Санаи 30 январи соли 2021 дар донишкада ҷашни Сада дар сатҳи баланд таҷлил гардид. Қайд гардид, ки пойдорию нуфузи ҳар як миллат беш аз ҳама ба маҳфуз доштани забону фарҳанг ва расму оинҳояш марбут аст. Ба шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз ва маҳз зери сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашну маросимҳои суннатии мардуми мо, ки мероси пурғановате аз ниёгонанд, умри дубора пайдо намуд. Сарвари муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Дар замони истиқлолият Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо, аз ҷумла Наврӯзу Меҳргон умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид».

Моҳияти ҷашни Садаро пирўзии рўшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрўхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд.

Дар табрикоти директори донишкада оварда шуд, ки эҳёву таҷлили ҷашни Сада ҳамчун рамзи истиқболи фасли нуру гармӣ, некиву саховатмандӣ, сарҷамъӣ ва ваҳдати кулли шаҳрвандон дар густариши корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамиву пешрафти Тоҷикистон нақши муассир гузошта, дар оғози сол чун паёмовари Наврӯзи оламафрӯз ба зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон муждаи хуррамиву хушбахтӣ хоҳад овард.

Навор оид ба таърихи ҷашни Сада, шеъру суруд, рақсҳои ҷолиб, бадеҳасароӣ аз ҷониби донишҷӯёни боистеъдод пешкаши ҳозирин гардида, табъи ҳозиринро болида намуд.