Дар фарҷоми соли 2017 дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҷамъбасти соли ҷавонон бо ширкати устодони ҷавонон, донишҷӯёни фаъол доир гардид.

Чорабиниро директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ҳусни ифтитоҳ бахшида, афзуд, ки ба шарофати эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон масъулият ва ғайрати ҷавонон хеле афзуд. Дар ин соли таърихӣ донишҷӯён дар олимпиада ва Ҷоми Академияи илмҳо, озмуни лоиҳаи инноватсионӣ ва спартакиадаву чорабиниҳои мухталифи варзишӣ шарафи донишкадаро боло бардоштанд. Сарвари донишкада бо зикри дастовардҳои устодони ҷавону ташаббускори донишкада Парвиз Солиев, Абдунабӣ Қосимов, Илёсхӯҷа Исломов, ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ Ҳасанҷон Истамқулов, Рухшона Бобоева, Хуршед Бобоҷонов, иштирокчиёни Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯёни шаҳри Сочии Федератсияи Русия Рустам Садиров ва Фарзона Хайдарова, ғолибону ҷоизадорон дар риштаҳои гуногуни варзишӣ Хуршед Рашидов, Далер Мақсудов, Насрулло Сулаймонов, Амир Файзуллозода, Меҳроб Давлатзода, ширкаткунандагони фаъоли фестивал-озмуни атласу адрас Нигора Бобоҷонова, Ганҷинаи Шӯҳрат ва даҳҳои дигар аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки дар ҳама ҷодаҳо фаъол бошанд. Сипас, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Олимҷон Мирмуҳаммедов устодон ва донишҷӯёнро бо соли нави мелодии 2018 табрик намуда, аз таваҷҷӯҳи рӯзафзуни Сарвари давлат нисбати ҷавонон ёдовар шуд.

Дар вазъияти тантанавӣ ба устодони ҷавон ва донишҷӯёни фаъол Ифтихорномаҳо дода шуд.

Дар қисмати дуюми чорабинӣ даври нимниҳоии «Маҳфили зарифон ва ҳозирҷавобон» доир гардид. Дар он дастаҳои  «Неловкие момент», «Нас не догонят» аз факултети муҳандисӣ- иқтисодӣ,  «Люды в черном», «Новая поколения аз факултети муҳандисӣ-технологӣ,  «Остров свободы» аз факултети сохтмон ва нақлиёт  ва «Сборная ФИЭ» аз факултети информатика ва энергетика   аз рӯи ду шарт – фристайл ва биатлон  бо ҳам вориди рақобат шуданд. Ҳамаи дастаҳо аз рўйи шартҳои номбаршуда бо маҳорати баланд баромад намуда, истеъдод ва малакаи хешро ба маърази тамошо гузоштанд.

Ҳайати ҳакамот баромади ҳар як гуруҳро дар алоҳидагӣ таҳлилу баррасӣ намуда, фикру андешаҳои хешро перомуни  боз ҳам хубтар беҳтар намудани мазмуну муҳтавои он баён сохтанд.

Дар фарҷом дастаи «Нас не догонят» ҷойи аввалро ишғол намуд. Зинаҳои дуюми сеюмро дастаҳои «Неловкие момент» ва «Новая поколения» ба даст оварданд. Директори донишкада ба ҳунару малакаи ҷавонон баҳои баланд дода, ба онҳо дар ҷодаи ҳунарварӣ барор таманно намуд. Ба ғолибон тӯҳфаҳои молиявӣ супорида шуд.

Ёдовар мешавем, ки бо дастури Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ «Маҳфили зарифон ва ҳозирҷавобон» байни муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсуси вилоят рӯзҳои наздик баргузор карда мешавад.