Қисса аз он оғоз гашт, ки телефони Диловарро (аз гурӯҳи 1_40.01.02тВ, ки дарс медиҳам) дар вақти дарс гирифтам. Албатта, донишҷӯ бо зориву тавалло, узру манзур ваъда мекард, ки минбаъд телефонро дар вақти дарс истифода нахоҳад кард. Барои танбеҳ шарт гузоштам, ки агар вазифаҳои мустақилонаро фардо пурра иҷро намояд ва интизоми намунавӣ дошта бошад, рӯзи оянда телефонашро бармегардонам. Шартҳо иҷро, телефон баргашт.

Боре кадом масъалаи рӯзмарраро баҳс мекардем. Донишҷӯе шикоят кард, ки то дер дарс мекунад, донишҷӯи танбеҳгирифта иқрор шуд, ки рӯзи бе телефон гузаронидааш босамар гузашта буду барвақт хоб карда ба дарс бе дермонӣ омад.

Баҳси калон сар зад, як гурӯҳ донишҷӯён баён карданд, ки умуман бе телефон ҳаёти худро тасаввур карда наметавонанд, қисми дигар розӣ чанд рӯз ки бошад гузаронанд. Ба қарор омадем, ки баъди рӯзҳои солинавӣ аксияи “3 рӯзи бе телефон”-ро оғоз мекунем. Шарт гузоштем, ки ҳамаамон телефонҳои худро хомӯш карда, се рӯз умуман на дар донишкада, на дар кӯча ва на дар хона истифода намебарем.

Аз ҳама фаъол Фаррух менамуд. Рости гап, худ бо завқ ба онҳо менигаристам. Ҳамаро ба гап медароварду ваъда медод, ки ҳама аз ин аксия баҳра хоҳем гирифт.

Рӯзи 02.01.2019 – касе ғамгин, касе ханда дар лабон телефонҳояшонро супориданд.  Боқимондаҳо ин аксияро ҷиддӣ намешумориданд. 3 рӯз кӯтоҳ менамуду маълум гашт, ки бе телефон он якчанд маротиба дарозтар мегузаштааст.

Рӯзи аввал донишҷӯён ором буданд, рӯзи дуюм ҳам, лекин санаи 04.01.2019 ба тавалло даромаданд. Касе иброз мекард, ки ҳатто волидайнашон розияд, ки аксияро боздорем, дигарон масъалаҳои муҳимро як ба як баҳона меёфтанд. Лекин сухан гавҳар аст!!! Давом додем.

Санаи 5 январ аксия хотима ёфт. Баъди итмоми дарс фикру ақидаи донишҷӯёнро гирифтам. Донишҷӯён се рӯзи бе телефонро шарҳ дода, ба саволҳои “Дар ҳаёти ҳаррӯзаи онҳо чӣ тағйиротҳо дида шуданд? Оё шахс метавонад бе телефон фаъолият намуд? Чӣ душвориҳо бе телефон назаррасанд?” ҷавоб  доданд. Чанд нафар иброз доштанд, ки бе телефон рӯзашон орому осуда гузашт. Нафари дигар таъкид намуд, ки доимо телефони мобилиаш пеши назар аст. Чанд тани дигар бе телефон аз пайи дарстайёркунӣ гардиданд.

Беҳтар мешавад, агар чунин аксияҳо бо доираи васеи иштирокчиён бештар ташкил карда шуда, зарари телефони мобилӣ ба ҳаёт ва саломатии инсон фаҳмонида шавад.

Усмонова М.Р.

омӯзгори КБНИ