ки гурезагон биёянд ва ба зиндагии орому осоиштаи худ оғоз бахшанд.

Дар назди давлат ва ҳукумат як ҳадаф баланд бардоштани вазъи иҷтимоии сокинон меистод. Бо ғамхории падарона тавассути тадбири оқилонаи Президент Эмомалӣ Раҳмон аввал 50 ҳазор ва баъдан 25 ҳазор гектар замини обӣ ба сокинон тақсим карда дода шуд, ки ин заминҳо то кунун ҳамчун «замини президентӣ» барои беҳдошти вазъи зиндагии сокинон мусоидат мекунад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи минбаъдаи кишвар се ҳадафи стратегии таъмини рушди босуботи иқтисодиёти Тоҷикистонро, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқавориро муайян намуд.

Давоми наздик 20- сол аст, ки Ҳукумати кишвар барои расидан ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ саъй дорад. Бунёди нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», таҷдиду азнавсозии нерӯгоҳи азими «Норак», «Дӯстии халқҳо» ва «Помир», ба истифода додани хатти баландшиддати «Ҷануб- Шимол», сохтмону ба истифодадиҳии Маркази гармидиҳии «Душанбе-1» ва «Душанбе-2», бунёди садҳо нерӯгоҳи хурду бузург ва ниҳоят бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ оғози расмӣ бахшидани нерӯгоҳи азими «Роғун» худ далолати он аст, ки мо дар роҳи татбиқи истиқлолияти энергетикӣ қарор дорем.

Метавон бо сарбаландӣ эълон дошт, ки имрўз Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионии дохилҷумҳурӣ раҳоӣ ёфтааст. Агар дирўз бо тағйири боду ҳаво пайвасти гўшаҳои гуногуни кишвари кўҳсор мушкилӣ пайдо мегашт, имрўз ин мушкилӣ бардоша шуда, дигар ҳеҷ чизе монеъ ва садди ин пайванд намегардад. Масалан дар даврони шӯравӣ низ касе аз роҳбарони он замон ҷасорати кандани нақбҳо ва осон кардани мушкилоти омадурафти сокинонро надоштанд. Бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи даҳ соли ахир дар Ҷумҳурӣ бо мақсадӣ раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ наздики 30 лоиҳаҳои давлатӣ амалӣ шудаанд, ки маблағи умумии онҳо қариб 5 млрд. сомониро ташкил медиҳад. Беш аз 1 ҳазору 650 километр роҳҳо, 109 адад пул, 27 километр нақб мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифта, мо ба бунёди роҳҳое чун Мурғоб-Қулма-марзи Чин, Душанбе-Ваҳдат-Ҷиргатол-марзи Қирғизистон, Душанбе-Чаноқ-марзи Ӯзбекистон, Қӯрғонтеппа-Панҷи Поён-марзи Афғонистон ва ғайра муваффақ гардида, имрӯз ин роҳҳои таъиноти байналмилалӣ пурсамар фаъолият доранд.

Дар мавриди ҳифзи амнияти озуқавории кишвар танҳо ҳамин нуктаро гуфтан кофист, ки роҳбари давлат баҳри беҳдошти соҳаи кишоварзӣ ду маротиба қарзи ҳоҷагидоронро дар назди ба истилоҳ фючерон бахшиданд, ки ин амалро хурду бузург ба хушнудӣ қабул карданд.

Дар мавриди он ки Истиқлолият ба мо чӣ дод, метавон қайд кард, ки Истиқлолият пеш аз ҳама ба мо номи бузурги миллати тоҷикро дод. Гузашта аз ин бо талошу кӯшишҳои Президенти мамлакат номи бузургону нобиғагони миллат амсоли шоҳ Исмоили Сомонӣ, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Хайём, Ҷомиву Камоли Хуҷандӣ, Мавлои Рум ва даҳҳои дигарро аз нав зинда кардем. Бо такя ба далелҳои таърихӣ исбот намудем, ки мо миллати тамаддунофар, фарҳансолор ҳастем ва замоне ин миллат макони парвардаҳои беҳтарин олимони давр буд ва ин анъана то имрӯз боқӣ мондааст.  Бузургии ин миллат боз дар он зуҳур меёбад, ки такя ба хирад намуд ва ҷанги бемаъниро хотима бахшид. Бори дигар ба оламиён исбот намуд, ки ин миллат миллати фарҳангкуш нест, балки созандагиву ободкорӣ пешаи асосиаш аст.

Неъмати бебаҳои таърихӣ будани Истиқлолиятро Сарвари давлат чунин қайд мекунанд: «Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри бистум аст, ки нахуст дар заминаи давлатҳои нав таъсиси Иттиҳоди Шўравӣ ҳастӣ намуда, бо вуҷуди баъзе беадолатиҳои марзию ҷуғрофӣ, ҳамчун шакли давлатдории мутамаддину пешрафта ташаккул ёфт, сабзид ва ба камол расид».

Итминони комил дорем, ки бо гузашти солҳо қадру манзалати истиқлол боз ҳам боло рафта насли огоҳи миллат барои шукуфоии минбаъдаи кишвари офтобрӯямон хизмат хоҳанд кард.

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд