Бузургони фарҳангдӯсти мо беҳуда донишро чароғи ақл, қуввати дил ва сарвати азим нагуфтаанд. Зеро шахси донишманд ва соҳиби касбу ҳунар дар ҳама давру замон сазовори обрӯю эътибори хосса буда, илму дониши азбаркарда ва касбу ҳунари азхуднамудааш дар тӯли ҳаёт кафолати зиндагии шоистаи ӯ мебошад.

Дар баробари ин, ба шумо, хонандагони азиз, таъкид менамоям, ки ба қадри ғамхориҳои давлату Ҳукумат, заҳмати устодон ва падару модарони худ расед, давраи таҳсилро самаранок истифода баред, илму дониш омӯзед ва соҳиби касбу ихтисосҳои муосир гардед, то ки дар оянда ба давлати соҳибистиқлоли худ, ҷомеа ва падару модари хеш хизмати шоиста карда тавонед.

 

Эмомалӣ РАҲМОН,
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон