Бо мақсади муаррифии дастовардҳои донишкада, шиносои бо иқтидори илмӣ, пояи моддиву техникӣ, раванди таълим субҳи имрӯз дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи дари кушод барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят, литсею коллеҷҳо баргузор гардид.

Саҳни бинои асосии донишкада бо намоиши дастовардҳои илмии донишкада зеб дода шуда, устодони кафедраҳо зарурият ва муҳимияти ихтисосҳои худро барои толибилмон муаррифӣ намуданд. Зимни суҳбат таъкид шуд, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз навтарин муассисаи олии кишвар мебошад, ки дар ин боргоҳи таълим ҷиҳати амалишавии чор ҳадафи стратегии мамлакат муҳандисони соҳаҳои сохтмон, меъмор,  алоқа, энергетика, нақлиёт, саноати сабук ва хӯрока, барномасозону иқтисодчиён, молияшиносону тарроҳон  ва агротехнологҳоро омода карда мешавад.

Беш аз ҳазор нафар довталабон аз 7 толори лексионӣ, 48 озмоишгоҳ, 2 сехи истеҳсолӣ ва 1 минтақаи таълимиву таҷрибавӣ, 1 маркази таълимӣ, 26 синфхонаи компютерӣ, 4 кабинети лингафонӣ, 2 толор ва майдони варзишӣ дидан карда, шавқ ва хоҳиши идома додани таҳсилро дар донишкада иброз доштанд.  Ба толибилмон махсусан самаранок истифода бурдани 134 тахтаҳои электронӣ ва 312 адад видеопроекторҳо , ҳамкории мутақобила бо ширкату коргоҳҳои ҳудуди кишвар, ташкили кафедраи сайёр ва ҳамовора илмро ба амалия татбиқ намудани устодони донишкада писанд афтод.Бо ҳузури беш аз 500 нафар довталабон дар маҷлисгоҳи асосии донишкада мулоқоти озоду шаффофи директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода доир гардид. Номбурда ҷавонони даврони соҳибистиқлолро аз насли хушбахти айём дониста, таъкид дошт, ки таҳти сиёсати ҷавонпарварона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти дониш, ҳунар ва малакаи ҷавонон ҳамаи шароит муҳайё гардидааст. Махсусан бо ташаббуси Сарвари давлат ба хотири бедор намудани шавқи ҷавонон ба илмҳои муосир солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардида, иқдоми дигар дар ин самт - ташкили озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” барои ҷавонон роҳи васеи илмомӯзиро кушод. Маҳз сиёсати маорифпарваронаи Роҳбари давлат буд, ки хатмкунандагони донишкада дар давоми 10 соли охир дар бонуфузтарин ширкатҳои бонкӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ, саноат, сохтмон фаъолияти густурда доранд. Чорабинии имрӯза шиносоии наздик бо дастовардҳои донишкада маҳсуб шуда, орзуҳои довталабонро ба хотири интихоби дурусти касб амалӣ менамояд.

 

Муяссар Ҳайдарзода, мудири шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Раёсати маорифи вилоят аз ҳамкориҳои самарабахши Раёсати маориф ва донишкада ёдовар шуда, зикр дошт, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз бузургтарин муассисаи олии касбии мамалакат дар шимоли Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар омодасозии мутахассисони соҳибкасб махсусан дар техникаву технология, рушди соҳаҳои саноат, истеҳсолот нақши мондагор дорад.

Аз ҷониби Раёсати донишкада ба хотири санҷиши дониши довталабон озмуни “Донишманд” дар мавзӯи “Ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон” баргузор гардид. Маълум шуд, ки ҷавонон иқдоми башардӯстонаи Сарвари давлатро нисбати эҳтироми ва гиромидошти неъмати бебаҳои табиат – об дастгирӣ мекунанд ва ин мавзӯро хуб азхуд кардаанд. Дар натиҷа бо баҳодии ҳайати ҳакамон дастаи “Федченко” бар дастаи “Зарафшон” пирӯзӣ ба даст овард.

Дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон ва иштирокдорони озмуни “Донишманд” аз ҷониби роҳбарияти донишкада Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Аз ҷониби аҳли ҳунари донишкада, ки ҳамагӣ донишҷӯён мебошанд, барномаи рангини суруду рақсҳо пешкаши довталабон карда шуд.

Аксарияти довталабон таассуроти амиқ аз Донишкада гирифта, омодагии худро барои супоридани ҳуҷҷат ба ин боргоҳи маърифат иброз доштанд.